logo

Хабарҳо

МОИ “СУҒД”. КОРХОНАИ КОРКАРДИ МЕВАИ ХУШК БУНЁД МЕГАРДАД

Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Озодамоҳ Қулова корхонаи коркарди меваи хушк бунёд шуда истодааст.

Корхонаи нав, ки «Донаи алмос» ном дорад, тибқи нақша бо харҷи 600 ҳазор сомонӣ қомат меафрозад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани он беш аз 40 кас соҳиби ҷои кор мегардад.
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилоят, ҳангоми ташриф ба МОИ “Суғд”  иқдоми соҳибкорро дар самти расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки Тоҷикистон ватани меваҳои шаҳдбор аст ва бо коркарду бандубасти замонавии хушкмеваҳо метавон даромади хуб ба даст овард. Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар бозор харидорони сершумор доранд ва таъсиси боз як корхонаи коркарди мева омили зиёд шудани ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар хоҳад шуд.
Чуноне иттилоъ доданд, минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» соли 2009 дар масоҳати умумии 320 гектар таъсис ёфта, дар ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Айни замон дар МОИ “Суғд” 29 субъект фаъолият дорад.

Кароматулло АТО


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1230
19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд

28.09.2021


Тағйирот ба қонун «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»

Путин чаҳор душмани асосии Россияро ном бурд

Навидҳои фарҳанг

27.09.2021


Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Қосим-Жомарт Токаев

СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА РУШДИ ВАО

Лавров дар бораи ҳамоҳанг набудани ризоияти абарқудратҳо оид ба принсипҳои тартиботи ҷаҳонӣ сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр

23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед