logo

барқияҳо

Барқияи тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандону наздикони шаҳрвандони мамлакат, ки бар асари ҳодисаи террористӣ дар шаҳри Маскав ҳалок гардидаанд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба пайвандону наздикони шаҳрвандони мамлакат, ки бар асари ҳодисаи террористӣ дар шаҳри Маскав ҳалок гардидаанд, барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
Амалиёти даҳшатангези террористӣ, ки 29-уми марти соли 2010 дар метрополитени шаҳри Маскав рӯй дода, боиси ҳалокати даҳҳо одамон гардид, моро сахт андӯҳгин сохт.
Мо ин амали бадкирдоронаро, ки ҳадафаш халалдор кардани субот дар ҷомеа ва низоъ андохтан дар байни мардум мебошад, қатъиян маҳкум намуда, ба хешу ақрабои ҳалокшудагон таъзия ва ҳамдардӣ изҳор менамоем.
Дар байни фавтидагон 3 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳам мебошад. Аз марги фоҷианоки ҳамватанонамон огоҳӣ ёфта, бо эҳсоси ғаму андӯҳи зиёд ба аҳли хонавода ва хешу табори онҳо изҳори ҳамдардии амиқ баён месозам.
Тамоми хароҷоти марбут ба интиқолу дафни ҳамватанони ҳалокшударо Ҳукумати Тоҷикистон ба зиммаи худ мегирад.
Бори дигар ба пайвандону наздикони қурбониёни ҳодисаи террористии шаҳри Маскав ҳамдардии худро баён карда, ба онҳо аз даргоҳи Худованди мутаол сабри ҷамил хоҳонам.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2729
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед