logo

иҷтимоиёт

ДИЛПАЗИРУ ДИЛСИТОНУ ДИДАНИСТ ХОВАЛИНГ

Ҳар гоҳе сайри  гӯшаву канори Тоҷикистони азизамон мекунем, ободиву осоиштагӣ, зебоиву дилфиребии табиати нотакрори Ватан намегузорад, ки ин ҳамаро нодида гузарем. Аз кӯчаҳои маркази ноҳия то ба деҳоташ ливои ваҳдату якдилӣ парафшон буда, дар ҳама ҷо корҳои ободкорию созандагӣ идома доранд. Аз чеҳраи кушоду меҳнати шоистаи  одамон пай бурдан осон аст, ки онҳо деҳа, ноҳия ва кишварашонро обод месозанду сатҳи зиндагии мардумро беҳбуд мебахшанд, ки он боиси хушнудист.

Ин ҳама марбут аст ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, ки ба шарофати он имрӯз дурдасттарин ноҳияҳои кишвар дар камтарин фурсат симои хешро тағйир додаанд. Воқеан, ҳар гоҳе дар бораи ёдгориҳои қадимаву мавзеъҳои таърихии диёрамон мешунидам, ба худ мегуфтам: “Мешуда бошад, рӯзе, ки ман ҳам он ҷойҳоро бо чашми худ бубинам”. Акнун имкон даст доду сайри диёри овозадори Ховалинг намудем. 15 сол қабл аз модарам шунида будам, ки ҷиҳати гузарондани семинар дар мавзӯи “Саҳми занон дар рушди деҳот” ба ноҳияи Ховалинг сафар карданду қариб 6 – 7 соат роҳ рафтанд. Аз оне, ки роҳ дур аст, аввал, ба сафар розӣ нашудам, аммо як рӯз қабл аз сафар тасмим гирифтам, ки ҳар чи набошад, бояд равам. Ҳангоми ба роҳ баромадан аз тамошои нотакрори табиати диёр ба ваҷд меомадем. Тақрибан баъди як соат ба шаҳри Норак расидем. Табиати афсонавии ин гӯшаи Ватан таваҷҷуҳи ҳар мусофирро ба худ ҷалб мекунад. Тамошои кӯҳҳои сарсабзи пурдарахт, арчазори қад-қади роҳ шинонда, обанбори Норак ва нафаси тоза гирифтан аз боду ҳавои дилкашаш моро ҳаловат мебахшид. Роҳҳои ҳамвору кӯчаҳои серодам, шиору овезаҳои ҳунарҳои мардумӣ бароям торафт аҷибтар менамуданд. Сафар идома дошт. Пас аз Норак вориди ноҳияи Данғара шудем. Боз ҳам ободкорӣ, бунёди иншоотҳои нав дар мадди аввал ба чашм мерасиданд. Ҳамин тавр, бо роҳи навасфалтпӯшшудаи самти Балҷувон роҳ ба сӯи Ховалинг гирифтем. Ғарқи тамошои манзараҳо будам, ки мошинамон таваққуф кард. Бо тааҷҷуб пурсидам: “Ин ҷо куҷост?”. Яке аз ҳамкоронам дар ҷавоб гуфт, ки ин дарвозаи ноҳияи Ховалинг аст. Рости  гап бо шунидани ин сухан дар ҳайрат мондам. Зеро аз модарам шунида будам, ки роҳ 6-7 соат тӯл мекашад, ҳоло бошад, мо фақат наздики се соат аст, ки ба сафар баромадаем. Бо чашми ҳайрат ба ҳамкоронам менигаристам. Яке аз онҳо, ки зодаи ҳамин ноҳия буд, гуфт: - Солҳои қаблӣ давоми 5 – 6 соат бомашаққат ба ноҳия мерасидем. Бинобар ин, мо бештар вақт дар як сол як - ду маротиба ба хона меомадем. Акнун бо таъмир шудани роҳҳо қариб ҳар ҳафта ба дидори аҳли хонавода меоем. Ҳамин тавр, вориди ноҳия шудем ва таби ҳар яки моро санҷида, дастонамонро бо маводи зиддиуфунӣ безарар гардонданда хуш омадедамон гуфтанд. Табиати дилфиребу обҳои мусаффояш аз даромадгоҳ бароям дилрабо менамуд. Фаввораҳои назди Нишону Парчами давлатӣ, ки дар боғи Ҷавонон ҷой доранд, бо вазидани насими кӯҳистон, воқеан ҳам, ба ҳусни ноҳия зебоии дигаре зам кардаанд. Мо роҳ сӯи мақбараи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ гирифтем. Ҳангоми ворид шудан ба саҳни мақбара он ҷоро пур аз сайёҳони дохиливу хориҷӣ дидем. Рӯи кату таги дарахтон, ҳар ҷои мувофиқ ташрифовардагон истироҳат мекарданду бархе зиёраткунандагон назди мақбара ҷамъ омада, яке дуо менамуду дигаре аз чашмаҳои шифобахшаш об менӯшид. Ман ҳам мисли дигарон ҳангоми дидани мақбара нигоҳам ба навиштаҷоти зайл афтод: “Мақбараи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст”. Воқеан, кас наметавонад ин ҳама эҳсонкориҳои Пешвои миллатро нодида гирад. Имрӯзҳо, сарфи назар аз ҳолати бамиёномада (пандемияи коронавирус), дар ҳама гӯшаву канори кишвар омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ идома доранду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди деҳот бармало мушоҳида мешаванд. Пас аз тамошои мақбара роҳ сӯи дараи овозадори Мухтор гирифтем. Табиати афсункору дарахтони сарбафалакаш касро ба дунёи рангин мебарад. Ба ростӣ, тасвири ин дараро борҳо дар эҷодиёти рассомон дида будам, вале аз наздик бори аввал онро медидам. Баробари расидан ба ин дараи овозадору таърихӣ, кас гумон мекунад, ки гӯё пайкараи қаҳрамони халқи тоҷик - Восеъ ҳамагонро пешвоз гирифта, хайрамақдам мегӯяд. Вориди осорхонаи таърихӣ шудем. Осорхона соли 1990 аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ ташкил шуда, аз соли 2015 мақоми ҷумҳуриявиро касб кардааст. Соли 2019 бошад, осорхона ба бинои нав кӯчонда шудааст. Ташкили гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ дар дохили осорхона аз рушду нумӯ ва эҳёи он дар ноҳия дарак медиҳад. Дар ин гӯша, обкадуву риштаҳои пахтагин, дастгоҳи пашмбофӣ, намаду камони пашмшапӣ, бӯрёву сабад ва куртаҳои гулдӯзиву ҷавоҳироти қадимаи занона, гаҳвораву олоти қадимаи кишоварзии деҳқон, инчунин, асарҳои шоирону нависандагон доир ба таърихи дараи Мухтор маҳфузанд. Бештар дар ин гӯша санъати ресандагӣ ба назар мерасид, ки ин аз  завқи баланд доштани косибони маҳаллӣ шаҳодат медиҳад. Бо эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сокинон тавонистаанд, баъзе ҳунарҳои қадимаи ба гӯшаи фаромӯширафтаро эҳё намуда, маҳсули дасташонро ба маъраз гузоранд. Воқеан ҳам, ин ҳама ободкориҳо аз ваҳдату якдилӣ ва заҳмати аҳлонаи мардуми кишвар бо такя ба дастуру супоришҳои Сарвари маҳбуби давлатамон маншаъ мегиранд.  Мутаассифона, дар баробари ин пешравиҳо, баъзе камбудиҳое ба назар мерасанд, ки ислоҳи онҳо ин мавзеи дилраборо боз ҳам дилработар мегардонад. Масалан вазъи санитарии гирду атрофи мақбараи Увайси Қаранӣ: ҳолати санитарии ҳаммом, ташнобу ошхона беҳбудӣ мехоҳад. Тозагии ҷойҳои номбурда,  риояи қоидаи гигиению санитарӣ бояд кори ҳамешагии бошандагони ин мавзеъ бошад, зеро ба фарҳангу тамаддуни мо сайёҳони хориҷӣ аз ин нигоҳ ҳам баҳо медиҳанд. Умед аст, ки дар сафари оянда мо ин гӯшаи зебову дилкаши диёрро боз ҳам дилрабову ободтар хоҳем дид. Ин чиз дар заҳмату бунёдкориҳои мардуми меҳмоннавози ин диёр бармало ҳувайдост. 

Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.10.2020    №: 198    Мутолиа карданд: 343
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед