logo

Хабарҳо

ҶАШНИ АСАЛУ АНГУР

Дар маҷмааи савдои «Меҳргон»-и пойтахт бо иштироки  намояндагони Ҳукумати мамлакат, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва сокинону меҳмонони пойтахт намоишу фурӯш ва озмуни асал, ангур ва меваҳои дигар баргузор гашт.

Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифии дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши асал, ангур, анвои меваҷот, баҳрабардорӣ аз таҷрибаи хуби деҳқонони асили тоҷик ва таъмини сокинону меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти хушсифат арзёбӣ шуд.
Кишоварзони  вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳосили дастранҷи худ, аз қабили шаҳди ангур, гули асал  ва навъҳои гуногуни меваҷотро  бо тарзу ороиши махсуси ҷолиб  пешниҳоди сокинону меҳмонони  пойтахт намуданд. Асали аз гиёҳҳои шифобахш ҳосилшуда, шириниҳои аз асал омодагардида, асбобу таҷҳизоти парвариши занбӯр, борҷомаҳо бо навъҳои гуногуни асали тоҷикӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Ҳамчунин, ангурпарварон навъҳои гуногуни шарбат, мавиз, ангур, аз қабили «Тойфии гулобӣ», «Тойфии сафед», “Кишмиши сиёҳ», «Кишмиши сафед», «Ҳусайнии сиёҳ», «Ҳусайнии сафед», «Шоҳона», «Ғалаба» - ро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Тавре зикр гардид, то 30 сентябр истеҳсоли ангур ва меваҷот 179 066 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1963 тонна зиёд мебошад. Айни ҳол маъракаи ҷамъоварии ангур бомаром идома дошта, кишоварзони мамлакат то имрӯз 45 912 тонна ҷамъоварӣ намудаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ, то 30 сентябри соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории мамлакат 232 146 оилаи занбӯри асал мавҷуд буда, дар ин давра 1886,3 тонна асал истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи оилаҳои занбӯри асал 7521 адад ва истеҳсоли асал 1, 8 тонна зиёд аст.
Дар ҷамъбасти намоиш ғолибони озмун, деҳқонон ва иштирокчиёни фаъол аз рӯи бахшҳои гуногун  бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои молию пулӣ қадр шуданд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1236
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед