logo

қарорҳои ҳукумат

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021»
ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2023
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» қабул карда шавад.
2. Дурнамои нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ барои:
- соли 2022 аз рӯи даромад ба маблағи 30985346 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 31499815 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 514469 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ;
- соли 2023 аз рӯи даромад ба маблағи 32250678 ҳазор сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 32825536 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 574857 ҳазор сомонӣ ё 0,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муайян карда шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат қарорҳоеро, ки  аз  ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб менамоянд, дар доираи нишон-диҳандаҳои муқаррарнамудаи хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2021-2023 қабул намояд. Ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» мувофиқи тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт нишондиҳандаҳои Буҷети давлатиро барои солҳои 2023-2024 аниқ намояд.
4. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳаҷми умумии Буҷети давлатии муқарраршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 27645795 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷот ба маблағи 28108998 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба манбаъҳои маблағгузорӣ 463203 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;
- маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағҳои тасдиқшуда мутаносибан баробари даромади воқеӣ таъмин намояд;
- бо мақсади кам кардани бақияпулӣ аз рӯи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо назардошти зарурати ихтисор кардани қарзи муассисаҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2021 ба вуҷуд омадааст, инчунин қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз рӯи андозҳо, бо тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад;
- оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- дар бораи истифодаи маблағҳои Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона пешниҳод намояд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма ҳар се моҳ аз рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 маълумот диҳад.
6. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки пӯшонидани касри буҷети ҷумҳуриявиро ба маблағи 100000 ҳазор сомонӣ бо роҳи барориши векселҳои давлатии хазинадорӣ, инчунин ҷалби грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ намояд.
7. Бонки миллии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» сари вақт ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ гузарондани андозу даромадҳоро таъмин намояд;
- аз рӯи амалиёти вобаста ба хизматрасонии уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу китоб ва пардохтҳоро оид ба уҳдадориҳои қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- бо мақсади сари вақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 мубодилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷӣ мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи қурби расмии асъор таъмин намояд;
- барои тамдид намудани муҳлати пардохти қарзи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2019 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози соли навбатии молиявӣ шартномаи дахлдорро ба имзо расонад.
8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия вогузор карда шавад.


Раиси Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон        М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 18 ноябри соли 2020, № 236
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.11.2020    №: 227    Мутолиа карданд: 1885
03.08.2021


РАВҒАНИ МОҲӢ, КУНҶИТ ВА СИЁҲДОНА ДАР ШАКЛИ КАПСУЛА

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2021

02.08.2021


Нигаронӣ аз вазъи Афғонистон

ГЕОЛОГҲОИ ҶАВОНИ ТОҶИК БА ҲАМОИШИ ИДМ РОҲХАТ ГИРИФТАНД

БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРОН ҚАДР ШУДАНД

ШАҲРИ РОҒУН. 110 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед