logo

иҷтимоиёт

 ДАРВОЗ: ОЯНДА АЗ ИМРӮЗ ШУКУФОНТАР ХОҲАД ШУД


Дарвоз сарзамини таърихист ва доир ба тамаддуни он сарчашмаву адабиёти фаровон иншо шудааст. Аз ҷумла, китоби устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат «Ёддоштҳо ва бардоштҳо», Ҳайдаршо Пирумшоев «Таърихи Дарвоз» ва «Адабиёти Дарвоз» дар таҳияи С. Мерганов.
Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ назар афканем, мебинем, ки ҳудуди он дар замони шоҳигарӣ ва баъди он миригарии Дарвоз басо фарох будааст. Қадима будани Дарвоз баъди ковишҳои археологии шаҳри қадимаи Карон исботи равшани худро ёфт. Карон аз маркази ҳозираи ноҳияи Дарвоз 3 километр дуртар ҷойгир буда, таърихи қариб 4000 - сола дорад.
Ноҳия ҳамчун қисмати маъмурии Тоҷикистони имрӯза 90 сол қабл, яъне соли 1930 бо номи ноҳияи Қалъаихумб таъсис ёфт.
Ин диёр бо олимону мутрибон, шоирону нависандагон, журналистону варзишгарон ва сиёсатмадорони худ барои пешрафти Ватани азизамон нақши худро гузоштааст.
Имрӯз ному насаби Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ, Муъмин Қаноат, Худоӣ Шарифзода, Сарвар Амирҷон, ҷаҳонпаҳлавон Искандаршо Раҳматуллоев, Назриддин Саноев, ходими сиёсӣ Одил Бердӣ ва дигарон ифтихор ва идеали ҷавонону наврасони Дарвоз гаштаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 маротиба аз ин водии зебоманзар дидан карда, бо ташрифашон ободкорию созандагиҳои зиёдеро вусъат бахшидаанд. Ҳар як сафари Пешвои миллат ба ноҳияи Дарвоз барои мардум шодию хурсандӣ ва ободкориҳоро меоварад.
Дар сафари корие, ки имсол 19 август ба ноҳия доштанд, аз ҷониби соҳибкор ва марди созандаву ободкор Шералишо Кабиров дар ҳудуди ноҳия бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи «Карон – калсит», як парки инноватсионӣ ки дар он коркард ва бандубасти асал, дӯхти ниқоб, тайёр ва бандубасти антисептикҳо, коркарди обҳои ошомиданӣ, гармхонаҳои замонавӣ, ки дар парк ба таври автоматикӣ кору фаъолият  мекунанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар баробари ин, боғи фарҳангӣ– фароғатӣ дар деҳаи Умарак бо тамоми таҷҳизот ба истифода дода шуд.
Мардуми Дарвоз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро чун ҳидоятгари некӣ, кушояндаи роҳҳои нави тақдирсоз, кафили сулҳу субот дӯст медоранд.
 
Почобибӣ АБДУЛЛОЗОДА,
сармутахассиси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии
ноҳияи Дарвоз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2020    №: 239    Мутолиа карданд: 191
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед