logo

иҷтимоиёт

 СУҒД: ТАДБИРҲО ҶИҲАТИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ИДОМА ДОРАНД


Ҷиҳати боз ҳам пурзӯр кардани пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар вилояти Суғд роҳбарияти вилоят ва масъулини соҳаи тандурустӣ баробари роҳандозии чораҳои риояи талаботи беҳдошти санитарӣ дар масъалаи воридсозии маводи доруворӣ, сарулибос, таҷҳизоти муосири тиббӣ тадобири мушаххасу муассирро амалӣ месозанд, ки воқеан ҳам, имрӯз баҳри табобати саривақтии маризони мубталои ин беморӣ самари хубе мебахшанд.
Мусалламан, имрӯзҳо танҳо бо даъват аз пешгириву эҳтиёт аз ин беморӣ ва бистарии беморон маҳдуд набояд шуд. Месазад, ки дар ҷои зисти мардум ва ҳам дар ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои тавлидотӣ чораҳои беҳдоштиро пайваста идома бахшид, зеро баъзан мушоҳида мешавад, ки ҳафтае як бор ва ё, умуман, моҳе чунин амалҳо роҳандозӣ мешаванду халос, ки ин қобили қабул намебошад. Феълан дар тамоми кураи Замин мавҷи дувум басо бошиддат хуруҷ доштаву ҷони ҳазорон - ҳазор инсонро меситонад. Қаблан, хавфи хуруҷи ин беморӣ ба нафарони синну солашон аз 60 боло буд, акнун ҷавонону наврасонро низ фаро гирифтааст. Шигифтовараш он аст, ки мардум бо каме коҳиш ёфтани беморӣ осуда ва аз роҳандозии чораҳои беҳдоштӣ дур мешаванд, таъкиди масъулини соҳаи тандурустиро ба эътибор намегиранд ва боиси аз нав хуруҷ кардани ин беморӣ мешаванд. Дар масъалаи пешгирӣ аз коронавирус бояд аз таҷрибаи Чин ибрат гирифту пайравӣ кард. Имрӯз вазъият дар ин мамлакат бо нуфузи зиёда аз 1 миллиарду 400 миллион нафар аз  аксари давлатҳои пешрафтаи Аврупою Амрико, Осиё хубу муътадил буда, шаҳрвандон интизоми қатъӣ ва ё оҳанинро ҷиҳати пешгирӣ аз COVID – 19 риоя мекунанд.
Ба таъкид бояд гуфт, ки роҳи пешгирӣ аз ин маризӣ – ниқобпӯшӣ, риояи фосилаи иҷтимоӣ, канораҷӯӣ аз ҷойҳои серодам ва гигиенаи инфиродист. Мутаассифона, мушоҳидаҳо аз он бозгӯӣ доранд, ки ҳамин талаботи одӣ низ аз ҷониби теъдоди муайяни шаҳрвандони шаҳру навоҳии вилоят дуруст риоя намешаванд. Нақлиётҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ дар ҳамаи самтҳову хатсайрҳо бо мусофир пур шуда, ронандаҳо дар аксари ҳол боре ҳам огоҳ намесозанд, ки мусофирон ниқоб дошта бошанд. Ҳадаф якто - «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад». Нозирон аз хадамоти ҳуқуқии нақлиётӣ ба ивази пешкаш шудани маблағ аз чунин ҳолатҳо комилан чашм мепӯшанд, ки ин бемасъулиятиву бераҳмист.
Бино ба андешаҳои сардори сарраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд Илҳомҷон Пӯлодиён, феълан ҷиҳати табобат ва пешгирӣ аз пандемияи коронавирус дар ҳудуди вилоят тамоми чораҳои зарурии ҷавобгӯ ба талаботи рӯз андешида мешаванд. Мутобиқ ба қарорҳои дахлдори сарраёсати мазкур дар бисёр муассисаҳои тиббии шаҳру навоҳӣ оид ба ҷараёни фаъолияти кории мутахассисони соҳаи тиб дар иртибот ба вазъи табобату пешгирии ин беморӣ санҷишҳои тахассусӣ амалӣ шуданд, ки баҳри дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ мондани қабулу табобати беморон такони ҷиддӣ бахшид. Масалан, чунин санҷиш ва машварат миёни мутахассисон дар сохтори госпиталии шаҳри Истаравшан доир гашта, дар заминаи камбудиҳои дарёфткардашуда тибқи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба мудири шуъбаи бемориҳои дарунии беморхона Ш.Ҷ. Ҷумъаев, мудири шуъбаи бемориҳои эндокринологӣ И.Ҳ. Ҳазратқулов ва мудири шуъбаи эҳёи навзодони таваллудхона З.А. Собирова протоколи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва ҷарима шуданд.
Аз тарафи мутахассисони сарраёсат чунин як санҷиши ғайринавбатӣ дар беморхонаи клиникии вилоят ба номи С. Қутфиддинов гузаронда шуд. Санҷиши мутахассисон аз он бозгӯӣ кард, ки аз сабаби беаҳамиятии маъмурияти беморхонаи мазкур, аз ҷумла сартабиб ва муовинон, шахсони масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар муассисаи мазкур вобаста буданд, реҷаи маҳдудият (карантин) ба пуррагӣ риоя нашуда, чораҳои маҳдудсозӣ таъмин нагаштаанд,- гуфт И. Пӯлодиён.
Ба хотири таъмину иҷрои тавсияҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ оид ба «Пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати ҷалби мутахассисони соҳа дар маъракаҳои безараргардонӣ ва таблиғотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дар кишвар, то ба эътидол омадани вазъ чораҳои зиддиэпидемикӣ боз ҳам пурзӯр гаштааст. Ва имрӯз метавон гуфт, ки бо доиршавии садҳо вохӯриву санҷишҳо вазъият дар ҳамаи муассисаҳои тиббии вилоят куллан ба хубӣ тағйир ёфта, табибон рисолати худро бо дарки масъулияти баланд ба иҷро мерасонанд. Ҳоло гумонбаршудагон бо мубталои ин беморӣ дар беморхонаҳо дар сатҳи хуб қабул шуда, табобаташон мутобиқ ба талаботи рӯз роҳандозӣ мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо низ муваззаф шудаанд, ки ҷиҳати дастгирии муассисаҳои тиббӣ тамоми чораҳои дахлдорро андешида, табибонро ҳамаҷониба дастгирӣ кунанд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2020    №: 239    Мутолиа карданд: 266
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед