logo

Хабарҳо

ҲАҶҶИ УМРА. АРАБИСТОНИ САУДӢ РӮЙХАТИ КИШВАРҲОРО ЭЪЛОН КАРД

Sputnik. Арабистони Саудӣ рӯйхати мамлакатҳоеро, ки шаҳрвандони онҳо қатъи назар аз паҳншавии коронавирус метавонанд барои иҷрои маносики ҳаҷҷи умра ба ин кишвар сафар кунанд, эълом кардааст.
Дар он Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Туркия, Озарбойҷон ва Беларус сабт шудаанд. Арабистони Саудӣ пазироии шаҳрвандони хориҷӣ аз 108 кишварро, ки мехоҳанд ҳаҷҷи умраро иҷро намоянд, аз аввали ноябр оғоз мекунад.
Боиси тазаккур аст, ки Арабистони Саудӣ пас аз сабти аввалин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба хотири пешгирии паҳншавии он, муваққатан вуруди афродро барои адои ҳаҷҷи умра ва зиёрати масҷиди Паёмбар манъ карда буд.


ЛАВРОВ: «БА ИСЛОҲОТИ КОНСТИТУТСИОНӢ ДАР БЕЛАРУС НАБОЯД КАСЕ ДАХОЛАТ НАМОЯД»
«КоммерсантЪ». -Ислоҳоти конститутсионӣ дар ин кишвар барои муколамаи умумимиллӣ шароити мусоид фароҳам меорад,- иброз дошт вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров.
- Ҳукуматдорони кишвар ба ин раванд табақоти васеи аҳолиро ҷалб месозанд ва инро нодида гирифтан хилофи ақли солим аст. На Россия, на ягон давлати дигар ба анҷом додани ин кор набояд дахолат кунанд,- таъкид дошт дипломат.
Ба гуфтаи ӯ, ба касе пӯшида нест, ки Россия, дар маҷмӯъ, аз ташаббуси президент Лукашенко доир ба ислоҳоти конститутсионӣ ҷонибдорӣ мекунад. Муҳим он аст, ки ҳукуматдорони Беларус пешниҳоду дархости одамони одиро доир ба тағйирот ба санади асосӣ ба инобат гиранд.


СҶТ ВАЗЪИ ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС ДАР ҶАҲОНРО НИҲОЯТ ВАЗНИН МЕШУМОРАД
ТАСС. Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Мелита Вуйнович иброз дошт, ки феълан дунё марҳилаи басо вазнини пандемияи коронавирусро аз сар мегузаронад.
- Вазъият, махсусан, дар нимкураи шимолӣ нигаронкунанда аст. Як қатор кишварҳо дар ҳолати душвор қарор доранд. Чанд моҳи оянда басо вазнин хоҳад омад,- гуфт намояндаи СҶТ.
Бо зикри суръатгирии паҳншавии коронавирус, ӯ, ҳамчунин, таъкид дошт, ки вақтҳои охир теъдоди фавт ҷиддан боло намеравад.
Тибқи маълумоти охирон, дар дунё аз COVID – 19 47,6 миллион нафар сироят ёфта, 1,22 миллион фавтид ва 34,1 миллион сиҳат шуд.


ОМИЛЕ, КИ ХАВФИ СИРОЯТИ COVID – 19-РО ПАНҶ МАРОТИБА КАМ МЕКУНАД
rg.ru. Доктори илми биологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Норилск Сергей Нетесов, бо истинод ба тадқиқоти ҳамтоёни чинияш, гуфт, ки вақти бо айнак гаштан, ба коронавирус панҷ маротиба камтар гирифтор мешаванд.
Маҳз дар Чин ин раванд бармало зуҳур кардааст, зеро дар ин кишвар линзаҳоро хуш надоранд ва зимни ин аксарият айнак мегиранд.
- Аз ин рӯ, дар ин кишвар шумораи мубталоёни бемории коронавирус, ки бо айнак мегарданд, кам буда, ҳамагӣ 10 дарсади гирифторонро ташкил медиҳад,- гуфт Нетесов.
Ӯ зикр намуд, ки роҳи асосии сироятёбӣ бинӣ ва луоби чашм аст.


ҚАЗОҚИСТОН БОЗДОШТИ НИЗОМИ БЕРАВОДИД БАРОИ 57 КИШВАРРО ТАМДИД СОХТ
АИР «Новости». Ин амал, ҳамчунин, кам кардани парвози ҳавопаймоҳо ба Туркияро, бинобар вазъияти пандемияи коронавирус, рӯи кор овард, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати Қазиқистон.
Боздошти низоми бераводид барои шаҳрвандони 57 давлат то 1 майи соли 2021 дароз мешавад.
Будубоши 72-соатаи бераводидӣ дар ҳудуди Қазоқистон барои мусофирони транзитӣ аз Чин ва Ҳиндустон то 1 январи соли оянда тамдид шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 697
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед