logo

иҷтимоиёт

 ХОРУҒ. САФИ БОНУВОНИ РОҲБАР МЕАФЗОЯД


Ҷиҳати фаъолияти самарабахш дар самти баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, бахусус таъйину интихоби бонувон ба вазифаҳои  роҳбарикунанда дар мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва идораву муассисаҳои шаҳрӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хоруғ бо “Ифтихорнома”-и Агентии хизмати давлатии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид. Ифтихорномаро Ёдгор  Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар машварати  васеи назди раиси шаҳри Хоруғ ба Кишвар Шамирӣ, раиси шаҳри Хоруғ,  тақдим намуд.
Зикр гардид, ки шаҳри Хоруғ дар масъалаи ҷалби занон ба кор дар мақомоти худидоракунии шаҳрак, мақомоти маҳаллии иҷроия ва  намояндагии ҳокимияти давлатӣ дар ҷумҳурӣ дар яке аз ҷойҳои намоён қарор дорад. Ҷалби бонувон ба фаъолиятҳои алоҳида, мисли кор дар   филиалҳои бонкҳо, аз вазифаҳои афзали марҳилаи ҳозира  маҳсуб меёбад ва ин нукта аз ҷониби Сарвари давлат борҳо таъкид гардидааст. Раиси вилоят гуфт, ки ҳарчанд шаҳри Хоруғ нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар натиҷаҳои бештарро ба даст овардааст, дар ин самт имкониятҳои фаровони ҳанӯз истифоданашуда ҳам дорад. Занони шаҳри Хоруғ нисбат ба дигар минтақаҳои вилоят дар пешрафти хоҷагии халқу вилоят хеле саҳмгиру фаъоланд.  Имрӯз дар бозорҳои шаҳри Хоруғ ва дигар нуқтаҳои савдо бештар занон машғули тиҷоратанд. Аксарияти  кормандони маориф, тандурустӣ ва фарҳанги вилоятро низ занон ташкил  медиҳанд. Саҳми занон дар эътидоли вазъияти вилоят, бахусус шаҳри  Хоруғ, назаррас аст. Бинобар ин, шумораи онҳо дар мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳайси роҳбари муассисаву идораҳо бояд бештар   бошад. 
Дар машварати васеи назди раиси шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин, натиҷаҳои рушди иқтисодию - иҷтимоии шаҳр дар нуҳ моҳи соли равон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Тавре Сафар Қурбоншоев, мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, иттилоъ дод, дар ин давра дар тамоми бахшҳо – саноату энергетика, хизматрасонии манзилию коммуналӣ, соҳибкорӣ, маорифу фарҳанг ва ғайра корҳои муайян анҷом дода шуданд, аммо камбудиҳо низ кам набуданд. Коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар нуҳ моҳ  ба маблағи бештар аз 20 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22 фоиз кам мебошад. Фаъолият накардани баъзе ширкатҳои хусусӣ боиси он гардид, ки аз нақшаи пешбинишуда ба буҷет 89,1 ҳазор сомонӣ камтар маблағ ворид гардид.
Раиси вилоят сабаби асосии ноиҷро мондани буҷети шаҳрро фаъолияти  сусти сохторҳои марбут ба ин масъала, бахусус кормандони идораи андоз, маънидод намуд. Доир ба қарздорӣ ва пардохт нашудани ҳаққи истифодаи барқу об дар шаҳр аз ҷониби роҳбари вилоят эродҳои ҷиддӣ баён гардиданд. Тавре гуфта шуд, бо вуҷуди он ки шаҳр аз чор манбаи обтаъминкунӣ истифода мебарад, ҳанӯз сокинони баъзе маҳаллаҳои шаҳр, аз ҷумла Чухтхоруғ ва Бизмич,  ба об на ҳама вақт дастрасӣ доранд. Ба мақомоти шаҳрдорӣ супориш дода шуд, ки барои кандану мавриди истифода қарор додани ду чоҳи амудӣ дар ин маҳаллаҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.
 Гуфта шуд, ки рушди соҳибкорӣ дар шаҳр ҳанӯз қонеъкунанда нест.  Сохторҳои марбута, ки бояд фаъолияти соҳибкориро танзим намоянд, маълумоту ҳисоботи дақиқ надоранд. Аз 1425 соҳибкори номашон дар идораи андози шаҳр сабтшуда, қариб ҳазор нафарашон бо патент фаъолият доранд.
Сардори бахши иқтисод ва савдои шаҳр яке аз сабабҳои суръати сусти рушди соҳибкориро дастрасӣ надоштани соҳибкорон ба қарзҳои имтиёзнок ва баланд будани фоизи қарздиҳӣ дар бонкҳо маънидод намуд ва гуфт, ки қисме аз соҳибкорон бо сабаби сари вақт пардохт карда натавонистани қарзҳои бонкӣ фаъолияташонро қатъ мекунанд.
Дар ҷараёни ҷаласа диққати мақомоти шаҳрдорӣ  ба сари вақт санҷидан ва ҳал намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон ҷалб гардид.
Раиси вилоят дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани камбудиву  норасоиҳо ба масъулини шаҳр супоришҳои мушаххас дод. 
Раҳмони ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2020    №: 240    Мутолиа карданд: 226
23.06.2021


Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID – 19

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Ҷаҳон дар як сатр

«ДАР СУҲБАТИ ЛОИҚ»

ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ. Корхонаи бузурги металлургӣ барқарор шуд

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ

ВАНҶ: ҶАШНИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ХОҲАД ДОШТ

22.06.2021


Путин: «Таҳдиди коронавирус боқист, аммо зарбаи сахти он баргардонда шуд»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

21.06.2021


«TOUR DE TAJIKISTAN». Мусобиқае, ки дастовардҳои кишварро муаррифӣ мекунад

МИНТАҚАИ РАШТ. 51 МИЛЛИОН ҚАРЗИ ИСТИФОДАИ БАРҚ

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ СОДИРОТИ АНГУР

ТОҶИКОБОД. САМАРИ ЯК ҲАМКОРӢ

КАЙФАР

70 СОЛ ДАР РОҲИ ОМӮЗИШИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ

НУРОБОД. ВАҚТЕ КИ ЗАМИН МАҚСАДНОК ИСТИФОДА МЕШАВАД...

11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед