logo

иҷтимоиёт

ЧАРО ФАЛАК?

«Фалак» ҳамчун истилоҳи илмӣ ва жанри мусиқӣ ниёз ба пажӯҳиши бештару беҳтар дорад. Чаро фалак?
Ҳанӯз ба ин пурсиш посухи илмии дурусту қаноатбахш дода нашудааст. Ин ақидаву пиндорро изҳор доштанд, ки ба фалак кайҳон, осмон ва Офаридгор иртибот  дорад. Мардум, гӯё, дар ҳолати навмедиву дарду ранҷу ғурбат ба фалак муроҷиат мекарданд ва ба ин васила худро таскин мебахшиданд. Метавон ба пуррагӣ ба ин гуфтаву навишта бовар ҳосил кард? Албатта, не. Агар бовар бикунем, пас он танҳо барои мардумест, ки аз вартаи ҳасрату мушкилот баромада наметавонанд. Мусиқии бузургу ҳазорсолаҳо таърихдошта магар бо ин маҳдуд мегардад? Агар чунин мебуд, ба яқин, зуди зуд аз байн мерафт ва то ба имрӯз бо ин шукӯҳу шаҳомат ва ҳамзамон, назокат намерасид.
Бузургтарин фалаксароён дар замонҳои пешин ва пасин аз зумраи онҳое буданд, ки на ҳасрат доштанд ва на дар ғурбат зистанд. Шоирони даврони тасаввуф ҳам рубоиҳое гуфтанд, ки фалак дар он мавқеи асосӣ дошт: «Аз чархи фалак гардиши яксон маталаб.» (Абусаиди Абдулхайр).
Рақсҳои самоъ низ дар шакли даврагӣ иҷро мешуданд. Аз ин самоъ то он само рӯҳан роҳ меёфтанду мерафтанд. Ва медонистанд, ки «ҷаҳон ҳамеша чу чашмест гирду гардон аст». Мавлонои Балх дар «Маснавии маънавӣ» - аш меорад:
Пас ҳакимон гуфтаанд ин лаҳнҳо
Аз давори чарх бигрифтем мо.
Оё пажӯҳиш кардаем, ки кадом лаҳнҳоро аз даврони чарх бигрифтаем? Агар не, пас чаро мавриди пажӯҳиш қарор намедиҳем.
Ин чарх як чархи одӣ нест, чарху фалак ва чархи фалак аст. Бе дониш, бе муҳаббат, бе сидқ ва ҳам бе пажӯҳиш наметавон ба он роҳ ёфт.
Аз Ҳаким Низомии Ганҷавӣ аст:
Банди фалакро кӣ тавонад кушод?
Он кӣ бар ӯ пой тавонад ниҳод.
Агар ба фалак роҳ намебарем, асрори онро кушода наметавонем. Ҷойи таассуф он нест, ки дар андешаи кушодани ин асрор гоми ҷиддӣ барнамедорем, балки бо фароҳам овардани имконоти зиёд аз ҷониби Пешвои миллат, масъулият, тавре ки бояд, эҳсос намешавад. Пештар бо иқдому ташаббуси Фароғат Азизӣ, доктори илми санъатшиносӣ, симпозиумҳои байналмилалӣ ва дигар навъи ҳамоишҳо доир мегардиданд. Ҳолиё, балки чандин сол, боз ин гуна иқдому ташаббус аз ҷониби масъулони соҳаи фарҳанг идома намеёбад.
Аз фалак бештар танҳо дар Рӯзи Фалак ёдовар мешавем ва бо доир намудани барномаҳои ҳунарӣ иктифо мекунем.
То ба ҳанӯз пажӯҳиши дақиқу муътамад набурдаем, ки гардишҳои фалак кадомҳоянд ва чӣ миқдор ва онҳо ба миқдори фалакҳо чӣ иртибот доранд.
Пажӯҳишҳои дурусту мукаммал ва хулосаҳои дақиқ дар бораи фалак василае ҳастанд, ки қадимияту мутамаддин будани миллати моро дар арсаи олам бештару беҳтар метавонанд, ки муаррифӣ бикунанд.
Аз Мавлонои Балх аст:
Ҳар замон овози ишқ мерасад аз чапу рост:
Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост.
Мо ба фалак будаем, ёри малак будаем,
Боз ҳам он ҷо равем, ҷумла, ки он шаҳри мост.
Ба фалак рафтан танҳо ба василаи пок гардидан ва ишқ варзидан одамиро даст медиҳад.
Яъне, одамӣ дар ин маврид ба асли худ мерасад, аз ҳамаи кудуратҳо пок мешавад ва дар ин маврид мартабааш аз малак болотар мегардад. Аз Бобо Тоҳири Урён аст:
Бувад қадри ту афзун аз малоик,
Ту қадри худ намедонӣ, чӣ ҳосил?
Мо, ҳатто ба дунёи асрори матнҳои шеърие, ки ба чарх, фалак, гирду гардонӣ, иртибот мегиранд, ворид нашудаем ва ҳақиқату зебоиҳову маъноҳои онро барои худ, миллат кашф накардаем. Инчунин, ба онҳо баҳои дуруст надодаем. Бархе аз муҳаққиқони соҳа ин ҳамаро матни фолклорӣ дониста, ба онҳо таваҷҷуҳи хосса ё худ олимона зоҳир намекунанд. Дар асл бошад, ба умқи маънои онҳо рафта наметавонанду дар банди зоҳир ҳам намемонанд.
Рубоии машҳури мардумӣ аст:
Чархофалако, маро ба чарх овардӣ,
Кӯлоб будам, маро ба Балх овардӣ.
Кӯлоб будам, оби ширин мехӯрдам,
Саргашта маро ба оби талх овардӣ.
Он ҳаргиз як матни одиву одифаҳм нест. Кӯлобу Балх, оби ширину талх ва саргаштагӣ рамзанд, ки бояд онҳоро кушоду шарҳу тавзеҳ дод. Онҳо ҳаргиз ба он маъние, ки имрӯз фаҳмидаанд, нестанд.
Мурод ҳам нӯшидани оби ширину талх нест. Шарҳи рубоиҳои мардумӣ, хосса он рубоиҳое, ки дар онҳо вожаву истилоҳи «фалак» истифода шудаанд, аз ҳамаи дигар рубоиҳои аз нигоҳи маънову  образу санъатҳои лафзиву маънавӣ мураккабтар мебошанд.
Вақте мо дар хами як кӯчаем ва аз он берун баромадан намехоҳем, чӣ гуна метавонем, ки ҳафт шаҳри ишқро бигардем. Яъне, чун ба асрори эҷоди шифоҳӣ роҳ набурдаем, намегузоранд, ба дунёи васеи шеъри адабиёти классикӣ ворид шавем.
Ҳамин мавзӯъ; эътироз, шикоят аз саргаштагӣ дар рубоии шоирони классик низ ба назар мерасад:
Зинҳор макун ҳавола бар чархи фалак,
Чарх аз ману ту ҳазор бор бечоратар аст.
Бечорагиву саргаштагие, ки дар рубоии мардумӣ аст, нисбат ба ин як байти рубоии шоири классик шоиронатар, образноктар ва бо рамзи бештар ифода гардидааст.
Ҳатто дар гузаштаи на чандон дур сароидани фалак ё худ фалак задан барои ҳар овозхоне, ки даъвӣ ё талаби баромадан ба сатҳи баланди ҳунар мекард, имтиҳони ҷиддӣ ва асосӣ ба шумор мерафт. Диапазони овоз бояд ҷавобгӯ ба талаботи хондани фалак мебуд. Овоз бояд ба нуқтаи баландтарину олитарин ё худ фалак, ки рамзист, мерасид. Овоз ва низ лаҳн бояд мисли само, ки онро фалак ё худ фалаки ҷомакабуд («Фарёд зи дасти фалаки ҷомакабуд...») ҳам ном мебаранд, мебоист, ки бисёр тоза ва беғаш бошад. Овозхон чун аз имтиҳони устодони асилу варзидаву эътирофгардида мегузашт ва дар ин имтиҳону озмоиш мардум  ширкат меварзиду шоҳид мегардид, ному сифати ифтихории фалаксароро мегирифт.
Ҳолиё дар Аврупо агар овози сароянда ҳангоми ҳунарнамоӣ ба нуқтаи баланди худ, ба нуқтае, ки мардум интизораш ҳастанд, нарасад, на танҳо ӯро эътироф намекунанд, балки бо нишони эътироз толори консертиро тарк мекунанд. Мутаассифона, ин гуна талабот, ки хоси мардуми мо буд, фаромӯш шуд ва аз байн рафт. Дақиқтараш, овозхонҳо бо роҳҳои гуногун ва беҳунарияшон мардумро нахуст таҳқир карданд ва баъд завқи баланди онҳоро коҳиш доданду куштанд.
Аз рӯи инсоф ва камоли ҷавонмардӣ агар худи овозхонҳои имрӯз ҳам, ки бо баландгӯяку фонограмма суруд мехонанд, эътироф бинамоянду ҳақиқатро иброз бидоранд, дар кишвар фалаксароёнамон ангуштшуморанд. Ва низ он чи бо номи фалак бо овозҳои ғашу ғайримусиқӣ месароянд, ҳаргиз фалак нест.
Фалак ва ҳам фалак задан аз сарояндаи он истеъдоди фитрӣ ва худододиро талаб дорад. Бояд ин гуна соҳибистеъдодонро пайдо карду тарбия намуд.
Зарур аст, ки дар баробари нигоҳ доштану ҳифзи асолати фалак, ҳамчунин, онро  мусиқии касбии ҷаҳонӣ кард. Дар ин кор композиторони асил ва овозхонҳои маъруфи касбӣ метавонанд бо эҳсоси баланди масъулият саҳми чашмрас бигиранд. Чунин кӯшишҳо, иқдомҳову ташаббусҳо аз устодони шодравон Фаттоҳ Одинаев, Талабхӯҷа Сатторов ва Аҳмад Бобоқулов сар зада буданд. Яъне, онҳо роҳро кушоданд ва нишон доданд.
Ҳамин тавр, фалак пажӯҳиш, густариш ва рушдро аз масъулону мутахассисон на танҳо интизор аст, балки бо муносибати ҷиддӣ, масъулиятшиносӣ, талаб дорад. Он, тавре ки зикр шуд, бояд муаррифгари миллати мутамаддину куҳанбунёди мо бошад.

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2020    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 280
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед