logo

иҷтимоиёт

 РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ АЗ НАВ ПРЕЗИДЕНТИ ФФТ ИНТИХОБ ШУД


16 декабр дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси»-и шаҳри Душанбе конфронси ҳисоботию интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон   бо ширкати ҷомеаи футболи мамлакат баргузор гардид, ки дар он  Рустами Эмомалӣ бори сеюм президенти ФФТ интихоб гардид.
Баъд аз суханронии муқаддимавии президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ва интихоби мақомоти корӣ, фаъолияти федератсия дар солҳои 2016 – 2019  дар шакли филм пешкаши иштирокдорон гардид, ки бозгӯи комёбӣ ва натиҷаҳои фаъолияти ин ниҳод буд.
Алишер Ӯрунов, ноиби президент, ҳайати намояндагони конфронсро бо тағйироту иловаҳои ба оинномаи ФФТ воридгардида шинос намуд.
Тибқи рӯзномаи конфронси ҳисоботию интихоботӣ, номзади ягона Рустами Эмомалӣ барои чор соли оянда ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон аз нав интихоб гардид.
Президенти тозаинтихоб ба иштирокдорон барои бовар ва эътимодашон изҳори сипос  намуда зикр кард:
- Пеш аз ҳама, мехоҳам ба ҷомеаи футболи Тоҷикистон барои эътимодашон арзи сипос намоям. Сарвари Федератсияи футболи Тоҷикистон будан бароям масъулияти бузург аст. Аминам, нафароне, ки барояшон шаъну шарафи футболи ватанӣ азиз аст, минбаъд низ барои рушди он талош хоҳанд кард. Соли оянда Тоҷикистон 30-солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирад. Ин воқеаи бузургест барои аҳли кишвар. Аз ин рӯ, дар ҳама минтақаҳо ҳарчи бештар гузарондани мусобиқоти варзишӣ зарур аст. Бори дигар ба ҳама ташаккур барои эътимод ва дастгирӣ.
 
КИҲО БА КОМАНДАИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ВОРИД ГАРДИДАНД?
Бо пешниҳоди Рустами Эмомалӣ  Хуршед Мирзо ноиби аввал, Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Ӯрунов ноибони президенти ФФТ интихоб шуданд.
Мувофиқи таҳрири нави оинномаи  Кумитаи иҷроияи ФФТ, понздаҳ узви кумита интихоб гардид, ки инҳоянд: Рустами Эмомалӣ, Хуршед Мирзо, Дилшод Ҷӯразода, Алишер Ӯрунов, Шоҳрух Саидзода, Аҳтам Абдуллозода, Бароталӣ Ҳамидзода, Фарҳод Сайфиддинов, Фатҳулло Ҷалилов, Раҷаббой Аҳмадзода, Ҳаким Қурбонзода, Анваршо Мирзоев, Абдулло Раҳмонзода, Шариф Назаров  ва Нурҷаҳон Исмоилзода. 
 
ДАСТОВАРДҲОИ ЧОР СОЛИ ОХИР
Зери роҳбарии Рустами Эмомалӣ давоми чор соли охир футболи тоҷик ба як қатор дастовардҳои чашмрас ноил шуд. Аз ҷумла, ишғоли мақоми дуюм дар Чемпионати Осиё ва маротибаи дуюм роҳ ёфтани тими мунтахаби наврасони кишвар (U16) ба мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон (Бразилия) аз комёбиҳои назаррас ба ҳисоб мераванд. Мунтахаби ҷавонон (U19) бошад, дар қатори 8 дастаи беҳтарини қора ҷо гирифт.
 
БЕҲТАРИН ЛИГАИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ОСИЁ
Фаъолияти Академияи футболи ФФТ (Алмосӣ, Ҳисор)-ро марҳилаи нави равнақи футболи мамлакат номидан мумкин аст, ки дар он ду гурӯҳи мукаммал ба машқҳои муосири футбол фаро гирифта шуда, аввалин хатмкунандагони он соли 2020 сазовори диплом шуданд.
Имрӯзҳо дар кишвар бо дастгирии ФФТ ва Лигаи футболи кӯдакону наврасон мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ миёни бозигарони синну солашон гуногун баргузор мешаванд. Конфедератсияи футболи Осиё баъди омӯхтани вазъи футбол дар қора миёни 46 кишвари қитъа Лигаи кӯдакону наврасони Тоҷикистонро бо ҷоизаи «Беҳтарин Лигаи кӯдакону наврасони Осиё» сарфароз гардонд.
 
ФУТБОЛИ БОНУВОН РУШД МЕКУНАД
Дар қатори дигар комёбиҳо таъсиси Лигаи бонувон яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Дар ин росто, таваҷҷуҳи духтарон ба варзиши рақами як зиёд шуд. Дастаҳои футболи бонувон низ дар манотиқи гуногуни мамлакат таъсис ёфтанд ва, бо ин васила, баргузории мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ миёни синну соли гуногун роҳандозӣ гардид. Инчунин, заминаи ширкати мунтахабҳои футболи бонувон дар мусобиқаҳои бошукӯҳи минтақавию байналмилалӣ маҳз дар ҳамин давра фароҳам гашт.
Боиси тазаккур аст, ки дар ин давра футзал низ рушди бесобиқа ёфта, бошгоҳҳои кишвар дар мусобиқоти Лигаи қаҳрамонҳои Осиё Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.
Дар давраи роҳбарии Рустами Эмомалӣ тими «Истиқлол» (Душанбе) ду маротиба ба финали мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё баромад, ки ҳар ду бор ҳам Тоҷикистон мизбони он буд. Дастоварду комёбиҳои арзанда боис гардиданд, ки чемпиони Лигаи олӣ тими «Истиқлол» соли 2021 аввалин маротиба дар марҳилаи гурӯҳии бонуфузтарин мусобиқоти футболи Осиё – Лигаи қаҳрамонҳо иштирок хоҳад кард.
Дар ин давра дар баробари рушду равнақи футболи ватанӣ, инчунин, Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну осуда дар олам муаррифӣ гардид. Ба маснади президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) интихоб гаштани Рустами Эмомалӣ боз як далели боло рафтани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ФФТ давоми чор соли  ахир  зери  роҳбарии  Рустами  Эмомалӣ  рисолати худро ҳамчун ниҳоди пешбарандаи футбол дар кишвар иҷро намуд ва, бе шубҳа, дар чор соли баъдӣ низ футболи тоҷик рушди бесобиқа хоҳад ёфт.
Маҳмуд БАҲРОМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2020    №: 241    Мутолиа карданд: 213
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед