logo

иҷтимоиёт

ОЛИТАРИН МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ

Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли Модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем.
Эмомалӣ РАҲМОН

Агар ба таърихи беш аз ҳазорсолаи миллӣ иҷмолан назар биандозем, ин ҳақиқат бароямон бисёр равшан мегардад, ки Президенти маҳбубу мардумии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он бо тамоми шинохти вазифаву масъулият саъю талош карда, тадбирҳои дурусту саривақтӣ андешидаанд. Аз ғамхорӣ ва дилсӯзиашон буд, ки забони тоҷикиро ҳастии миллат хонданд ва олитарин муқаддасоти миллӣ эълон намуданд.
Пешвои миллат дар ҳоле мақоми забони тоҷикиро боло бардошта ба он арҷ гузоштанд, ки таваҷҷуҳи хосса ба он камтар буд ва ҳамин гуна ба мушоҳида мерасид.
Агарчи забон ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллӣ буд, барои устуворӣ ва покизагии он пештар, он гуна, ки бояд, аз тарси «гунаҳгор» шудан бо «миллатгароӣ» тадбирҳои камтаре андешида мешуд.
Солҳои пешин бархе аз равшанфикрон бо ҷасорат агар ҳам оид ба тоҷикӣ намудани ному номгузорӣ изҳори ақида кардаанд, ба он ноил гардида натавонистанд.
Пешвои миллат худ зимни мулоқоту суханрониҳояшон, махсусан ба аҳли зиё таъкид менамоянд, ки шинохт ва эҳёи асолати миллӣ вазифаи муқаддаси мову шумост. Онро омили пойдории ниҳоди давлат ва миллат медонанд. Инчунин, масъалаи мазкурро дар маркази диққат ва амал гузошт, ки дар навиштани ному насаб аз имкониятҳои забонамон ва низоми таърихан ташаккулёфта истифода гардад.
Дар ин кор худ барои дигарон намунаи ибрат шуданд. Ҳарчанд ин амал дар баъзе аз мамолики хориҷӣ мавриди интиқод қарор гирифт ва дар атрофи он ҳангома низ барпо карданд.
Ба ному номгузории тоҷикӣ ҳолиё диққати махусус дода мешавад ва он ба доираи расмият даромадааст.
Ҳамин тавр, Сарвари давлат «Забони миллӣ ва, ҳамзамон, ташаккули пайвастаи онро дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи Истиқлолияти давлативу сиёсӣ» ба ҳисоб оварданд. Албатта, дар баробари он, аз хидматҳои бузурги родмардони миллат дар ҳифзу рушду густариши забони миллӣ ёдовар шуданд.
Эътироф гардид ва ҳам ин нукта дуруст аст, ки даврони Истиқлолияти давлатӣ ва хидматҳои беназиру бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омили эҳёи забони тоҷикӣ мебошад.
Бо ин забон санадҳои ҳуқуқии байналмилаливу байнидавлатӣ ба имзо мерасанд. Аз он дар умури коргузорӣ ва робитаҳои хориҷии кишварамон бо дигар давлатҳо васеъ истифода бурда мешавад.
Барои рушду ташаккули он тамоми имкониятҳо фароҳам гардид ва маҳдудиятҳо ба мушоҳида намерасанд.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи забони давлатӣ далели равшан аст, ки забон дар паноҳи давлат қарор дорад ва ғамхорӣ нисбат ба он аз самтҳои муҳими сиёсати давлат мебошад. Ба масъулони  тамоми соҳаҳо дар кишвар дастур дода шуд, ки коргузории худро пурра бо ин забон, яъне тоҷикӣ намоянд.
Сарвари давлат таъкид доштанд:  «Барои таҳкими истиқлоли фарҳангии кишвар бояд пеш аз ҳама пояҳои забони миллӣ устувор ва мустаҳкам карда шаванд. Забони тоҷикӣ ҳамон вақт дар мақоми забони илму фарҳанг қарор мегирад, ки агар бо ин забон истилоҳоти илмӣ, аз ҷумла сабки нигориши илми муосир, ба вуҷуд оварда шавад».
Тавре бармеояд, имрӯз дар назди аҳли зиё ва мутахассисону масъулон худи Пешвои миллат муҳимтарин  масъалаҳоро барои рушди забони тоҷикӣ мегузоранд. Ҳамзамон, барои иҷрои онҳо бо эҳсоси баланди ватандориву миллатдӯстӣ ҳама гуна ёриро мерасонанду раҳнамоӣ мекунанд.
Сарвари давлат аҳли зиё, хосса забоншиносонро вазифадор кардааст, ки забони миллатро, ки дорои таърих ва осори беназир мебошад, бо таҳқиқи ҷиддиву дуруст ба оламиён муаррифӣ бикунанд.
Дар иҷрои амали мазкур худ намунаанд ва бо ин гуна ташаббусҳои наҷибона баромад мекунанд.
Нахустин бор дар таърих ба василаи Пешвои миллат забони ноби тоҷикӣ аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид садо дод.
Забони баромадҳои Сарвари давлат чун забони меъёрӣ ва гуфтугӯву навиштор эътироф гардидааст.
Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» - ро таълиф карданд, ки дар муаррифии забони миллӣ ва  таъриху фарҳанги миллат аз беҳтарин китобҳо дониста шуд. Он, ҳамзамон, барои олимони соҳа ва аҳли зиё дастуру раҳнамои муфид аст. Ин китоб ҳар кадоми моро ба гузаштаи пурифтихор, хидмати шоистаи родмардони миллат, забону фарҳанги волоямон ошно месозад. Таълифу нашри ин китоби арзишманд ба он хотир сурат гирифт, ки хештаншинос бошем, забону фарҳангу миллату давлатамонро дӯст бидорем ва фирефтаи ақоиди зарарноки бегонагон набошем.
Аз хидматҳои дигари беназиру фаромӯшнашавандаи Сарвари давлатамон он аст, ки соли 2008 – ро «Соли забони тоҷикӣ» эълон карданд, ки он дар шинохти бештари асолати миллӣ таъсири неки худро гузошт ва минбаъд низ мегузорад.
Соли 2009 ба хотири арҷгузорӣ ба ин арзиши волои миллӣ 5  октябр чун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи ҷашнҳои миллӣ дохил карда шуд. Ҳамасола ба муносибати ин рӯзи пурифтихор Пешвои миллат бо Паёми табрикӣ ва ёдоварии моҳияту таърихи қадимаи забони тоҷикӣ ҳамватанонро табрик мегӯянд.
Бо ташаббуси Президенти мамлакат дар ин сол ниҳоди нав – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис  ёфт. Мақсуд аз таъсиси кумитаи мазкур татбиқи сиёсати забони давлатӣ буд ва мемонад.
Дар ин давра «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» дар таҳрири нав қабул гардид. «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ба табъ расид.
Хидматҳои бесобиқа ва беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ, воқеан, мондагор ва боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошанд. Бешак, он дар саҳифаҳои дурахшони таърихи миллат бо ҳарфҳои зарин навишта шудааст. Мардуми кишвар барои ин ҳама хидматҳои бесобиқа, ташаббусҳои оливу наҷиб, Сарвари давлатро дӯст медоранд ва эҳтиромашро бо сидқу муҳаббат ба ҷо меоранд.

«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.10.2020    №: 194 - 195    Мутолиа карданд: 260
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед