logo

иҷтимоиёт

ЗУКОМУ КОРОНАВИРУСРО БО ҲАМ ОМЕХТА НАКУНЕД!

 
Аз вақте ки пандемияи коронавирус тамоми дунёро фаро гирифтааст, мардуми бадаҳшатафтода, аз сулфаи одие, ки дигар вақтҳо ба он эътибор ҳам намедод, рӯҳафтода мешаванд ва ё баръакс COVID-19-ро ба зуком шабоҳат дода, ба он беаҳамиятӣ мекунанд.
Бино ба маълумоти муовини сартабиби беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ, номзади илмҳои тиб Турахон Шарифзода дар тамоми кишварҳои дунё пандемияи COVID- 19 ба мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ мубаддал гаштааст. Дар баробари ин, бемории сироятии зуком низ ҳамасола дар мавсими худ хуруҷ мекунад. Аз ин рӯ, аломатҳои зукому коронавирусро аз ҳам фарқ кардан барои саломатӣ хеле муҳим мебошад. Сироятёфтаи коронавирус бо аломатҳои нафастангӣ, табларза, ҳарорати баланд, беҳолӣ, дарди мушакҳо, сулфа аз худ дарак медиҳад. Аммо аломатҳои зуком дар маҳкамшавӣ ва обравии бинӣ, атсазанӣ ва сурхшавии пардаҳои чашм дида мешавад, ки дар он  сирояти коронавирус қариб, ки мушоҳида намешавад. Аломати дигари сироятёфтагони COVID- 19 хасташавист. Дар бисёр ҳолатҳо гирифторони коронавирус ҳисси таъми хӯрок ва бӯйро гум мекунанд, ки ин аломат дар беморони зуком тамоман мавҷуд нест. Яке аз аломати ташвишовари сирояти нави навъи COVID- 19 эҳсоси нафастангӣ ё нишонаҳои норасоии нафаскашӣ мебошад. Аз лаҳзаҳои аввали беморӣ, бештар шахсони аз 60 - сола боло ва ё бемориҳои музмини роҳҳои нафас, бемории диабети қанд, нафароне, ки вазни зиёдатӣ доранд, бемориҳои дилу рагҳо дард ва фишори доимиро дар қафаси сина эҳсос менамоянд, ки он ба тарсу ҳаяҷон ва бехобӣ оварда мерасонад. Бемории зуком бо роҳи ҳаво дигаронро сироят мекунад, вале эҳтимоли бо роҳи ҳаво гузаштани коронавирус камтар аст. Коронавирус бештар бо роҳи қатрагӣ сироят мекунад. Дар ин маврид барои аз сироятёбӣ эмин нигоҳ доштани шахс ниқоб нақши муҳим мебозад,- меафзояд сироятшинос.
Воқеан, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз бисёре аз мардум ба таъкиди махсуси духтурон беэътиноӣ мекунанд. Ҳангоми вуруд ба нақлиёти ҷамъиятӣ, бозору ҷойҳои серодам бениқоб ба чашм расидани одамон аз назар пинҳон нест. Пас биёед дар таъмини риояи қатъии дастурҳои табибон, ки омили бехавфии ману мост, бетараф набошем!
Руқия ҚУРБОНОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2020    №: 240    Мутолиа карданд: 252
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед