logo

Хабарҳо

КИШВАРҲОИ ОСИЁ ОИД БА КАЛОНТАРИН ДАР ҶАҲОН МИНТАҚАИ ТИҶОРАТИ ОЗОД ПАЙМОН БАСТАНД

АИР «Новости». Понздаҳ давлати минтақаи Осиё - уқёнуси Ором дар ҳошияи ҳамоиши Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АСЕАН) доир ба Шарикии ҳамаҷонибаи минтақавии иқтисодӣ паймон ба тасвиб расонданд, - иттилоъ медиҳад Вазорати молияи Чин.
Ба паймон Чин, Австралия, Зеландияи Нав, Корея, Ҷопон ва даҳ кишвари  ACEAH – Бруней, Мянма, Камбоҷа, Индонезия, Лаос, Сингапур, Малайзия, Филиппин, Таиланд ва Ветнам шомил шуданд. Саҳми онҳо сеяки маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Паймон ба барқарорсозии иқтисодии ин кишварҳо пас аз пандемияи коронавирус мусоидат хоҳад кард. Мавриди тазаккур аст, ки кори ташкили МТО ҳанӯз соли 2012 шурӯъ шуда, дар ин муддат беш аз 30 давраи гуфтушунид баргузор гашт.


«СПУТНИК V»-РО МЕТАВОНАНД БА РӮЙХАТИ ВАКСИНАҲОИ БА ИСТИФОДАИ ФАВРӢ ТАВСИЯДОДАИ СҶТ ВОРИД СОЗАНД
АИР «Новости». Созмони ҷаҳонии тандурустӣ масъалаи ба рӯйхати мазкур шомил намудани ваксинаи русӣ алайҳи коронавирусро баррасӣ мекунад.
Дар ниҳод таъкид доштанд, ки шомилсозии он бо риояи шарти мувофиқати дору ба меъёрҳои зарурӣ сурат мегирад. Ба  гуфтаи  намояндаи   созмон, СҶТ  бо ин мақсад бо  пажӯҳишгоҳи  илмию тадқиқотии   эпидемиология ва микробиологияи Гамалей дар робита мебошад.
«Агар муқаррар шавад, ки ин ваксинаи барои баҳодиҳӣ пешниҳодшуда ба меъёрҳои ҳатмӣ созгор мебошад, СҶТ онро ба рӯйхат ворид карда, аз ин хусус расман иттилоъ медиҳад», - афзуд манбаъ.


ОЛИМОН ДАР МУБОРИЗА БО COVID-19 ҚАТРОНРО 99,9 ДАРСАД САМАРАБАХШ МЕШУМОРАНД
АИР «Новости». Қатрон барои чайқондани даҳон метавонад ба чораҳои рӯзмарраи муҳофизатӣ -  шустани дастҳо, фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқоб иловаи муфид гардад, - мегӯянд олимони озмоишгоҳи мустақили байналмилалии Microbac Laboratories.
Чуноне онҳо маълум карданд, ҳангоми истифодаи қатроне, ки моддаи 0,07 фоизаи CPC (сетилпиридиния хлорид) дорад, аллакай, пас аз 30 сония он  99,9 дарсади штамми коронавирусро безарар мегардонад.
Вале дар баробари ин, олимон таъкид доштанд, ки истифодаи қатрон боздошти пурраи интиқоли вирусро аз одам ба одам кафолат намедиҳад.


ДАЙВЕРИ МИСРӢ РЕКОРДИ ҶАҲОНИИ ЗЕРИ ОБ ИСТОДАНРО НИШОН ДОД
Divernet. Аквалангчӣ аз Миср Саддом ал-Килонӣ дар баҳри Сурх 145 соату 30 дақиқаро зери об гузаронд, ки рекорди ҷаҳонӣ мебошад.
Зикр меравад, ки барои ба ин натиҷаи ҳайратангез расидан шиновари 29 - сола Ал-Килонӣ панҷ сол пайваста тамрин намуд. Ӯ соли 2017 зери об 121 соат истода буд.
Рекорди қаблии ҷаҳонӣ 142 соату 47 дақиқаро ташкил медод.  Алъон, дайвери мисрӣ интизори сабти натиҷааш дар Китоби рекордҳои Гиннес мебошад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 566
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед