logo

иҷтимоиёт

 НОҲИЯИ РӮДАКӢ: ТАШАББУСҲОИ ВАТАНДӮСТОНА ТАВСЕА МЕЁБАНД


Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар бунёдгарӣ вусъати тоза мегирад ва то имрӯз садҳо иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, корхонаҳои саноатӣ, боғу гулгаштҳо, роҳҳо мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар ноҳияи Рӯдакӣ низ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ, бунёд ва таъмири 414 иншоот ба нақша гирифта шуд. Сохтмони аксари онҳо аз ҷумла маркази хизматрасонӣ, толори варзиш ва бозии кӯдакона, кошонаи ҳусн, сартарошхона, китобхона, маркази саломатӣ, ҳаммом, сехи дӯзандагӣ, коргоҳи ҳунарҳои мардумӣ, таъмири роҳҳои дохилӣ дар байни маҳалҳои аҳолинишин, азнавсозии муассисаҳои таълимии садамавӣ ва таъмирталаб, инчунин гулкорию кабудизоркунӣ дар ҳамаи шаҳраку деҳот ба анҷом расид.
Хуршед Носирзода, раиси Ҷамоати деҳоти Чоргултепа, гуфт, ки аз 41 иншооти нақшавӣ, 26 - тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
- Яке аз иншооти муҳим, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Оби Шифо мебошад, ки бо иштироки Сарвари давлат ифтитоҳ ёфт. Муассиса аз ҷониби соҳибкор Нуршед Машрабов барои 640 ҷойи нишаст бунёд гашт. Ин иқдоми соҳибкори ватандӯстро мардуми деҳа хуш истиқбол гирифтанд, зеро қаблан мактаббачагон барои таҳсил роҳи дурро тай карда ба маҳаллаҳои дигар мерафтанд, - иброз дошт Х. Носирзода.
Ҳамчунин, тибқи маълумоти раиси ҷамоат, дар доираи таҷлили ҷашни миллӣ бинои нави таълимӣ иборат аз 8 синфхона дар назди муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии № 177 дар деҳаи Заркамар, синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии деҳаҳои Қарияи Камар, Заркамар, Баҳористон ва Навбунёд қомат афрохтанд. Бо авҷ гирифтани корҳои созандагӣ  хонандагони деҳаи Навбунёд соҳиби ду синфхонаи нав гардиданд.
Дар ду гектар гармхонаи замонавӣ дар деҳаи Чоргултеппа сохта  шуд. Дар деҳаи Рангон сартарошхонаҳо дар хизмати аҳолӣ қарор доранд. Сокинони баору номуси деҳоти Чоргултеппа баҳри гулгулшукуфии деҳаи худ талош меварзанд.
Иброҳим РАҲИМОВ, коромӯз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2020    №: 240    Мутолиа карданд: 256
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед