logo

Хабарҳо

Путин: «Мабдаи терроризми байналмилалӣ дар Сурия амалан барҳам зада шуд»

ТАСС. - Ин амалиётро Россия дар ҳамдастӣ бо Эрон ва Туркия анҷом дод, - иброз дошт Президенти ФР Владимир Путин дар видеомуколама бо ҳамтои суриягии худ Башор Асад.
- Бо талоши муштарак мо ба амалан нест кардани мабдаи терроризми байналмилалӣ дар Сурия муваффақ гаштем. Рӯзгори осоишта ба маҷро медарояд, раванди сиёсӣ таҳти васояти СММ сурат мегирад,— гуфт Путин.
Чуноне президент афзуд, наздики 6,5 миллион шаҳрванди Сурия гуреза шуд, ки метавонистанд дар барқарорсозии мамлакат саҳм гузоранд.
Ӯ изҳори умед намуд, конференсияи байналмилалӣ оид ба гурезаҳо ва ашхоси кӯчида, ки 11 - 12 ноябр дар Димишқ баргузор мешавад, раванди бозгашти гурезаҳо ба Сурияро метезонад.


Саммити СҲШ дурнамои ҳамкориҳоро ба таври фосилавӣ баррасӣ намуд
INTERFAX.RU. 10 ноябр таҳти раёсати Президенти Россия Владимир Путин ҷаласаи Шӯрои сарварони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба таври видеоконференсия доир гашт.
Дар рафти он вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои кишварҳои ниҳод баррасӣ шуда, оид ба умдатарин масоили байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Бо ҳамин раёсати Россия дар СҲШ дар солҳои 2019-2020 ба охир расид.


Абдулло Орипов ташкили «долонҳои сабз» - ро дар ИДМ дар давраи пандемияи коронавирус муҳим мешуморад
АИР «Новости». - Кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шароити хуруҷи COVID-19 бояд «долонҳои сабз» - ро роҳандозӣ карда, тарифҳои нақлиётиро такмил диҳанд, - гуфт Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов.
Бино ба таъкиди ӯ, дар ин давраи буҳронӣ чунин тадбирҳо, пеш аз ҳама, барои таҳвили саривақтии маводҳои ҳаётан муҳим - ғизо, доруворӣ, маводи тиббӣ заруранд.
- Аз ин рӯ, зарурати объективии такмили сиёсати тарифӣ, тартибу қоидаҳои маъмурӣ, имтиёзҳо ба ҳамдигар барои ҳамлу нақл ва транзит, рақамисозии маҷмӯии инфрасохтори нақлиётӣ ба миён омадааст, - зикр намуд сарвазир.


Дар Департаменти давлатӣ зарурати муколама бо Москваро таъкид карданд
ТАСС. - Рушди муносибат бо Россия дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба масъалаи «ниҳоят сиёсишуда» табдил ёфта бошад ҳам, Вашингтон бо Москва муколама доштанро зарур медонад, - изҳор намуд муовини аввали котиби давлатии ИМА Стивен Бигэн.
- Тибқи мавқеи президент ва котиби давлатии ИМА, бо вуҷуди байнамон будани ихтилофи гуногуни ҷиддӣ, мо бояд бо Федератсияи Россия гуфтушунид барем, - тавзеҳ дод Бигэн.
Ба гуфтаи ӯ, ҳизбҳои ҷумҳурихоҳ ва демократӣ имконияти ба роҳ мондани муносибат бо Москваро пайдо кардан мехоҳанд.


Олимони британӣ имкони истифодаи аспиринро дар табобати COVID-19 таҳқиқ месозанд
The Guardian. Дар Британия зимни тадқиқи роҳҳои табобати бемории COVID-19 аспиринро меозмоянд, ки чун доруи тунуксози хун маъруф аст.
Ба мубталоёни COVID-19 хатари калони тамбашавии хун дар рагҳо таҳдид мекунад. Чун аспирин хунро тунук месозад, метавонад ин хавфро коҳиш диҳад.
Ҳангоми тадқиқот, ба беморон ҳар рӯз, бар замми табобати муқаррарӣ, 150 мг аспирин медиҳанд. Сипас, маълумоти ин маризонро бо онҳое қиёс мекунанд, ки муолиҷаи маъмулӣ гирифтаанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 554
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед