logo

Хабарҳо

БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

Дар Муассисаи давлатии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Хоруғ даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид.
Имсол низ дар озмун доираи васеи қишри ҷомеа –  тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои томактабӣ ва  таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.
Назира Амирбекзода, муовини раиси вилоят, зикр кард, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду сол озмуни мазкур дар кишвар баргузор мешавад. Роҳандозии озмун воситаи  тавонои тарғиби китобхонӣ мебошад.
Раиси ҳайати ҳакамон дар вилоят– раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода баргузории озмунро иқдоми шоистаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати давом додани анъанаи неки ниёгон – рӯ овардан ба китобу китобхонӣ маънидод намуда, баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеаро аз ҳадафҳои аслии давлату Ҳукумат унвон кард.
Ҳамин тариқ, тибқи хулосаи ҳакамон дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони классикии тоҷик Ориёнпури Султоншо – хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и ноҳияи Рӯшон ва  Ҳабибуллоҳзода Ҳикматулло – хонандаи МТМУ рақами 1-и ноҳияи Дарвоз, номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адибони муосири тоҷик Умар Орзуев – хонандаи МТМУ рақами 19-и ноҳияи Ванҷ ва Шаҳодати Саидҷалол – хонандаи МТМУ рақами 21-и ноҳияи Дарвоз, номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик Шаҳина Маҳбатқадамова – хонандаи МТМУ рақами 11-и ноҳияи Шуғнон ва Зулфияи Сайёд – хонандаи МТМУ рақами 9-и ноҳияи Роштқалъа, номинатсияи аз бар кардану хондани осори адабиёти ҷаҳон Шарифамо Одинамамадова ва Савриноз Файзуллобекова  аз  литсейи  Оғохон сазовори ҷои аввал дониста шуданд.
Сипас, дар фазои тантанавӣ ба ғолибони озмун муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Олимҷон Муҳаммадҷонзода ифтихорномаи раиси вилоят ва мукофотпулӣ тақдим намуданд. Барои ширкати фаъолона дар озмун ба иштирокчиёни он аз ҷониби идораи рӯзномаи “Бадахшон”, идораи телевизион ва радиои вилоят, раёсатҳои маориф ва ҷавонон ифтихорномаҳо тақдим шуд.

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1249
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед