logo

Хабарҳо

БА ШИРКАТҲОИ БУЗУРГИ РУСӢ ДАЪВАТ КАРДАНИ БИНОКОРОН АЗ ТОҶИКИСТОН ИҶОЗАТ ДОДА МЕШАВАД

Sputnik. - Дар Россия масъалаи имтиёзҳои иловагӣ барои корфармоён, ки муҳоҷиронро киро мекунанд, ҳалли худро меёбад, - гуфт муовини вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии ФР Никита Стасишин.
Ширкатҳои бузурги сохтмонӣ мумкин аст барои овардани муҳоҷирон аз кишварҳои ИДМ тибқи рӯйхатҳо иҷозат гиранд. Стасишин қайд кард, ки, пеш аз ҳама, ин тағйирот барои таъмини вуруди муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Россия дахл хоҳад дошт. Ин, ҳатто, дар вазъияти душвори эпидемиологӣ вуруди муътадили муҳоҷирони меҳнатиро ба вуҷуд меорад.
Ҳамзамон, корфармоён барои таъмини амнияти саломатии муҳоҷирон "аз лаҳзаи қабули қарори вуруд то лаҳзаи бозгашти онҳо ба хона" масъуланд.


ТЕРРОРИСТҲО ДАР ВЕНА ЯКБОРА БА ШАШ ИНШООТ ҲАМЛА ОВАРДАНД
ORF TV. Дар натиҷа ду нафар ҳалок ва 15 тан захмӣ шуд.
Канслери Австрия Себастян Куртс ҳодисаро теракт унвон кард.
Чуноне политсия иттилоъ дод, шоми 2 ноябр чанд ҷинояткори мусаллаҳ дар пойтахти мамлакат якбора ба шаш иншоот ҳуҷум карданд. Бино ба маълумоти ВАО, яке аз ҳадафи онҳо каниса гашт. Як террорист маҳв шуду камаш як нафари дигар фирор намуд. Неруҳои мусаллаҳи кишвар алъон иншооти пойтахтро ҳифз мекунанд. Дар Вена 3 ноябр хонандаҳоро аз дарс озод карданд.


ДАР ТУРКИЯ БАЪДИ СЕ РӮЗИ ЗАМИНҶУНБӢ ДУ КӮДАКРО
ЗИНДА ЁФТАНД
ВВС. Онҳоро наҷотбахшон дар шаҳри Измир аз зери бинои харобгашта берун оварданд.
Алиф Перинчеки сесола зери харобаҳои бинои истиқоматӣ 65 соат монда буд. Ӯ 106-ум нафаре шуд, ки наҷот доданд. Каме барвақттар, пас аз 58 соати заминларза, Идил Сирини 14-сола ёфт шуд.
Заминҷунбии 6,7-балла дар Измир рӯзи ҷумъа рӯй дод. Бар асари он 110 нафар ҳалок гашта, беш аз 1000 тан осеб дид, ки аз онҳо 147 нафар айни ҳол дар беморхонаҳо мебошанд. Заминҷунбӣ ҳудуди Юнонро низ фаро гирифта, дар ҷазираи Самос харобкорӣ кард.


ШВЕДСИЯ МЕТАВОНАД НАХУСТИН КИШВАРИ ҒОЛИБИ COVID-19 ГАРДАД
АИР «Новости». - Ин мамлакат имкон дорад аввалин давлате шавад, ки масунияти шаҳрвандонаш ба 60 - 70 дарсад расад. Ин дараҷаи масуният имкони аз байн бардоштани пандемияи коронавирусро медиҳад, - гуфт мутахассиси сироятҳои хавфнок Владислав Жемчугов.
- Ба фикрам, Шведсия аввалин шуда ба дараҷаи 60 - 70 дарсади масуният аз коронавирус мерасад. Ин аз он ҳисоб ба даст меояд, ки дар ин кишвар коронавирусро «ба озодӣ сар додаанд» ва барои пешгирӣ аз паҳншавияш ягон тадбирҳои маҳдудсоз нест, - гуфт ӯ.
Чуноне Жемчугов тавзеҳ дод, ин усул барои кишваре созгор аст, ки аз тибби худ дилпур ва дорои имконияти зарурӣ бошад, то ки аксари беморони вазнинро наҷот дода тавонад.


ТУРИЗМИ ҶАҲОНӢ БИНОБАР ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС $730 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД
АИР «Новости». Тӯли ҳашт моҳи гузашта сафарҳои сайёҳӣ дар дунё 70 дарсад коҳиш ёфт ва зарари коронавирус ба соҳа $730 миллиардро ташкил дод, - хабар додааст Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ.
Тибқи маълумоти ниҳод, дар моҳи июл назар ба июн сафар 81 дарсад, дар август 79 дарсад кам шуд.
- Ин таназзул оқибати гарони иқтисодию иҷтимоӣ дошта, миллионҳо ҷои кор ва ширкатҳои туристиро зери хатар мегузорад. Вазъияти буҳронӣ зарурати барқарорсозии бехавф, саривақтӣ ва ҳамоҳангшудаи соҳаро тақозо дорад, - изҳор дошт сарвари созмон Зураб Пололикашвили.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 698
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед