logo

илм

ПАЖӮҲИШГОҲҲОИ ИЛМӢ. ОЁ ҲАМАИ ОНҲО БО ОЗМОИШГОҲҲОИ ЗАМОНАВӢ ТАЪМИНАНД?

Илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ - физика, химия, геология, биология, биотехнология, зоология, тиб, астрономия, агрономия, архитектураву амсоли инҳо  илмҳое мебошанд, ки  танҳо дар асоси таҷрибаҳои бевосита вуҷуд доранд ва олимони ин соҳа бидуни таҷҳизоти зарурӣ таҳқиқоти дақиқ бурда наметавонанд. Ба таври дигар гӯем, заминаи хуби моддию техникӣ асоси мавҷудияти илмҳои зикршударо ташкил медиҳад.
Замонҳое, ки олим тани танҳо дар лабораторияи тангу торик бо асбобҳои косибона сохташуда ба тадқиқу озмоиш машғул мешуд, гузашта рафтанд. Акнун фазои лабораторияҳо “аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал” васеъ шудаасту уфуқи тафаккурашон аз модели гелиосентрӣ то «Мултиверс» расидааст, мегӯянд коршиносон, ки воқеан ҳам, чунин аст. Ҳоло танҳо илме мутаррақӣ ҳисобида мешавад,  ки  дар асоси озмоишҳои наву замонавӣ ба вуҷуд омадаву дар таҷриба собит шудааст. Аммо мавзӯи баҳси мо ин аст, ки оё заминаи моддӣ - техникии институтҳо, марказ ва муассисаҳои илмии кишвар ба ин талабот ҷавобгӯянд? Пайи дарёфти посух аз чанд институти илмии кишвар дидан намудем.

ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ СУЛТОН УМАРОВ БА ДАСТГИРИИ ҶИДДӢ НИЁЗ ДОРАД
Ба институт солҳои охир якчанд лабораторияи ҷадид аз қабили «Лидар», ки аз навтарин технологияи таҳқиқи таркиби атмосфера маҳсуб меёбад ва баъзе намуди дигар асбобҳо ворид шуда бошанд ҳам, аммо ин мушкилии норасоии лабораторияҳои ҷадидро бартараф намуда натавонист.  Ҳоло институт дар ин самт ба дастгирии ҷиддӣ ниёз дорад. Зеро асбобҳои  муҳими илмӣ куҳна ва корношоям гардида, кайҳост  ҷавобгӯи талабот нестанд. Ин яке аз сабабҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ набудани таҳқиқоти озмоишии олимони соҳа низ мебошад.
- Барои дар сатҳи баланд гузарондани корҳои илмӣ - таҷрибавӣ асбобҳои гаронарзиш зарур мебошанд. Аммо барои дастрас намудани чунин дастгоҳҳо дар буҷети институт маблағ пешбинӣ нашудааст. Ҳоло сухан на танҳо аз боби лаборатория ва асбобҳои замонавӣ, балки дар бораи системаи  омодасозии кадрҳо низ меравад. Зеро кадрҳои баландихтисосро танҳо бо сухан омода карда намешавад, балки донишу малакаи онҳоро бо таҷрибаҳои амалӣ бояд мукаммал намуд, ки барои ин таҷҳизоту лабораторияҳои муосир лозим аст, - мегӯяд Фарҳод Шокир, директори институт.
Дар институт ҳоло 2 хатмкардаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов ба кор қабул шудаанд, ки рисолаи илмии онҳо ба моделсозии паҳншавии нурҳои кайҳонӣ вобаста аст. Барои гузарондани корҳои омӯзишӣ ба онҳо компютери пурқувват ва муҷаҳҳази дараҷаи I7 зарур мебошад. Аммо чунин компютерҳо дар институт мавҷуд нестанду дархости роҳбарият барои дастрас намудани онҳо то ҳол натиҷа надодаанд.

АГАР КОРМАНДОН ИМКОН МЕДОШТАНД…
Ҷавобгӯи талаботи давр набудани озмоишгоҳҳои  маркази илмии Хатлон роҳбари ин муассисаи илмиро низ ба ташвиш овардааст. Марказ, ки дар заминаи Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб ба мақсади роҳандозии корҳои илмию таҳқиқотӣ ва дар хоҷагии халқ истифода намудани захираҳои имконпазири вилояти Хатлон таъсис ёфтааст, то чанд сол пеш ҳатто бинои асосӣ надошт. Ин мушкил дар замони соҳибистиқлолии кишвар бартараф шуд, аммо набудани лабораторияи озмоишии замонавӣ ҳамоно аз масъалаҳои ҳалношудаи марказ боқӣ мондааст.
- Дар доираи ҳамкорӣ бо институтҳои ботаникии хориҷи кишвар ва бо роҳи азхуд кардани грантҳои хурд дар марказ баъзе дастгоҳҳо ворид ва насб шудаанд, аммо ин ҳоло талаботи моро  пурра қонеъ карда наметавонад. Яъне, ҳоло озмоишгоҳи зарурӣ надорем. Ба ин хотир, дар доираи имконият бештар ба парвариши дарахт, гулу буттаҳо  машғулем  ва роҳҳои дурусти парвариши онҳоро меомӯзем. Агар лабораторияи барои соҳа зарурӣ медоштем, метавонистем парвариши гул ва дарахтони арзишмандеро, ки ҳоло бо нархи гарон аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, ба роҳ монем, - гуфт Мариё Бобоев, директори марказ. 

МУАССИСАИ ИЛМӢ - ТАДҚИҚОТИИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИННОВАТСИОНИИ НАЗДИ АМИТ  НОМИ КАЛОНУ…
Бо шунидани ин ном пеши назаратон маркази бузурги илмии муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои нав ва лабораторияҳои замонавӣ меояд? Мо низ қаблан ҳамин гуна андеша доштем. Аммо боздид аз он, фикри моро ба куллӣ тағйир дод. Ин муассиса, ки соли 2017 таъсис ёфтааст, бе муҳобот ба хотири кас мақоли машҳури «Номи калону шаҳри вайрон» - ро меорад. Магар бинои куҳнаву фарсуда метавонад маркази тадқиқотии технологияи инноватсионӣ бошад?  Ва ё бо ворид ва насби чанд дастгоҳе, ки беш аз 40 сол умр дорад, метавон дар марказ тадқиқоти инноватсионӣ анҷом дод?  Мутаассифона, ин «маркази инноватсионӣ» айни замон дар ана ҳамин гуна шароит қарор дорад. Кормандони марказ таҳқиқу омӯзишро дар  4 самте, ки аз нуқтаи назари олимон барои рушди имрӯзу фардои иқтисоди кишвар зарур аст, роҳандозӣ  намудаанд. Аммо бо чунин шароити кор ба мақсад мерасанд ё не вақт нишон хоҳад дод.

МУШКИЛИ АСОСИИ ИНСТИТУТИ  АСТРОФИЗИКА БАРТАРАФ ГАРДИД
Дубора  барқарор гардидани Расадхонаи байналмилалии Санглох дар соли 2016 ва таъмири пурраи телескоп мушкилии асосии Институти астрофизикаро бартараф намуду дар рушди илмҳои астрономия ва астрофизика, бозёфтҳои нави илмӣ нақши созгор гузошт. Ба воситаи он олимони соҳа акнун дар масофаи то 200 миллион километр таҳқиқоти муҳими астрономӣ анҷом медиҳанд ва ҳатто ҷирмҳои андозаашон хурди 5 - 10 - сантиметраро дар масофаи то 40 ҳазор километр мушоҳида ва сабт менамоянд.
Ба иттилои Гулчеҳра Қоҳирова, директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо аз чунин масофа анҷом додани таҳқиқот ва мушоҳидаи ҷирмҳои андозаашон хурдро  дар ягон расадхонаи ҷаҳон наметавон анҷом дод. Чун дар кӯҳистони Санглохи ноҳияи Данғара, дар баландии зиёда аз 2300 метр аз сатҳи баҳр  тӯли сол 230 шаби соф мавҷуд аст, ситора ва дигар ҷирмҳои осмонӣ хеле хуб мушоҳида мешаванд.
Ҳоло натиҷаҳое, ки дар Санглох ба даст меоянд, аҳамияти ҷаҳонӣ доранд ва дастраси олимони дунёанд.
Расадхонаи астрономии Ҳисор низ, ки ду телескоп дорад фаъол мебошад. Аммо расадхонаи астрономии  Помир ва телескопи он ба таъмири асосӣ ниёз дорад.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2020    №: 223    Мутолиа карданд: 1449
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед