logo

иҷтимоиёт

АЗ ПАРЕШОНӢ ТО ДУРАХШОНӢ. ДАР ҲОШИЯИ ФИЛМИ ҲУҶҶАТИИ «ХИЁНАТ»

«Ҳанӯз хурд будам ва дунёи зебое доштам, то он даме ки ба сӯям силоҳ кашида, таъкидам карданд, ки чун духтарам, дубора барои бозӣ берун набароям. Он замон дунёи рангини кӯдакиамро тираву аз бисёр орзуҳо ноумедам карданд. Ҳамеша даруни хона нишаста, маъюс будам. Хушбахтона, бо дамидани нахустин субҳи умед, падарам дубора маро ба донишандӯзӣ ва ояндаи дурахшон роҳнамоӣ намуд...».
Ин порае аз хотироти ғамангези як ҳамкасбам аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, ки зимни як сафар ба ноҳияи Нуробод қисса кард. Нақли ӯ хаёли маро низ ба он солҳо бурд, ки бисёр даҳшатнок буд. Ҳарчанд он замон худам низ кӯдак будам, лекин ҳамаашро ёд дорам. Талафоти зиёди ҷонӣ, сарсонӣ, ранҷу азобу маъюсӣ… Якеро зинда мегӯронданду дигареро пӯст меканданд, севуминро оташ зада, аз доду фиғони он бечораҳо, ки садояшон то ба фалак мепечид, завқ мекарданд.
Ҳамкасбам дар идомаи нақл аз он рӯзгори даврони кӯдакии худ нақл карду мо хомӯш гӯш мекардем;
- Тақрибан синфи 3 ё 4 будам (солҳои 1995), барои бозӣ ба кӯча баромадан мамнӯъ буд, зеро гурӯҳҳои зиёди силоҳбадаст дар водии Рашт низ қароргоҳ доштанд. Бо духтараки ҳамсоя саргарми бозию шӯхӣ будем, ки як ришакӣ пайдо шуду ба мо лаънат хонд. Бо вуҷуди он ки мо хурд будему чизеро намефаҳмидем ва саргарми бозӣ дар дунёи кӯдакии худ. Силоҳашро ба тарафи мо рост карда, дод зад: «Ҳой, шумо чӣ кор карда истодаед, чаро рӯймол надоред? Чаро ба кӯча баромада, бозӣ доред? Тез даф шавед...».
Бо чашмони ашколуд аз кӯча рондаю аз бозӣ маҳрум ва дар дил тарсу ҳарос назди падару модарам омадам. Модарам пурсид, ки ба ман чи шуду чаро дар тарсу ларзам. Бо ишораи ангушт ба он ҷавони ришакӣ нишон додам.
Он солҳо аз тарс касе ба берун баромада наметавонист, хусусан духтарҳо. Хонандагони синфҳои болоӣ барои онҳо обкашу хидматгор буданд, зеро он хоинон дар он солҳо худашон шоҳу табъашон вазир буд. Ҳамаи фаслҳо барои мо як шуда буд, болои сарамон тир меборид.
Ман кӯдаки даврони ҷанг ва ҷавони замони истиқлолам. Аз сабаби он ки Рашт он солҳо минтақаи даргир буд, ҳамаи саҳнаҳои ҷанг мисли филм дар хотирам нақш бастаанд. Дидани филми мустанади «Хиёнат» хотираҳои ҳузнангези онсолҳоро ба такрор пеши назарам овард. Он рӯзҳо гузашт, лекин фаромӯш нахоҳанд шуд.
Шукр, ки имрӯз фазои Тоҷикистон орому зиндагии мардум осуда аст. Сулҳу амният бо фидокориҳои абармардони миллат ба даст омад. Онҳо барои осоиштагии мардум заҳмат кашиданд, тир хӯрданд, афтиданду хестанд, вале нашикастанду нарехтанд ва то имрӯз дар пайи ободиву созандагӣ саъю кӯшиш доранд.
Имрӯз мардум дарк намуданд, ки силсилафилми «Хиёнат» аз дасисаву амалҳои пасипардагию душманонаи як гурӯҳ хоинони давлату миллати тоҷик қисса мекунад. Дар филм роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва чанд тан аз ватанфурӯшон бо сад макру ҳилла мехоҳанд осмони софу беғубори Тоҷикистони биҳиштосоро тира созанд. Дар филм фитнаҳову иғвоангезии хиёнаткорон ба таври равшан аён гардидааст. Дигар ҷои шубҳа нест, зеро қаҳрамонони филм шахсони воқеӣ, иштирокчиёни бевоситаи равандҳои гуногуни сиёсӣ буда, лаҳзаҳо аз мусоҳибаҳо, наворҳои вохӯриву гуфтушунидҳои таърихӣ далолат ба воқеияти он доранд. Ин хоинони ватанфурӯши наҳзатӣ солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ низ бо дастгирии  хоҷагони  хориҷиашон  ва суиистифода аз номи дини мубини ислом гирдиҳамоӣ ташкил карда, сабабгори марги ҳазорон нафар мардуми бегуноҳ ва гуреза шудани беш аз як миллион аҳолии осоишта гардида буданд.
Имрӯз ҳам аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ дар Аврупо барои маблағҳои гирифтаашонро «ҳалол» кардан нисбат ба давлату миллат носазо мегӯянд. Хушбахтона, мардуми Тоҷикистон имрӯз дарк намудаанд, ки гирдиҳамоиву баромадҳои  ин гурӯҳи хоинон муғризона ва аз рӯи ҳасад мебошад. Зеро Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо имрӯз тинҷу ором ва мардумаш таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ буда, рӯз то рӯз обод ва дар сатҳи байналмилалӣ нуфузи баланд касб мекунад.

Сафаргул АЛИМОВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.10.2020    №: 199 - 200    Мутолиа карданд: 169
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед