logo

иҷтимоиёт

«ХИЁНАТ». ВАҚТЕ ХОИНОН ЧУН САГОНИ ВЕЛГАРД АККОС МЕЗАНАНД…

Дар яке аз сафарҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба мардуми шарифи Нуробод чунин ваъда доданд: «Ман ба шумо шаҳрак не шаҳр месозам». Ин суханони ғамхоронаи Пешвои миллатро имрӯз тамоми хурду бузурги ноҳия сармашқи кори худ карда, ба умеди фардои дурахшон дар ободии ноҳия камари ҳаммат бастаанд.
Воқеан, ҳар гоҳе сайри гӯшаву канори Тоҷикистони азиз мекунем, дидани  ободии диёрамон моро хушнуду рӯҳафзо менамояд. Бо ҳайати эҷодии рӯзнома чанд рӯзе сайри водии Рашт намудему шоҳиди рӯзгори ободу осоиштаи мардум гардидем. Банда дирӯзу имрӯзи ин ноҳияро муқоиса карда дар худ меболидам. Таъмири роҳҳо, қомат афрохтани биноҳои бисёрошёнаву замонавӣ байни кӯҳҳои сарбафалаку осмонбӯс тавъам бо табиати нотакрори кӯҳистон воқеан ҳам, ба ҳусни ин диёр зебоии дигареро зам кардааст. Ҳар дарааш ба худ ривояте дораду табиати афсункораш диёри афсонавиеро мемонад. Сафар идома дошту бархеи ҳамкоронам, ки аз дигар манотиқи кишвар бори нахуст ба Раштонзамин омада буданд, қиссаву ривояте аз ин водӣ мекарданд. Дар баробари ҳамсафарон ҳангоми расидан ба шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод парафшонии Парчами давлатӣ бо баландии  35 метр, биноҳои зебову замонавӣ, идомаи корҳои сохтмонӣ, ҳавои софу беғубори табиати нодирро дида, гузаштаи ин ноҳия пеши назарам омад. Замоне ин макон харобазореро мемонд пур аз санг ва ҷойи парандаву дарандаҳо, чарогоҳи чорво, майдони партову ифлосиҳо. Аҷиб, боре он замон ба хаёли касе намеомад, ки хоки хуфтаи ин замин ҳосил медиҳаду чарогоҳ ба шаҳраки зебову замонавӣ мубаддал мегардад. Соли 1980 Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин минтақа нақшаи шаҳраки замонавиро тарҳрезӣ намуду соли 1987 кӯчондани аҳолии мавзеъҳои зериобшавандаи НБО «Роғун»-ро оғоз кард ва тамоми муҳоҷиронро бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин намуд. Ҳамин ки хоки хуфта бедор шуду қудрати дасти инсонро эҳсос намуд, қуллаи мақсуд барои бошандагони ин шаҳрак наздиктар метофт. Ситораи толеъ дар назар торафт поёну дидани мешуд, вале нооромиҳову майдонкашиҳои бузурги сиёсӣ ва сангаргирифтани тарафҳои муқобил – яке ба манфиати мардуму давлат дигаре барои пиёда намудани орзуҳои нокоми хеш шурӯъ шуданд. Ифротиёни нохалаф ва зери тозиёнаи хоҷагони хориҷиашонмонда садди роҳи орзуҳову ормонҳои мардум гардиданд. Он замонҳо хурд будам, аммо ин саҳнаи даҳшатангез то ҳол дар хотирам нақш бастааст. Ёде аз ҳар лаҳзааш бароям тарсу ваҳмро мемонад. Падару модарам омӯзгор буданду он солҳо дар як шароити вазнин бо як чанд ҳамкасбони хеш  пинҳонӣ ба мактаб рафта, намегузоштанд бачаҳо бесавод монанд. Ба ёдам ҳаст боре падарам барои гирифтани маоши кормандон ба маркази ноҳия рафту ду рӯз наомад. Сармо замину осмонро фаро гирифта буду барф беист меборид. Фасли сарди кӯҳистон ба ҳамагон маълум. Он рӯз охирон гарди орди аз ғӯраи ҷорӯб таёршударо  модарам бо чанд намуд алаф якҷо карду бароямон отола пухт. Нимрӯзӣ  бошад, бо чашми гирён ду донаи аз қоқпораи себро тақсимамон карду чашм аз тиреза намеканд. Рӯз бегоҳ шуду оҳиста - оҳиста осмон ҷомаи сиёҳ ба бар карда, шом фаро мерасид. Ҳар гоҳ ки шамол дарвозаамонро мекӯбид мо ба сӯи дар медавидему «падарҷон» гуфта ноумед бармегаштем. Чанд лаҳза пас писари ҳамсояамон давида омаду «Муаллима, ҳой муаллима, муаллим дар роҳи боло омадааст, биёен ордро барем». Модарам бо табассум ҳар яки моро нигоҳ карду «падаратон орд овардааст, орд», - гӯён тозон аз дар берун шуд. Андаке пас падару модарам ба хона омаданд. Баробари расидан ба хона падарам дигар мадори роҳ рафтан надошт, зеро роҳи тӯлониро пои пиёда тай карда буд. Бовар мекунед, то ҳол ашкҳои зори падар пеши чашми маро тарк накардаанд.  Модарам дар ҳол бароямон ордоб пухт. Пас аз соате падарам ба модарам пинҳонӣ қиссаи ду рӯз дар онҷо будаашро кард, ба гумони он, ки фарзандонаш хобанд. Вале, ин қисса бароям афсонае шуд, ки то ҳол тамоми афсонаҳоро ба ҳақиқат табдил медиҳад. Падарам ба модарам мегуфт: «Акбарро дидам, Акбар? Бале, ӯ муҷоҳид шудааст. Наход? Бо ҳайрат мепурсид, модарам. Бале, дирӯз дар таги чанор (Чанори Ҳатти Бибӣ) як чанд муаллимро лату кӯб кардааст. Барои он ки ӯро дар мактаб ҷиҳати нотаёр будан дар дарсҳояшон танбеҳ дода будаанд.  Шуморо чӣ, шуморо дид? Бале, дид, аммо, аз чи буд, ки даст нарасонду «оли баъд бо шумо ҳисобӣ мекунем» - гуфта ба БТР савор ҳой - ҳой кунон ба куҷое рафт». Модарам аз шогирдаш сифат мекарду ба касоне, ки ӯро ба доми худ кашидаанд лаънат мехонд. Падарам қиссаро идома медоду аз рӯзҳои ба сарашон меомада, метарсид. Он шабу рӯз гурӯҳҳои силоҳбадаст ҳукмронӣ мекарданду ба қавле «Худашон шоҳу табъашон вазир» мардумро шиканҷа медоданд. Қатлу ғорат барояшон як кори муқаррарӣ гардида буд. Ин гуна  ҳодисаҳо ҳар рӯз пеши чашмонамон рух медоданд. Ҳар рӯз хабари таркондану куштани касеро мешунидему аз дасти ин нохалафон ҳама чи ба яғмо мерафт. 
Ҳодисаҳои ба сари мардуми ин ноҳия омадаро ба ҳамкоронам қисса кардаму дирӯзу имрӯзи ноҳияро бо онҳо муқоиса карда, шукрона  аз соҳибистиқлолии кишвар ва Сарвари маҳбубу ғамхори давлат кардем. Воқеан ҳам, имрӯз дар дурдасттарин ноҳияҳои кишвар  фазои осоишта ба чашм расида, асаре аз он рӯзҳои вазнин намондааст. Шаҳраки Дарбанд низ оҳиста - оҳиста ба шаҳр табдил мегардад. Ин ҳама ба шарофати Пешвои муаззами миллат аст. Ба ростӣ ҳар шахсе, ки ин қадар заҳмату меҳнати Роҳбари кишварро нодида мегирад, ӯро инсон хондан муҳол аст.
Чанд рӯз тариқи телевизион филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» - ро намоиш доданд, ки чӣ гуна бархе аз блогерони шабакаҳои иҷтимоӣ бо сафсатаву ҳарзагӯиҳояшон мардумро, бахусус, насли ҷавонро ба гумроҳӣ меҳоҳанд  баранд. Филми “Хиёнат”, ки дар рӯҳияи баланди ватандорӣ ва тарбиявӣ  таҳия гардидааст, муборизаҳои мардуми тоҷикро бар зидди душманони миллат, яъне ифротгароёни динӣ, хеле хуб инъикос намудааст ва паёме ба насли навраси тоҷик фиристода, таъкид мекунад, ки мо — посдорони Истиқлолияти давлатӣ бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Дар шабакаи ЮТУБ бошад, шарҳи бархе аз ҷавононро хонда, ба ростӣ, табъам хира шуд. Он ҷо ин филмро афсона мехонанд, сафсата мехонанд, сохта мехонанд.  Аммо,  ин филм афсона нест, чун худи ман дар гирдоби ҷанг ба воя расидам ва, мутаассифона, таъсири он рӯзҳо то ин дам маро тарк накардаанд. Бовар кунед, дар бораи он рӯзҳо фикр кардан даҳшат аст. Ин ҳама воқеият аст, ҳақиқат аст, дард аст, ки миллати тоҷик кашидааст. Чаро кадоме аз мо аз ин хиёнаткорон суол намекунем, ки ин ҳама ободкориву бунёдкориҳо, пешравию музаффариятҳои кишвари азизамон дар ҳамаи соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ, оромиву осудагӣ, ҳамдиливу ҳамраъйӣ ва ваҳдати миллиро нодида мегиранд? Чаро аз онҳо нафаре ҷавонмардона иқрор намешавад, ки ин ҳама рӯйдодҳои хуш дар Ватан воқеан ҳам, ҷараён доранд, афсона нест, як ҳақиқати возеҳ аст. Зеро ёрои чунин иқрор шуданро надоранд, буздилу тарсу, лаганбардорону хушомадгӯёне беш нестанд. Ба онҳо аз манфиати мардум ва Ватан иҷрои хостаҳои хоҷагонашон болост. Агар ин тавр набуд пас, бигӯянд, ки  кадоме як гӯшаи Ватанро обод кардаанд. Ин хоинони миллат касоне ҳастанд, ки имрӯз хӯрокашон шӯр гардидаасту луқмаи ширину тайёр мекобанд. Аз дур истода ба сӯи дастархони пурнозу неъмати мо  чун сагони велгарду гурусна аккос мезананд.              
Ман мутмаинам, ки имрӯз насли солимфикр ба хотири шод кардани хоҷагони хориҷии ин бадхоҳони миллати тоҷик дубора теша ба решаи худ намезананд ва дигарбора ба чоҳ намеафтанд, зеро мегӯянд, ки кӯр як бор ба чоҳ меафтад...

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2020    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 329
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед