logo

номаҳо

 НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

 
Дар ташаккули давлатдории миллатҳои гуногуни дунё нақши шахсиятҳои  барҷаста, ки дар мукаммалсозии ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва давлат хидматҳои беназир кардаанд, мавқеи  муҳимро ишғол менамояд.
Маҳз шахсиятҳои таърихӣ тавонистанд, зимоми давлатдориро ба даст гиранду миллатро ба ояндаи нек раҳсипор созанд.
Дар таърихи давлатдории навини тоҷикон нақши Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон, Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари мардумӣ ва ғамхори ҳамешагии тоҷикистониён бориз аст, ки бо корнамоиҳои бемисли ба халқу Ватан кардаашон, номи хешро дар саҳифаи таърихи давлатдории навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт намудаанд. Фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатро аз нестӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳонданд.
Таърих гувоҳ аст, ки ташаккули давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу субот, рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа, ба амал пайвастани дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатӣ ва дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари амн шинохтану миллати тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намудан, маҳз ба шарофати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми сарбаланди тоҷик насиб гаштааст.
Фахри ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, Тоҷикистон макони иқдомҳои созанда, маркази баргузории муколамаҳои байналмилалӣ гаштаву дар ин раванд миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ эътибору мавқеи хоса пайдо намудааст.
Натиҷаи ин ҳама корнамоиҳои Пешвои миллат баҳри  пойдории давлату миллати тоҷикон дар арсаи байналмилалист, ки хурду бузурги кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвою раҳнамо дӯст медоранд ва иқдомҳои созандаашонро дастгирӣ менамоянд. 
Гулхумор МУҲАББАТОВА,
омӯзгори МТМУ № 93, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 8.12.2020    №: 235    Мутолиа карданд: 1349
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед