logo

Хабарҳо

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ТОҶИКИСТОН: 122 НОЗИР ВА 258 РӮЗНОМАНИГОР АККРЕДИТАТСИЯ ГИРИФТАНД

Sputnik. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон 122 нозири байналмилалиро барои назорати кори интихоботи президент номнавис намудааст.
Ҳамин тавр, аккредитатсияро нозирони САҲА, Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ, инчунин, нозирон аз Россия ва Ӯзбекистон гирифтанд.
Дар интихобот 258 рӯзноманигор иштирок ва ҷараёни онро инъикос менамояд. Интихоботи Президенти Тоҷикистон 11 октябр баргузор мешавад. Барои маснади волотарин 5 номзад дар рақобат хоҳад шуд.


ПУТИН РИЗОКОРИ ТОҶИК АЗИЗХОН МАВЛОНАЗАРОВРО БО МЕДАЛ САРФАРОЗ КАРД
Sputnik. Барои кори ихтиёрӣ дар давраи пандемияи коронавирус, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Волгоград Азизхон Мавлоназаров аз ҷониби Президенти Россия Владимир Путин бо дипломи фахрӣ ва медал қадрдонӣ шуд.
Ин зодаи Тоҷикистон ба афроди солманде, ки дар ҳолати узлатнишинӣ қарор дош-танд, ғизою дору мерасонд. Азизхон дар Душанбе таваллуд шуда, пас аз хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, тибқи квотаи таълимии «Россотрудничество» таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии Волгоград идома медиҳад.
Номбурда мегӯяд, ки аллакай дар курси як ба сафи ихтиёриён пайваст.
"Он гоҳ пандемия набуд. Мо ба кӯдакони маъюб ёрӣ мерасондем, туҳфаҳо мебурдем. Ин барои ман чизи нав набуд, зеро ҳанӯз дар Тоҷикистон бо ризокорӣ машғул будам", - ба ёд меорад Азизхон Мавлоназаров.
Вақте ки пандемияи COVID-19 оғоз ёфт, Азизхон аз ҷумлаи 83 ҳазор ризокори кишвар – иштирокдори аксияи «МыВместе» гашт.


ДАР БРАЗИЛИЯ СИРОЯТИ SARS-COV-2 КОҲИШ ЁФТ
REGNUM. Дар Бразилия шабонарӯзи гузашта 8 456 ҳодисаи сироятшавӣ ба SARS-CoV-2 сабт шуд, яъне бори аввал аз моҳи май камтар аз 10 ҳазор гирифторӣ дар як рӯз, - хабар додааст Вазорати тандурустии мамлакат.
Дар маҷмӯъ, дар Бразилия қариб 5 миллион шаҳрванд мубталои вируси нав гаштааст. Аз онҳо 4,3 миллион нафар шифо ёфт. Табибон дар табобати 146 352 бемор оҷиз монданд.


ТЕЪДОДИ ЗАРАРДИДАГОН ДАР НАМОИШҲОИ ЭЪТИРОЗИИ БИШКЕК БА 130 НАФАР РАСИД
АИР Новости. Дар пойтахти Қирғизистон байни тазоҳуротгарон ва милитсия бархӯрди шадид ба амал омад, ки дар натиҷа 130 кас, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар беморхонаҳо бистарӣ шуданд.
Зикр меравад, ки қудратиён роҳҳои вуруд ба майдони марказии Ала-Тооро бастанд, намоишгарон ҷониби онҳо сангандозӣ карданд. Онҳо қариб ду ҳазор нафар ҷонибдорони азҳобе буданд, ки ба парламент роҳ ёфта натавонистанд. Мардуми кӯча лағви натиҷаи интихоботи парламентӣ ва овоздиҳии такрориро талаб доранд.
Интихоботи парламентӣ дар Қирғизистон 4 октябр баргузор гашт. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар мақоми қонунбарор аз чор ҳизб намояндагӣ мекунанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1292
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед