logo

Хабарҳо

САМБО. ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ЧОР МЕДАЛ БА ДАСТ ОВАРДАНД

6 – 8 ноябр дар шаҳри Нови-Сади Сербия Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо баргузор гардид. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS), дар Чемпионати ҷаҳон миёни мардону занон ва наврасон наздики 400 варзишгар аз 30 кишвари дунё иштирок дошт. Дар ин мусобиқоти бонуфуз аз Тоҷикистон Комроншоҳ Устопириён (90 килограмм), Хушқадам Хусравов (62 килограмм) Акмалиддин Каримов (57 килограмм) ва Самеъҷон Абдушукуров (миёни наврасон, 87 килограмм, самбои варзишӣ) ширкат карда, соҳиби 4 медал (нуқра ва се биринҷӣ) гардиданд.
Медали нуқраро Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик, ба даст овард. Акмалиддин то даври финалӣ Нгуен Рубин (Франсия), Бектош Назаров (Ӯзбекистон) ва Андрей Лашичуки украиниро шикаст дод, дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Владимир Гладкихи русиягӣ бо ҳисоби 0:1 ноком шуд. Зимнан, бояд гуфт, ки ин чорумин финал барои Акмалиддин Каримов буд.
Паҳлавони дигари тоҷик Комроншоҳи Устопириён рақибаш Шокирӣ ал-Ҳаюниро (Марокаш) мағлуб намуда, баъдан аз қаҳрамони бисёркаратаи ҷаҳон Сергей Рябови русиягӣ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Сипас, Комроншоҳ барои ҷойи севум бар Ярослав Давядчук (Украина) бо натиҷаи калони 6:0 зафар ёфт.
Хушқадам Хусравов бошад, дар рақобати аввал аз Александр Матайс (Россия) шикаст хӯрда, дар даври тасаллобахш бар самбочии сербиягӣ Небоҷса Николис пирӯз гардид. Барои гирифтани мақоми сеюм Фарҳод Абжалиеви қирғизро ноком кард.
Инчунин, як медали дигарро миёни наврасон Самеъҷон Абдушукуров ба даст овард.


"МАСТЕРС" - И ПАРИЖ . ҒАЛАБАИ МЕДВЕДЕВ
БАР ЗВЕРЕВ ДАР ФИНАЛ
Теннисбози рус Даниил Медведев дар вохӯрии ниҳоии мусобиқаи «Мастерс»-и Париж рақиби олмониаш Александр Зверевро бо ҳисоби 2:1 (5:7, 6:4, 6:1) шикаст дода, аввалин ҷоизаашро дар соли 2020 ба даст овард, - хабар медиҳад сомонаи спорт.ру.

Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 539
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед