logo

ҳуқуқ

ТАНЗИМ. ҚОНУНШИКАН 5800 СОМОНӢ ҶАРИМА ШУД

 Рӯйи кор омадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» воқеан ҳам, дар ҳаёти сокинони кишвар як таҳаввулоти ҷиддии фарҳангию иҷтимоӣ ва дорои манофеи иқтисодӣ маҳсуб меёбад. Таҷрибаи беш аз даҳсолаи қонун собит намуд, ки дар раванди ба низом овардани маъракаю маросим корҳои муайян ба субут расиданд.
Қонуни мазкур табиати сирф миллӣ дошта, барои рушди ҷомеа, танзими ҳаёту фаъолияти ҳар як сокини мамлакат, пешгирии хурофоту шуҳратпарастӣ, исрофкорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронда шудааст. Ҳарчанд ин қонуни миллӣ барои мардум сабукӣ пеш овард, вале то ҳол ҳастанд нафароне, ки талаботи онро нодида гирифта, даст ба исрофи беҳуда мезананд.
Дар тақвияти ин гуфтаҳо метавон мисолҳои зиёд овард. Аз ҷумла, чанде қабл суди ноҳияи Сино парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбат ба сокини ноҳия Кибриё Сидиқова баррасӣ намуд. Номбурда барои тӯйи домодии фарзандаш бар хилофи талаботи банди 1 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал кардааст. Тибқи муқаррароти ин банди қонун тӯйи домодию арӯсӣ дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронда мешавад. Вале К. Сидиқова иловатан бо иштироки зиёда аз 30 нафар бо оростани дастархон дар 3 хона ба мардум зиёфат додааст. Ин кирдори ӯ бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст гардид. Номбурда дар мурофиаи судӣ ба кирдораш пурра иқрор шуда, гуфт, ки онро бинобар нофаҳмӣ анҷом додааст. Вале надонистани қонун касро аз ҷавобгарӣ озод намекунад.
Аз ин рӯ, суд Кибриё Сидиқоваро дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳгор дониста, нисбат ба ӯ, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5800 сомонӣ таъйин кард.
Дар робита ба ин, барои ҳар як шахси масъулиятшинос ва ватандӯст бояд таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат барои риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади пешгирии хароҷоти зиёдатӣ ва исрофкорӣ дар маъракаю маросим дастури амал бошад. Тавре ки таъкид намуданд: «Ҳамагон бояд дарк намоем, ки яке аз воситаҳои асосии ноил шудан ба шароити арзанда ва муназзами зиндагӣ маҳз амалӣ шудани ҳамин қонуни миллист».
Боиси тазаккур аст, ки нақши ин қонунро дар болоравии сатҳи зиндагии мардуми кишвар коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ эътироф намудаанд. Воқеан, таҷрибаи кишвари мо дар бисёр масъалаҳо, аз ҷумла доир ба танзими расму оинҳо, барои дигар давлатҳо омӯхтанист. Аз ин рӯ, ҳар як нафарро зарур аст, ки таъкидоти пайвастаи Пешвои миллатро дар масъалаи сарфаю сарриштакорӣ сармашқи кори худ қарор дода, дар амалисозии қонуни миллӣ саҳми муносиби худро гузорад.
Ш. МУСТАФОЗОДА,
судяи суди ноҳияи Сино,
Маҳмуд БАҲРОМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.12.2020    №: 236    Мутолиа карданд: 562
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед