logo

Хабарҳо

ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

Сокинони шаҳри Ваҳдат бо ҳисси  баланди ватандӯстӣ баҳри ободу пешрафти он саъю талоши ҳамешагӣ доранд. Маврид ба зикри хос аст, ки имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамчунин, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша, шаҳраку деҳоти он сол то сол зебо гашта, бунёди иншооти  муҳими таъйиноташон гуногун, инчунин, таъмиру навсозии роҳу кӯчаҳои маҳаллаҳо ба шаҳр ҳусни нав зам намудаанд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони зиёда аз 610 иншоот дар назар аст, ки айни замон беш аз 400 - тои он мавриди истифода қарор гирифт ва 522 нафар бо ҷои кор таъмин гардид. Тайи нуҳмоҳаи соли равон дар маркази шаҳр ва деҳот 12 муассисаи таълимӣ, 11 майдончаи варзиш, 5 бунгоҳи тиббӣ, 8 бинои истиқоматии баландошёна, марказҳои хизматрасонӣ, дар маҷмӯъ, наздики 60 бино бунёд гашт.
Боиси тазаккур аст, ки моҳи октябри соли ҷорӣ зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат чанд иншоот ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, бинои истиқоматии 10-ошёнаи маркази шаҳр, ки бо тарҳи зебову муосир бунёд ёфтааст. Он дорои 54 ҳуҷра буда, аз ҷониби соҳибкор Абдусамад Нарзиқулов эъмор гардид. Дар ошёнаи якуми бино коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаи фурӯши армуғон, матоъҳои миллӣ ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ мавҷуданд.
Ба пешвози сазовори ҷашни миллӣ ҳоло дар шаҳраку деҳоти шаҳр ободкориҳо вусъати тоза гирифтаанд. Ояндаи наздик пулу роҳҳо навсозӣ шуда, синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзиш, марказҳои хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, ки қариб 130 нафар соҳиби ҷои кор хоҳанд гашт.

З. РАҶАБЗОДА,  “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 591
07.05.2021


13 МАЙ – РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР

ИСТАРАВШАН. ЁРИПУЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶБВ

СУҒД. ЗАХМИҲОИ ДАРГИРИҲОИ МУСАЛЛАҲОНА ЁРИПУЛӢ ГИРИФТАНД

Ч О Р К Ӯ Ҳ. ОҚИБАТҲОИ МУНОҚИШАИ МАРЗӢ БАРТАРАФ МЕГАРДАНД

06.05.2021


ИСФАРА. КУМАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ШАХСОНИ ФАВТИДА

ЁРИПУЛИҲО БА СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

ДЕВОНИ ДУШАНБЕ - ТОШКАНД

ТАВОНОИИ НЕРУГОҲИ БАРҚИ ОБИИ “ҚАЙРОҚҚУМ” БА 176 МЕГАВАТТ МЕРАСАД

ИСТИҚЛОЛ. КӮДАКИСТОНИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

“ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА”

Изҳороти G7 оид ба тағйирёбии иқлим

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

05.05.2021


ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»

Байден бо Путин вомехӯрад?

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТЕКБОЛ. ФЕДЕРАТСИЯИ НАВ ДАР ФАЗОИ ВАРЗИШИИ КИШВАР

«МИЛЛАТЕ МЕЗИСТ ДАР РӮИ ЗАМИН»

ИСФАРА.ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ДЕҲОТИ ВОРУХ, ЧОРКӮҲ ВА ХОҶАИ АЪЛО

ТОҶИКИСТОН ДАР МИЁНИ СММ ВА СҲШ МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ КУШОД

ТИБ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА. НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДДТТ БОЛО МЕРАВАД

G7 15 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА БАРОИ ТАЪЛИМИ ДУХТАРОН ҶУДО МЕНАМОЯД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

САНГВОР. ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР НИГИНИ КӮҲИСТОНИ ТОҶИК

03.05.2021


ҶАЛАСАИ ҲАЙАТҲОИ ҲУКУМАТӢ ОИД БА ДЕЛИМИТАТСИЯ ВА ДЕМАРКАТСИЯИ САРҲАДИ ДАВЛАТӢ

ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД...

ҲИФЗИ МЕҲНАТ. МУШКИЛЕ, КИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

САД РАНГИ ЧАКАН

ФУТБОЛ

30.04.2021


БАРРАСИИ ДОИРАИ ВАСЕИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ БОНКИ ҶАҲОНӢ

ПАРЛУМОН. ЧАҲОР ВАКИЛИ НАВ САВГАНД ЁД КАРД

ДДХ. ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ”ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

28.04.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ МУДОФИАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ СААД БАРГУЗОР ГАРДИД

ИММУНИЗАТСИЯ. ВАКСИНАҲО МОРО БО ҲАМ НАЗДИК МЕКУНАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед