logo

иҷтимоиёт

ИНТИХОБОТ ДАР ФАЗОИ ОЗОДУ ДЕМОКРАТӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

Ватани маҳбуби мо - Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол дар остонаи боз як маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли равон баргузор хоҳад гашт, қарор дорад. Ин воқеаи бузург дар ҳаёти халқи тоҷик боз як марҳилаи тозаеро ифтитоҳ хоҳад кард.
Интихоботҳои гузашта собит намуданд, ки сокинони кишварамон нисбат ба тақдири миллат, имрӯзу фардои он ҳаргиз бетарафу бепарво нестанд, хуб дарк менамоянд, ки ширкат дар интихобот ва муайян кардани мавқеъю иродаи худ чи моҳияту аҳамиятеро дорост. Ҳоло тафаккури сиёсиву иҷтимоии мардум хеле боло рафтааст ва онҳо ҳама гуна масоили умдаи давлатиро амиқу дақиқ таҳлилу баррасӣ карда метавонанд. Вобаста ба ин, интихоботҳо низ оммавият ва аҳамияти бештаре пайдо кардаанду таваҷҷуҳи ҷомеаро ҳарчи афзунтар ба худ ҷалб менамоянд. Ин ба он маъност, ки дар ҷумҳурии мо акнун заминаҳои воқеию бунёдии ташкил ва баргузории интихоботи озоду демократӣ вуҷуд дорад. Ба ибораи дигар, дар кишвари азизамон барои баргузор намудани интихоботи шаффоф ва эҳтиром ба ҳуқуқу озодии шаҳрвандон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Муҳимтар аз ҳама, дар ҷумҳурӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул гардидаанд, ки ташкил ва ҷараёни интихоботро танзим менамоянду таҳким мебахшанд. Дар ин росто, аз ҷумла асноду қонунҳои зеринро, метавон ёдовар шуд: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихобот», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»…
Ҳамчунин, кишвари мо як силсила санадҳои байналмилалиро, ки дар онҳо ҳуқуқу озодӣ ва масъулияти шаҳрвандон таъкиду муайян шуда ва тавзеҳ ёфтааст, эътироф ва ҷонибдорӣ намудаву масъулияти риояи онҳоро ба манфиати мардум ба зимма гирифтааст. Масалан, дар санади муҳими байналмилалии Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки Тоҷикистон дар риояи нишондодҳои он хеле фаъолу ҷиддӣ аст, аз ҷумла чунин таъкид шудааст: «Ҳар инсон ҳуқуқ дорад дар идораи кишвари худ бевосита ё тавассути намояндагоне, ки озодона интихоб шудаанд, ширкат кунад. Иродаи мардум бояд поя ва асоси қудрати ҳукумат бошад; ин ирода бояд дар интихоботҳои  давравӣ ифода ёбад, ки зимни ҳуқуқи умумӣ ва баробари интихоботӣ ба тариқи овоздиҳии махфӣ ё шаклҳои дигари дорои дараҷаи баробар, ки озодии овоздиҳиро таъмин кунанд, амалӣ гарданд». Ҳамагон гувоҳем, ки ин нишондодҳои муҳим дар интихоботҳои Тоҷикистон комилан риоя мешаванд ва ин нуктаро дар хулосаҳои худ нозирони байналмилалии интихоботҳо дар кишварамон тасдиқ кардаанд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба интихоботи навбатӣ барномаҳои пешазинтихоботии худро муаррифӣ мекунанд. Ҳамаи номзадҳо фарзандони шоистаи Ватани маҳбубамон мебошанд ва азму ният, ҳадафу мақсадҳои неки худро доранд. Дар заминаи сиёсати адолатбунёду созанда ва халқпарваронаи Пешвои миллат ҷумҳурии соҳибистиқлоламон аз ҳама бандҳои сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ вораста, рӯ ба рушд овард ва марҳила ба марҳила пеш рафт, ободу шукуфо гашт. Бавижа, бунёди неругоҳҳои барқӣ,  роҳу нақбҳо, ривоҷи созандагию тозакориҳо дар соҳаҳои маориф, илму тиб ва иқтисод, иқтидорафзои мамлакат гаштанд. Ҳамбаста ба ин, сол ба сол сатҳи некуаҳволии мардум боло меравад, осоиштагии комилу устувори аҳли кишвар таъмин мешавад.
Бовар дорем, ки интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бо ширкати фаъолонаи кулли интихобкунандагон, дар рӯҳияи идона, ҳамчун тантанаи демократияи воқеӣ баргузор мешавад ва дар ин замина раванди бунёдкориҳо дар диёри арҷмандамон боз ҳам ривоҷ меёбад.

Санавбар РАҶАБОВА, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.10.2020    №: 196    Мутолиа карданд: 333
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед