logo

маориф

 МАКТАБ - ИНТЕРНАТҲОИ МАХСУС БО АДАБИЁТИ ТАЪЛИМӢ ТАЪМИН МЕШАВАНД


Бо ташаббуси маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таълими фанни табиатшиносию география барои мактаб - интернатҳои кӯдакони ношунаво (кар) ва сустшунавою деркаршуда (синфҳои 4 - 7 ва 6 - 11) ба чоп расид.
Бояд гуфт, ки чанд соли охир Вазорати маориф ва илм ба мушкилиҳои муассисаҳои таълимии махсус ҷиддан диққат дода, барои ҳал кардани масоили дар атрофи фаъолияти онҳо вуҷуддошта, аз ҷумла ҷиҳати бо адабиёти таълимӣ таъмин кардани хонандагони ин намуди муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ, ,диққати махсус медиҳад.
То имрӯз барои кӯдакони ношунаво ва гунг китобҳои дарсии «Алифбо» барои мактабҳои кӯдакони шунавоияшон суст, «Алифбо» барои синфҳои тайёрии мактабҳои кӯдакони ношунаво, «Китоби хониш» барои синфи 1 мактабҳои кӯдакони ношунаво, «Талаффуз» барои хонандагони синфҳои 1 - 2 мактабҳои кӯдакони ношунаво ва «Инкишофи нутқ» барои синфи 2 кӯдакони ношунаво нашр шудаанд. Соли 2019 қисмати дуюми китоби дарсии «Имову ишора» низ интишор ёфт.
Барномаи комплексӣ оид ба варзиши мутобиқгардондашудаи хонандагони аз ҷиҳати фитрӣ инкишофнаёфтаи синфҳои I – IV мактаб - интернатҳои ёрирасон таҳия гардид. Имсол дастурҳои «Тарбияи ҷисмонӣ барои хонандагони имкониятҳои маҳдуддошта», «Ташкил ва баргузор кардани бозиҳо барои кӯдакони иллатдошта ба воситаи бозиҳои амалӣ ва машқҳо» бо қарори шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр тавсия гардиданд.
Аз маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ изҳор доштанд, ки дар ин самт бо мақолаҳои таҳлилӣ пайгирӣ кардани мавзӯи ношунавоён дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” боиси истиқбол буда, дар такмили кори таҳиягарон ёрӣ мерасонад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.12.2020    №: 236    Мутолиа карданд: 1157
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед