logo

Хабарҳо

ХАЙКО МААС: "ИТТИҲОДИ АВРУПО МУКОЛАМА БО РОССИЯРО НАБОЯД ҚАТЪ КУНАД"

ТАСС. Вазири корҳои хориҷии Олмон бар он аст, ки Иттиҳоди Аврупо дар ҳалли як идда даргириҳо ниёз ба Россия дорад.
Аз ҷумла, сухан аз ҳолатҳое мисли он меравад, ки айни замон дар Сурия, Либия ва Украина давом меёбад. Маас Россияро ҳамсоя номида, таъкид дошт, ки муколама бо онро қатъ кардан мумкин нест.
Ба ақидаи ӯ, Аврупоро зарур аст бо Россия бо «забони сареҳ» гуфтугӯ карда, ба ҳамкорӣ бо он бо ёрии НАТО шурӯъ намояд.


СҶТ АЗ АФЗОИШИ РЕКОРДИИ БЕМОРОНИ COVID - 19 ДАР ҶАҲОН ГУФТ
REGNUM. Дар дунё шабонарӯзи охир 338 779 ҳодисаи нави сирояти коронавирус сабт шуд, ки дар тамоми давра аз оғози пандемия нишондиҳандаи рекордӣ мебошад,- хабар додааст Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.
Тавре зикр мегардад, теъдоди умумии мубталоён ба беш аз 32 миллион нафар расид. Шабонарӯзи гузашта 5514 бемори вируси нав фавтида, шумораи умумӣ бошад, 1 049 810 нафарро ташкил дод. Хотиррасон мекунем, ки як рӯз пеш 271 421 ҳодисаи нави гирифторӣ ва 4427 ҳодисаи фавт аз SARS-CoV-2 ба қайд гирифта шуда буд.


ТРАМП МУҲЛАТИ АЗ АФҒОНИСТОН БАРОВАРДАНИ СИПОҲИ АМРИКОИРО ХАБАР ДОД
REGNUM. Президенти ИМА Доналд Трамп дар мусоҳибаи телефонӣ бо Fox Business 8 октябр гуфт, ки низомиёни амрикоӣ аз ин кишвар то охири сол бароварда мешаванд.
«19 сол ин ҷо будани низомиён кофист. Онҳо дар ин ҷо чун полисҳо амал мекунанд, на чун низомиён», - изҳор дошт Трамп.
Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, моҳи феврал ИМА бо «Толибон» дар бораи баровардани сипоҳ созишнома ба имзо расонданд. Дар Қатар миёни ҳукумати Афғонистон ва «Толибон» гуфтушунид оид ба созишномаи сулҳ идома дорад.


ШИРКАТИ "ПОБЕДА" ИҶОЗАТИ ПАРВОЗ БА ӮЗБЕКИСТОН ГИРИФТ
Sputnik. Иҷозатномаро ба ширкат Агентии федералии нақлиёти ҳавоии ФР дод.
Аз ин пас ҳавопаймоҳои ширкати мазкур метавонанд ба шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Намангон, Қаршӣ, Навоӣ, Урганҷ ва Нуқуси ин кишвар пайваста парвоз кунанд. Барои ин акнун ба "Победа" гирифтани иҷозатномаи "Ӯзавиатсия" зарур аст.
Ширкати Uzbekistan Airways тӯли моҳи сентябр парвозҳои доимиро ба Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Амороти Муттаҳида Араб аз нав роҳандозӣ намуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1181
27.10.2021


Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»

Путин дар нишасти кишварҳои Осиёи Шарқӣ суханронӣ мекунад

БОКС

ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН. НИЗОМ ВА РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН

АФҒОНИСТОН. КӮШИШҲО БАҲРИ БАРҚАРОРСОЗИИ СУЛҲ

ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ БЕШТАРИ КАРТОШКА

26.10.2021


Туҳфаи Пешвои миллат ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ расид

Шавкат Мирзиёев бо беш аз 80 дарсади овозҳо дар интихобот пирӯз шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ҶОМИ ОСИЁ – 2022

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. БИНОИ БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ ТАҶДИДУ НАВСОЗӢ ШУД

25.10.2021


Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон баргузор шуд

ГИРОМИДОШТИ АДИБ, ТАРҶУМОН ВА РӮЗНОМАНИГОР

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО ТОМАС ҶОРДАН

19.10.2021


Чин ба Тоҷикистон 800 миллион юан кумаки бебозгашт пешниҳод кард

БОКС

Ба машқҳои СААД дар Тоҷикистон 4 ҳазор нафар ҷалб шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Рӯйдодҳои илмӣ

18.10.2021


КӮЛОБ. ТУҲФАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

Ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ

РАШТ. 80 ХОҶАГИИ ДЕҲОТИ ҚАЛЪАНАК БО ОБИ НӮШОКӢ ТАЪМИН ГАШТ

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ҶОЙИ КОР

ИДОРАКУНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Ҳамоиши муҳими илмию амалӣ

11.10.2021


«ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ 68 610 ТОННА ҒАЛЛА

«ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ»

06.10.2021


Рӯйдодҳои илмӣ

ФАЙЗОБОД. ИФТИТОҲИ ЧАНД ИНШООТ БО ИШТИРОКИ САРВАЗИР

СЕ ДАҲСОЛАИ ШАРИКИИ КИТОБХОНАҲОИ ИДМ

01.10.2021


3 СОМОНАИ НАВ ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮЙИ ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ

ИСТАРАВШАН. СОКИНОНИ ДЕҲАИ СӮФӢ – ОРИФ БО ОБ ТАЪМИН ШУДАНД

МАСТЧОҲ. ИФТИТОҲИ 3 КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛӢ

29.09.2021


Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед