logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!

 
9 сентябри соли 2019 дар шаҳри Роғун Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тугмаи рамзии бакордарории агрегати дуюми иншооти беназири корнамоии меҳнатӣ ва заковати муҳандисии миллати тоҷик – Неругоҳи барқи обии «Роғун» - ро пахш намуда, бо камоли шодмонию ифтихор ва дилпурӣ аз ояндаи нек «Тоҷикистон, ба пеш!» гуфтанд. Ҳамон лаҳзаҳои фархунда ин нидо замину замонро фаро гирифта, дар қалби хурду калон танинандоз гашт, онҳоро ба ҳам пайваст. Маҳз дар ҳамон лаҳзаи тавлиди барқи агрегати дуюм садо додани ин шиор комилан табиисту рамзист. Зеро маҳз ҳамин неругоҳи муҳташаму тавоно Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба шоҳроҳи рушду пешрафти бемисл мебарорад. Сарвари давлат халқи хешро бо ин шиорнидо ба кишвари шукуфон табдил додани Тоҷикистони маҳбуб даъват намуданд.
«Тоҷикистон, ба пеш!» имрӯз ба бренди созандагию ободкории мардуми заҳматпешаву меҳанпарвари кишвар табдил ёфтааст. Он дар раванди омодагӣ ба истиқболи сазовори фархундаҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қариб се сол инҷониб идома ёфта, симои шаҳру навоҳиро дилработар месозад, далели ба як рабту оҳанг задани қалбҳои мардум бо Пешвои бо дилу ҷон баргузидаашон шудааст.
То ин санаи фаррухпай камтар аз як сол монда, ки бинобар авҷи корҳо зуд хоҳад расид. Аз ин хотир, «Ҷумҳурият» тасмим гирифт, то ба он рӯзи муборак таҳти унвони «Тоҷикистон, ба пеш!» аз кору пайкори бобарори аҳли заҳмати шаҳру навоҳӣ гузоришҳои вижа омодаву нашр созад, ки инъикосгари ормонҳои миллӣ бошанд.
Инак, нахустин саҳифаи ин силсила аз шаҳри бостонии Панҷакент манзуратон мегардад.
 
РУСТО НАМОИ ШАҲР МЕГИРАД
Холисан гӯем, дар ягон давру замон дар Панҷакент  тӯли ҳамагӣ чор сол бунёди зиёда аз 400 иншоот ба нақша гирифта нашудааст. Чунин ҳиммат баланд гирифтани аҳли заҳмати шаҳри бостонӣ дар заминаи имконияти мавҷуда армуғони шоистае хоҳад шуд ба ҷашни мубораки 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ва агар афзоем, ки то имрӯз, аллакай, беш аз 330 иншооти гуногун мавриди истифода шудааст, пас амали панҷакентиҳо ҳамсанги аҳдашон бошад. Суҳбати и. в. раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ ХОЛИҚЗОДА бо хабарнигори «Ҷумҳурият» аз ҳамин мавзӯъ шурӯъ шуд.
ДИЛПУРӢ БА ОЯНДАИ НЕК
- Агар бо забони рақамҳо идома диҳем, ду сол пеш 81 иншоот бунёд ёфт, соле баъд бинобар вусъати корҳои сохтмон ду баробар бештар. Дар нуҳ моҳи гузашта бошад, дар шаҳру деҳот, аллакай, 89 объект сохта шуд. То анҷоми сол теъдодаш аз 100 мегузарад. Яъне, ободкориҳои ҷашнӣ ҳам густурдатар мегарданд ва ҳам босуръаттар.
Чун ба умқи ин раванд, ки тамоми ҷумҳуриро фаро гирифтааст, бингарем, як падидаи калидӣ зуҳур мекунад: ин ҳама созандагиро фазои сулҳу оромӣ, дилпурӣ аз ояндаи нек таъмин месозад, ки файзу баракати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба ибораи дигар, ҳадаф аз ин ҳама сохтанҳо шукуфоии бештари диёри маҳбуб аст, ки дар ниҳоят рӯзгори шоистаи халқи шарифи тоҷикро таъмин месозад. Агар маҳз аз ҳамин равзана ба он ҳама иншооти ба ифтихори ҷашни муборак сохтаву бунёдшаванда бингарем, ободкориҳо на танҳо дар шаҳрҳои калон, ҳатто дар дурдасттарин рустоҳо чашмрасанд. Яъне, Ҳукумати кишвар, ба ин васила, унсурҳои маданияти шаҳрдориву шаҳрнишиниро дар деҳот низ таҳким мебахшад, ки аз падидаҳои муҳимтарини даврони истиқлолият аст.
- Комилан мувофиқам бо Шумо. Ин тренде, ки солҳои охир нуфуз мекунад, ҳангоми таҳлили феҳристи иншооти ҷашнии Панҷакент низ бармало ба чашм мерасад. Яъне, ҳангоми ба нақша гирифтани онҳо ба ниёзи феълии иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва, ҳатто, варзишии мардум авлавият дода шудааст.        
- Тавассути ғамхорӣ ва маслиҳатҳои судманди Сарвари давлат симои шаҳри бостонии Панҷакент комилан дигар мешавад. Аз як тараф, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тамоми тадбирҳо андешидаву роҳандозӣ мешаванд, ки Панҷакенти Куҳан, хоса шаҳраки Саразм, бо таърихи беназиру оламшумул ва табиати афсункор чун бренди сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ гардад ва ба Маккаи туризми Авруосиё табдил ёбад. Ин барномаи муҳташам аз суханронии Ҷаноби Олӣ дар тантанаҳои 5500-солагии Саразм бармеояд. Яъне, он раванди рушди сайёҳӣ, ки бо ибтикорашон аз соли 2018 инҷониб дар водии Зарафшон низ тақвият меёбад, оҳангу муҳтавои нав касб мекунад. Пиёдасозии чунин як барномаи брендӣ на танҳо боиси густурдатару муосиртар шудани инфрасохтори сайёҳӣ, ҳамзамон, ба сатҳи сифатан нави рушд баромадани шаҳру деҳоти Панҷакент мегардад.
Аз тарафи дигар, мо бо истифода аз ин фишанги тавоно барои мардуми русто ҷойҳои нави кор фароҳам меорем, бештар иншооти замонавии маъмурӣ, истеҳсолию иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ бунёд мекунем. Як мисоли одӣ. Имрӯз ба кадом деҳае равед, аз ҷумла майдончаи варзишро мебинед. Қаблан, он танҳо дар мактабҳо буд ва ҳамон низ на дар ҳамааш.
Куллан дигар шудани вазъият ин воқеияти хурсандибахши рӯзгори феълии мардуми мост, ки барои ба варзиш низ машғул шудани наврасону ҷавонони хушбахт шароити созгор фароҳам оварда мешавад. Зимнан, ин ташаббуси ниҳоят саривақтӣ ва судманди шаҳрдори навҷӯю навсози Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад, ки дар муддати кӯтоҳ аз пойтахт то навоҳию деҳоти дурдасттарини кишвар роиҷ гашт.
ХУД ДАСТИ САБЗ ДОШТА БОШЕМ
- Вақте нақшаи иншооти ҷашниеро, ки дар Панҷакент сохта мешаванд, аз назар гузарондам, як нуктаи ҷолибро дарёфтам: дар муқобили бисёр объектҳо номи соҳибкорону ашхоси саховатпеша сабт шудааст. Ва таъкидҳои пайвастаи Сарвари давлат ба хотир омаданд, ки Ватани мо, шаҳру деҳи моро касе омада, ба ҷои мо обод намекунад. Ва агар омад, на барои хайру эҳсон, балки баҳри суде бардоштан омадааст.   
- Ҳаққо, ки рост. Пешвои муаззам ҳар бори ба шаҳри мо омадан низ, аз ору номуси ватандорӣ, ҷавонмардӣ, эҳтирому дастгирии волидону калонсолон, ниёзмандон ҳарф мезананд, ки ватандори асил бошем, ба ободии он кӯшем, ба қадри сулҳу оромӣ расем, онро ҳифз кунем. Ва ин пандҳои падарона, донаҳои накуроӣ ва накукории дар мазрааи дилҳои мо кошташуда имрӯз сабз гашта, бор меоваранд. Чун падар хирадманду дурандеш, ғамхору дилогоҳ шуд, фарзандон ҳам солеҳ ба камол мерасанд, бо роҳи рост мераванду фармудаашро ба ҷон баҷо меоранд. Аз ин рӯ, дар рӯйхат, ғайр аз сохторҳои давлатию ширкатҳои хусусӣ, басо номи ашхоси одиро дидани шумо тасодуфӣ нест. Онҳо бисёранд ва аз ҳамаи ин ободкорон ном гирифтан имкон надорад. Муҳим он аст, ки ҳам дар шаҳр ва ҳам деҳот мардум дар паҳлуи Ҳукумат истода, роҳро сангфаршу мумфарш мекунанд, кӯчаҳоро чароғон менамоянд, мактабу бунгоҳи тиббӣ бунёд мекунанд, биноҳои истиқоматӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, майдонҳои варзишӣ месозанд. Барои худ, ҳамдеҳа, ҳамшаҳр, ки рӯзгорашон ободтар, хуштар шавад, ки ин дар ниҳоят ободии Ватан - Тоҷикистони азиз аст. Як далел барои тақвияти гуфтаҳо. Аз қариб 90 иншооти гуногуне, ки дар Панҷакент ва деҳоти он дар нуҳ моҳ сохта шуд, наздики 70 - тоаш натиҷаи ҳиммати ватандӯстонаи онҳост.
ҲАҶМИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ АЗ 3 МИЛЛИАРД СОМОНӢ ГУЗАШТ
- Аҳсант ба онҳо. Пандемияи коронавирус, ки дар ҷаҳон мавҷи дуюми он фарогир мешавад, на танҳо саломатии беш аз 67 миллион нафар коста кард, балки иқтисоди глобалиро низ гирифтори буҳрони шадид намуд. Он ба иқтисоди миллии мо низ бетаъсир намонд.  Дар ин манзар, тайи нӯҳ соли равон натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Панҷакент чӣ гуна шуданд?
- Дар нуҳ моҳ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ беш аз 861 миллион сомониро ташкил дод, ки назар ба ҳамин давраи порина 8,5 дарсад бештар аст. Имсол дар майдони беш аз 6600 гектар картошка парвариш карда, наздики 90 ҳазор тонна ҳосил гирифта шуд ва ҷамъоварии он идома дорад. Маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар якҷоягӣ бо хизматрасонии  пулакӣ ба 3 миллиарду 72 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба соли пеш 362 миллион сомонӣ зиёд аст. Яъне, бо вуҷуди пандемияи коронавирус натиҷаҳои иқтисодӣ устуворанд. Ва онҳо дилпур месозанд, ки мардуми заҳматпешаи Панҷакент чун тамоми халқи кишвар дар шоҳроҳи ободии диёр дилпурона қадам зада, ҷашни мубораки 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро арзанда истиқбол мегиранд.
 

«ҶУМҲУРИЯТ» БА МАРДУМ МАЪРИФАТ МЕБАРАД»

«Баҳои ҳама хонандаҳои синф аз математика панҷ?». Ин саволи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар ба Панҷакент аз мактаби миёнаи рақами 72-и шаҳраки Саразм дидан кардан, ки оҳанги ҳам таҳайюру ҳам ифтихор дошт, дар они воҳид омӯзгори онҳо Сафаралӣ Маҳмудовро низ машҳур намуд.
Вақте аз телевизион хурсандию қаноатмандии Ҷаноби Олиро аз сатҳи волои математикадонии хонандаҳо дидам, аз баҳои баландашон ба натиҷаи заҳмати ҳамкасбам ниҳоят мамнуну ифтихорманд гаштам. Бо супоришашон қабул шудани Барномаи махсуси омӯзиши фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимӣ барои то соли 2040 имконияти комилан бесобиқа фароҳам меорад. Воқеан, наврасон ба омӯхтани фанҳои дақиқ лаёқату хоҳиш доранду боқӣ аз донишу ҳунари муаллим вобаста аст. Инро аз таҷриба мегӯям.
Банда ҳам омӯзгори фанни математика мебошам ва зиёда аз чил соли умр сарфи тарбияи шогирдон кардаам. Ва мувозӣ бо он собиқаи рӯзномахонӣ дорам. Даҳсолаҳои пеш «Тоҷикистони советӣ» мехондам, ҳоло «Ҷумҳурият». Албатта, ин на ба он маъност, ки дигар газетаҳоро сарфи назар мекунам. Ҳар нашрияе, ки ба дастам афтад, мехонам, лекин бароям меҳри «Ҷумҳурият» дигар аст. Аввалан, муассисони он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ва маҳз ҳамин газета каломи Ҷаноби Олиро ба халқ мерасонад, сиёсати созандаашонро тарғиб мекунад, мефаҳмонад. Сониян, он дар мамлакат яке аз рӯзномаҳое мебошад, ки ҳафтае панҷ маротиба мебарояд. Солҳои охир дар маводҳояш ҷанбаи ватандустӣ, эҳтирому арҷгузорӣ ба таърихи пуршарафи миллат, фарзандони фарзонааш хеле тақвият ёфтааст.
«Ҷумҳурият» чанд соли охир доир ба умдатарин мавзӯъҳо озмунҳои шаклану мазмунан навро ба таври  густурда дар шаҳру ноҳияҳо ташкил мекунад, ки аз ҷониби ҷомеа хуш пазируфта шуд. Ёд дорам, ки соли 2018 яке аз озмунҳои он дар шаҳри бостонии мо гузашт. Хуб аст, ки рӯзнома аз мақолаҳои калонҳаҷм даст кашида, ҷанбаи иттилоотиро пурқувват кард. Ҳамчунин, саҳифаи «Шоми шанбе»-ро аз бозёфти арзишманди аҳли қалами газета мешуморам. Маводи хурд -  хурди он ниҳоят ҷолиб аст, шахсан ман бо камоли шавқ мехонам.
Чанд рӯз пеш ман ба «Ҷумҳурият» барои соли оянда обуна шудам.  Ду хоҳиш дорам. Соли оянда ба вазъи таълими фанҳои дақиқ дар мактабҳои шаҳру ноҳияҳо, тарғиби усулҳои муфиди омӯзгорони беҳтарин, мушкилоти ин ҷода бештар диққат медодед, хуб мешуд. Сониян, агар дар саҳифаи «Шоми шанбе» гӯшаи шоҳмот ташкил кунед, ҳаводоронаш зиёдтар мешаванд. Муваффақ бошед!
Эшонқул УСМОНОВ,       
сокини шаҳр
 
 
КАРТОШКА. МАЙДОНИ КИШТ ДАР ПАНҶАКЕНТ 18 МАРОТИБА АФЗУД
Ҳар шаҳру ноҳияи кишвар бо бренди худ ном баровардааст. Чун сухан аз Панҷакент равад, он ду бренд дорад – ёдгории Саразм ва биринҷи девзира. Аз ин рӯ, ҳар меҳмоне, ки ояд, ӯро дар чойхона бо оши палави девзира зиёфат мекунанд, ки мазаи нотакрор дорад. Шоликорони номдори панҷакентӣ сол ба сол истеҳсоли ин зироати серхаридорро зиёд мекунанд.
Шоликорӣ аз соҳаҳои асосии кишоварзии ноҳия маҳсуб меёбад. Торафт афзудани майдони кишт далели муътамадест, ки он барои хоҷагиҳо даромади хуб меорад. Соли равон масоҳати зери ин зироат 1770 гектарро ташкил дод. Шолипарварони хоҷагиҳои пешқадам, аз қабили ба номи Шамсиддин Назарови деҳоти Хурмӣ, ба номи Тайлонови деҳоти Саразм, пойгоҳи таҷрибавии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, аз ҳар гектар 65-75 сентнер ҳосил ба даст оварданд.  Як рақам барои муқоиса меорам, ки  соҳа то чӣ андоза пеш рафтааст. Соли 1982 дар ноҳия дар 669 гектар шолӣ кошта, 3256 тонна ҳосил гирифта буданд. Алъон масоҳати кишт 2,5 маротиба васеъ гашта, истеҳсоли шолӣ беш аз се маротиба зиёд, яъне ба 11 ҳазор тонна расонда шуд.
Дар се соли охир бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳили дарёи Зарафшон мустаҳкам гардида, қариб 160 гектар замини нав кушода шуд, ки, асосан, барои шолипарварӣ истифода мешавад. Ин ҳама, дар маҷмӯъ, шароити созгор фароҳам меорад, ки Панҷакент ба яке аз минтақаҳои калони шоликори мамлакат табдил ёбад.
Дар Панҷакент, ҳамзамон, ҷиҳати саҳмгирӣ дар татбиқи ҳадафи стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ тавассути истифодаи агротехникаи муосир ва навъҳои серҳосил рӯ ба рушд мебошанд. Лекин комёбии калонтаринро деҳқонони мо, махсусан, дар картошкапарварӣ ноил мегарданд. Солҳои охир майдони он 18 маротиба васеъ гашт. Имсол дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар зиёда аз 6600 гектар картошка парвариш карданд. Маъракаи ҷамъоварии он муташаккилона гузашт ва қариб 90 ҳазор тонна картошка ба даст омад.
12 сентябр дар ҷараёни сафари корӣ ба Панҷакент ба муносибати тантанаи 5500-солагии куҳаншаҳри Саразм Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз рафти ҷамъоварии картошка ва дигар корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Роҳи абрешим» шинос ва қаноатманд шуданд. Ҳамзамон, бори дигар аҳамияти аз заминҳо камаш ду ҳосил гирифтанро таъкид намуданд. Дар ин самт ҳукумати шаҳр, раёсати кишоварзӣ пайваста бо хоҷагиҳо кор мебаранд, зеро он аз муҳимтарин василаи ҳарчи бештар ҳосил гирифтан ва фаровон намудани бозори истеъмолист.
Мавриди зикр аст, ки тавассути меҳнати пурсамари диловарони саҳро дар нуҳ моҳ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба 861 миллион сомонӣ расонда шуд, ки 752 миллион сомонияш ба соҳаи рустанипарварӣ рост меояд.
Айни замон дар хоҷагиҳо шудгор ва кишти тирамоҳӣ идома дорад. Раёсати кишоварзӣ якҷоя бо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ баҳри зиёд намудани намудҳои серҳосилу фоидаовари зироат, аз ҷумла кишти сирпиёзу пиёз ва картошкаи барвақтӣ, ҳамчунин, рушди соҳаҳои моҳипарварию мурғпарварӣ, табдирҳо меандешад. Аминем, ки кишоварзони мо низ баҳри пурнозу неъмат гаштани дастархони халқамон дар соли таҷлили санаи муборак - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоиста мегузоранд.
Ғолиб ГАДОЕВ,
сардори раёсати кишоварзии шаҳри Панҷакент
 

ТАЪРИХИ ЯК АКС
Алъон агар аз ҳар сокини шаҳру деҳоти Панҷакент бипурсед, ки воқеаи мондагори соли равон барояш кадом аст, бо камоли ифтихор ҷашни 5500 - солагии Саразми бостонӣ ва интихоботи президентӣ мегӯяд ва дар ҳар ду маврид симои ҳабиби дилҳо Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши назар ҳувайдо мегардад. Зеро аввалӣ бо ширкаташон шукӯҳи хосса гирифту дувумӣ бо пирӯзии мутлақашон анҷом ёфт. Албатта, банда низ истисно нестам. Аммо бо зикри ин номи муборак хотироти ширин беихтиёр ба солҳои дуртаре мебарад, ки ба ман, ҷавони 23-сола, аз толеи баланд бо Сарвари давлат дар як рӯз ду маротиба вохӯрдан насиб гашта буд.
«СЕЛ НЕ, ДАҲШАТ БУД!» 
15 сол пеш, 8 июн, сели мудҳиш ба сари мардуми деҳоти Шинг фурӯ рехт. Дар они воҳид офати табиат рустоҳои ободу зебои кӯҳистонро ба харобазор табдил доду рӯзгори осудаи мардумро барҳам зад. Сел, махсусан, дар деҳаҳои Вағаштон, Шинг, Бодгаҳ ва Даҳани Об бошандагонро, ба қавле, «даҳ дасти ба сар кард»: на хонаашон монду на ягон чизу чора. Дар ҳудуди ҷамоат 73 ҳавлӣ пурра вайрон шуда, 221 ҳавлӣ қисман зарар дида, садамавӣ гашт.
Ин ҳама вазъияти мудҳиш ва маълумоти нохуш баъди фавран дар ҳукумати шаҳри Панҷакент ташкил кардани ситод ва ба маҳалли ҳодиса рафтани гурӯҳҳои корӣ маълум гашт. Чун роҳҳо вайрон, хатҳои барқу алоқа гусаста шуда буданд, мардуми ин рустоҳо гӯё аз «замини калон» канда шуданд. Он вақт ман мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ҳукумати шаҳр ва, ҳамзамон, сарвари созмони ҷавонон будам. Мардуми мусибатзадаро назди хонаҳои валангор дида, дили санг ҳам об мешуд. «Ин сел не, даҳшат буд», - гуфт мӯйсафеде, ки болои харсанги селоварда ҳайрону музтар истода буд ва аз зер оби лойолуд мерафт. Эҳтимол, меандешид, ки баъди ин фалокат ояндаи фарзандону набераҳояш чӣ мешавад.
Шояд он лаҳзаҳо ӯ ва дигар зарардидаҳо намедонистанд, ки аз мусибати ба сари онҳо омада, аллакай, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқиф шуда, барои дастгирии мардум ба роҳбарони вилоят ва шаҳр супориш доданд. Ин буд, ки гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат шодравон Асадулло Ғуломов омада, фаъолияти ситоди ташкилкардаи ҳукумати шаҳру вилоятро густурдатар намуд. Барои зарардидагон оҷилан хӯрокворӣ ва дигар ашёю маводи зарурӣ оварда мешуд. Чун роҳ тамоман набуд, онҳоро бо харҳо мекашонданд, ҷояш омад, пуштора ҳам кардем.
ШИНГ БА САРАЗМ МЕКӮЧАД
Баъди таҳлили вазъият гурӯҳи кории ҳукуматӣ ба хулоса расид, ки зарардидагон бояд ба минтақаи Саразм кӯчонда шаванд.  Дар ин ҷо барои бунёди шаҳраки нав ва 300  манзил  замин  ҷудо гардид. 13 июн соати 10 корвони автобусҳо бо аввалин гурӯҳи зарардидаҳо роҳ ба Саразм гирифт, ки ин ҷо, аллакай, барои зисти онҳо 100 хайма ва дигар шароиту воситаи зист муҳайё буданд. Зимни истиқболи кӯчиён, раиси вақти вилояти Суғд, Қ. Қосимов бори дигар ҳамдардии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонда, таъкид кард, ки бо дастгириашон ин мавзеи нообод дар кӯтоҳтарин муддат ба гулистон табдил хоҳад ёфт. Тибқи нақша, дар навбати аввал барояшон 60 хона сохта мешуд, ҳамчунин, мактаби нав барои фарзандонашон.
Аммо ҳамаи моро боз як зарбаи дарднок дар пеш будааст. Худи ҳамон рӯзи 13 июн саргарми ҷобаҷокунии мардум будем, ки хабари нохуш расид: дар деҳоти Шинг, Рӯдакӣ ва Косатарош аз соати 15 то соати 16.30 борони шадид борида, сел роҳҳо, хатҳои барқу алоқаи чанд рӯз пеш барқароркардаро валангор сохта, ба манзили шаҳрвандон, киштзору боғот, иншооти гуногун зарари калон расонд. Дар маҷмӯъ, 1635 нафар бе сарпаноҳ монд.
ВОЛОНТЁРҲО ХИШТРЕЗӢ МЕКУНАНД
Офати такрорӣ садди роҳи оғози корҳои сохтмон дар мавзеи нообод шуда натавонист. Он рӯзҳо ба зарардидаҳо аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ёрӣ мерасонданд. Мо аз ҳисоби ҷавонони омӯзишгоҳи тиббӣ, омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва донишкадаи омӯзгорӣ гурӯҳи волонтёрҳо иборат аз 100 нафар созмон додем ва онҳо 20 – 30 - касӣ барои панҷ хонае, ки моро масъул карданд, хишт мерехтанд, ҳар супорише, ки ситод мефармуд, иҷро мекарданд. Бо мардуми кӯчида ва сохтмончиён гӯё як оилаи калону тифоқе будем, ки шабу рӯз як ҷо кор мекардем. Бунёди хонаҳо ба шаҳру навоҳӣ ва ташкилоту корхонаҳои вилоят тақсим шуда буданд. Ҳамзамон, сохтмони мактаб низ босуръат мерафт, ки онро корхонаи «Панҷакентсоз» месохт. Ҳанӯз аввали моҳи август 60 хонаи аввал сохта шуд, мактаб ҳам дар арафаи оғози соли нави таҳсил қомат афрохт. Зимнан, хонаҳоеро, ки сохта шуданд, ташкилоту муассисаҳои вобасташуда бо тамоми ашёи рӯзгор аз телевизору яхдон, кӯрпачаю қолин то дегу табақу чойник пурра ҷиҳозонданд, то ки дар ҷои нав кӯчидаҳо азобе накашанд. Баъди анҷоми сохтмон, кабудизоркунию ободонии мактабу назди ҳавлиҳо ва кӯчаҳо оғоз ёфт ва волонтёрони ҷавон дар ин кор ҳам фаъолона саҳм гирифтанд. Барқ гузаронда, об оварда шуд. Аз байн се моҳ нагузашта дар ин мавзеи комилан нообод, ки ҳатто гиёҳе надошт, як шаҳраки зебо қомат афрохт.
«ҶАНОБИ ОЛӢ МЕОЯНД!»
Баъд хабари хуш расид, ки ба шаҳраки нав Ҷаноби Олӣ ташриф меоранд. Ҳама ниҳоят хурсанд шуданд. Чи ҳел хурсанд нашаванд, ки маҳз бо супориш ва дастгирии Пешвои миллат замини холӣ ба бӯстон бадал гашт, барояшон манзилҳои зебо сохтанд. Сарвари давлат ба шаҳрак омада, хонаҳои наву мактабро диданд, бо одамон вохӯрда, суҳбат карданд. Бахтам баланд будааст, ки Сарвари давлатро бори аввал аз наздик дидам. Вақте маросими тантанавии хонасупорӣ шуд, калидҳои 60 хонаи навро, ки дар як тахта овезон буданд, ман дар даст медоштам ва Ҷаноби Олӣ аз он як - як гирифта, ба навхонаҳо тақдим мекарданд. Ин лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш ман дар паҳлуяшон меистодам ва «манзили бафайз шавад» орзу карданашонро ҳангоми супурдан мешунидам. Ҳамчунин, арзи сипоси навхонадоронро, ки ин ҳангом аз ғояти шодию ҳаяҷон ва миннатдорӣ ашк мерехтанд.
 Худи ҳамон рӯз бахтам дубора хандид. Баъди чанде маросими ифтитоҳи мактаби нав шуд. «Дар ин мактаб наврасону ҷавонон мехонанд, супурдани калиди рамзии онро ҳам ба Ҷаноби Олӣ ба ту бовар мекунем», - гуфтанд раиси шаҳрамон Шакарбек Самадов. Онро ба Ҷаноби Олӣ дароз кардам. Гирифтанду ба директори мактаб Сиддиқов дода, барори кор хостанд. Сипас, ба он ворид шуда, аз сифати сохтмон, синфхонаҳо, шароити муосири таълиму тарбия изҳори қаноатмандӣ намуданд. Лаҳзаҳое, ки дар паҳлуяшон меистодам, тамоми вуҷудам меларзид. Аз ғояти ҳаяҷон, хурсандию ифтихор. Ҳамон рӯзҳои мубориза бо офат ва бунёди шаҳраки нав, ки бо пешниҳодашон Саразм ном гирифт, бори дигар итминон ҳосил кардам, ки халқи шарифи тоҷик бо сарварии фарзонафарзанди меҳрубону дилсӯзаш дами табари ҳама гуна офатро кунд мекунаду биёбонро гулистон.
Аз байн 15 сол гузашт. Дар ин муддат теъдоди хонаҳои нав ба 550  расид. Гузашта аз ин соли равон барои фарзандони саразмиёни шингӣ мактаби сеошёнаи хуштарҳе бунёд гашт. 12 сентябр Ҷаноби Олӣ онро ифтитоҳ намуда, меҳмони азизи бошандагони шаҳраки Саразми нав шуданд. 
Умедҷон ҲАБИБЗОДА,
сардори дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2020    №: 239    Мутолиа карданд: 200
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед