logo

туризм

ИСТИҚЛОЛ ВА ШИНОХТИ ТОҶИКИСТОН ЧУН КИШВАРИ ҲАНӮЗ ҲАМ КАШФНОШУДА

Ба шарофати соҳибистиқлоливу ваҳдати миллӣ ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар сайёҳӣ ба маротиб рушд ёфт. Дар ин замина, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун кишвари дорои иқтидори ғанӣ ва кашфношуда ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид.
Дар ин робита, пеш аз ҳама, ҷорӣ гардидани низоми раводиди электронӣ ва низоми содакардашудаи дастрас намудани раводид ва аз байн бурдани бақайдгирии дохилии сайёҳонро метавон ном бурд. Механизми дастрас намудани раводиди электронӣ имкон медиҳад, ки сайёҳон ва шаҳрвандони дигари хориҷӣ бе муроҷиат ба ниҳодҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, тариқи онлайн (www.evisa.tj) раводиди электрониро дастрас намуда, ба ҷумҳурии мо сафар намоянд.
Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ соли 2018 низоми раводиди электронии Тоҷикистон ба панҷгонаи низомҳои беҳтарини пешниҳоди раводид ворид гардида, зинаи чорумро сазовор гашт.
Пешвои муаззами миллат барои ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳӣ имтиёзҳо ҷудо намуданд. Бахши хусусиро барои сармоягузорӣ ҳавасманд гардонда, ҷиҳати обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ заминаҳои зарурии иқтисодӣ ва ҳуқуқиро фароҳам оварданд.
Дар ин радиф, бо ташаббуси Президенти мамлакат ширкатҳои сайёҳӣ дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андоз аз фоида озод шуданд. Имтиёзҳои мазкур натиҷаҳои самарбахш ба бор оварда, аз аввали ҷорӣ гардидани имтиёзҳо то ин дам шумораи умумии ширкатҳои сайёҳӣ дар кишвар ба 223 адад расида, ҳавасмандии аҳолии фаъоли иқтисодии мамлакат барои фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ тадриҷан меафзояд.
Бо ибтикори Пешвои миллат воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтори сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуда, боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав бо мақсади сайёҳӣ 50 дарсад коҳиш ёфт.
Фароҳам овардани имтиёзи андозию гумрукӣ ҳавасмандии соҳибкоронро боз ҳам зиёд намуда, танҳо дар заминаи ин имтиёзҳо имрӯзҳо беш аз 15 лоиҳаи инфрасохтории сайёҳӣ дар самтҳои бунёди маҷмааҳои сайёҳӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, роҳи танобӣ, меҳмонхонаву осоишгоҳ ва дигар иншооти сайёҳӣ бомаром идома доранд.
Ду сол муқаддам Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтори соҳа, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи беҳзистии мардум соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Ин иқдоми Сарвари давлат ба рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ заминаи воқеӣ гузошт. Зеро соли 2018 пур аз дастоварду пешравиҳо буд, ки ҳар яки мо шоҳиди он будем. Махсусан, заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳа мустаҳкам гардида, Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул шуд. Дар асоси стратегия бори нахуст нишондиҳандаҳо ё индикаторҳои рушди соҳа, аз ҷумла шумораи сайёҳони ба ҷумҳурӣ ташрифоварда, саҳми сайёҳӣ дар ММД, содирот, қисми даромади буҷети давлатӣ, саҳми сармоя ба соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи сармоягузориҳо, ҳаҷми хизматрасониву шуғли аҳолӣ дар соҳа ва мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои меҳмоннавоз муқаррар гардиданд.
Дар натиҷаи дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 нишондиҳандаҳои мазкур то ҳадди имкон натиҷагирӣ шуда, аз ҷумла шумораи сайёҳони хориҷӣ ба як миллиону 155 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба як соли пеш 2,6 маротиба зиёд буд. Шумораи сайёҳони дохилӣ бори аввал ба нишондиҳандаи 751 000 нафар расид. Саҳми соҳа дар ММД ба 2,1 дарсад ва шумораи субъектҳои сайёҳӣ ба 255 адад расонда шуд.
Ҳамаи ин дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти рушди сайёҳӣ мебошад, ки ба шарофати дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати хирадмандонаи «дарҳои кушода»-и Ҳукумати мамлакат даст доданд.
Соли 2019 тарғибу ташвиқи соҳа маҷрои нав гирифт. Дар ин сол иқтироди сайёҳии кишвар дар хориҷи кишвар бо талошҳои Кумитаи рушди сайёҳӣ бештар роҳандозӣ гардид. Сайрҳои матбуотии кишварҳои ҳамсоя ва дуру наздик ташкил шуданд. Чорабиниҳои зиёди фарҳангиву сайёҳӣ, ҷашнвораву ҳамоишҳои гуногун баргузор гардиданд, ки ба шинохти беҳтару бештари Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намуданд.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои муассир дар пешрафти соҳа соли 2019 дар мамлакат ташрифи шумораи зиёди сайёҳон мушоҳида шуд, ки нишондиҳандаи ниҳоии онҳо қариб ба 1 миллиону 300  ҳазор нафар расид. 
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ду соли охир, яъне солҳои 2018-2019 соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат ба сатҳи бесобиқа пеш рафт. Қариб дар тамоми минтақаҳои кишвар инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва сарироҳӣ барои хизматрасонӣ ба ҷаҳонгардон бунёд ёфтанд. Роҳҳо таъмиру таҷдид шуданд.  Имкониятҳои сайёҳии мамлакат ҳар чи бештар муаррифӣ гаштанд. Дар соли 2020 интизориҳо аз соҳа зиёд буданд, мутаассифона, дар пайи пандемияи ҳамагир сайёҳӣ ба таври муваққатӣ боздошта шуд. Вале, ба гуфтаи мутахассисон, ин давраест, ки бояд камбудиҳои ҷойдошта бартараф, мушкилиҳо ҳал ва монеаҳо бардошта шаванд. Ва барои расидан ба ҳадафҳои ниҳоӣ масъулону алоқамандони соҳа пайваста бо истифода аз фурсат чораҳо андешанд. Маврид ба зикр аст, ки барои рушди сайёҳӣ дар кишвар тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар амал татбиқ гардида, нуқтаҳои қабули сайёҳон, аз ҷумла фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва маҳаллӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва терминалҳои нақлиётӣ ба таври муосир ба роҳ монда мешаванд. Ҳамчунин, бренди сайёҳии Тоҷикистон васеъ тарғибу ташвиқ гардида, бо созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқгардонии маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ ҷоннок мегардад.

Ш. ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2020    №: 212    Мутолиа карданд: 1988
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед