logo

иҷтимоиёт

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ТАШАББУСҲОЕ, КИ БА ТОҶИКИСТОН НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДАНД

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи сулҳофарии бемисл бо ташаббусҳои ҷаҳонии худ нуфузу эътибори мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ даҳчанд баланд бардоштанд. Ин иқдомҳо аз омилҳое гардиданд, ки мавқеи Тоҷикистонро на танҳо дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ, балки фарохтар аз он боло бурда,  ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари тозаистиқлоли моро пешоҳанги ҳалли масоили глобалӣ, аз ҷумла норасоии оби ошомиданӣ,  эътирофу қадршиносӣ доранд. 
Эълон гардидани Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005 - 2015», Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», ҳамчунин, барои бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез ва Бунёди байналмилалии  ҳифзи пиряхҳо аз ташаббусҳои ҷаҳонии  Тоҷикистон мебошанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омаданд. 
Дар шароити тағйирёбии иқлим, ки масъалаи ҳифзи манбаъҳо ва захираҳои оби тозаи ошомиданӣ ба яке аз мушкилоти асосии мардуми сайёра табдил ёфтааст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад.
Ҳукумати мамлакат дар доираи даҳсола ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масоили вобаста ба об, ки аз проблемаҳои глобалии имрӯзу фардои сайёра маҳсуб меёбад, пайваста талош меварзад. Дар кишвар конфронсу симпозиумҳои зиёди сатҳи баланди ҷаҳонӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Баррасии масоили мавҷуда ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати дастрасӣ ба оби тоза дар пайи иқдомҳои созандаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳои муштараки кишварҳо ҷиҳати бартарафсозии ин мушкилӣ тавсеа ёфтанд. Бино ба маълумоти ниҳодҳои соҳавии Созмони Милали Муттаҳид, то охири даҳсолаи ҷорӣ ҳудуди ду миллиард ва то соли 2030 зиёда аз 40 дарсади аҳолии рӯйи Замин ба мушкили камбуди об дучор хоҳад гардид. Амалигардонии ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи СММ мусоидат мекунад, эътибори ҷаҳонии Тоҷикистонро боз ҳам боло мебарад. Ҳамвора бозтоб ёфтани ин ташаббусҳои беназири  Пешвои миллат дар бобати ҳалли масоили ҷаҳонӣ дар расонаҳои иттилоотии бонуфузтарини дунё ва конфронсу симпозиумҳои сатҳи баланди байналмилалӣ  аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тасмимҳои Тоҷикистони тозаистиқлол дарак медиҳад,  ки аз мондагортарин хизматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад.

Ҳусейн БАРОТЗОДА,
раиси суди ноҳияи Рашт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2020    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 156
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед