logo

иҷтимоиёт

 РӮЗГОРЕ  БАРОИ  ИБРАТ


Дар  ташаккули шахсияти  инсон рӯзгори  ибратомӯзи шахсони барӯманд   нақши муҳим бозида метавонад. Симои инсон, пеш аз ҳама, дар рафтору  кирдори  ӯ муайян мегардад. Рӯзгори  Маъруфҷон  Хаитов, ин  марди  некбину  хайрхоҳ, аз ҳамин гуна зиндагиҳост. Ӯ бо  корҳои  шоиста дили ҳамагонро  ба  даст  овардааст.
М. Хаитов  дар  шаҳри  Душанбе, дар  оилаи    омӯзгор  ба  дунё  омада,  гимназияи  кӯдакони  лаёқатманди  ноҳияи  Рӯдакиро хатм кард.    Баъди  хатми гимназия ҳуҷҷатҳояшро ба  Донишгоҳи аграрии  Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур супурда, онро  сарбаландона  хатм  мекунад. Аз  соли  2006  дар муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умуми № 91   ба  ҳайси  омӯзгори   фанни  география  фаъолият мебарад.  Соли  2009  дар  ҳамин  муассиса  ба  вазифаи  ҷонишини  директор оид  ба  корҳои  тарбиявӣ  таъйин шуд.
Ба кор бо дасту дили гарм часпид. Дар як муддати кӯтоҳ миёни хонандагон ва волидони онҳо соҳиби эҳтироми хос гардид. Дониши хуб ва ҷаҳонбинии фарохаш ба М. Хаитов даст дод, ки  малакаву маҳорати омӯзгориро низ ба зудӣ азбар намояд. Шогирдонаш дар чорабиниҳои муҳим ва озмунҳо ширкат варзида, соҳиби мақомҳои хос мегардиданд. Ӯро  беҳтарин  омӯзгор ном мебаранд. Меҳнати софдилонааш барои  иштироки  фаъолона  дар  корҳои  ободонии  Ватани    азизамон  ва  чорабиниҳои  муҳими  сиёсӣ бо  ифтихорномаҳои  раёсати  маориф  ва Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  қадрдонӣ шудаанд.  
Аз соли 2014  директори  МТМУ  № 12, ноҳияи  Рӯдакӣ  гардид.  Сипас,  ба  ҳайси   сармутахассиси  раёсати  маорифи ноҳия фаъолияташро давом дода, соли  2020 боз директори  МТМУ  № 12  шуда, корашро  идома  дода  истодааст. Ин  марди  роҳи донишу  илм  дар  тӯли  фаъолияташ  шогирдони   зиёдеро  тарбия  намудааст. Онҳо дар  олимпиадаҳои  ҷумҳуриявӣ  ва  байналмилалӣ фаъонона иштирок  намуда,  сазовари  беҳтарин  ҷойҳо  гаштаанд. Ин ҳама аз заҳматҳои  шабонарӯзии   устод дарак медиҳад.
Кори  омӯзгорӣ  саҳлу  осон  нест,   он заҳмати ҳамешагӣ ва диққати махсусро ба рафтору кирдори худу шогирдон талаб менамояд. Зеро таълиму  тарбияи  наврасон  ва  ҷавонон  кори хеле пуршараф, ҳамзамон, масъулиятнок низ мебошад.
Корҳои басомонрасондаи Маъруфҷон Хаитов ҷиҳати ободонии муассиса шоёни таҳсин аст. Таҳти роҳбарии ӯ  ба  таври ҳашар  синфхонаҳои иловагӣ  бунёд ёфта, ба  истифода  супурда шуданд.
Дар  муассисае, ки ӯ роҳбарӣ менамояд  50  омӯзгор  ва  16  коргари  техникӣ  фаъолият  карда,    1380  хонанда  ба  таълиму  тарбия  фаро  гирифта шудааст.
Дар раванди таълим рафтору кирдори худи омӯзгор хеле муҳим аст. М. Хаитов, пеш аз ҳама, кӯшиш менамояд, ки худ дар рафтору кирдор намунаи ибрат бошад. Дар муассиса аз омӯзгорон сар карда, то хонандаҳои синфҳои ибтидоӣ номи роҳбар ва устодашонро бо эҳтиром ба забон мегиранд. Қобилияти  хуби  роҳбарӣ,  иштироки фаъолона  дар  корҳои  ҷамъиятӣ, огоҳии хуб  аз  навгониҳои илму  техника ба ӯ имкон медиҳад, ки ҳамқадами замон бошаду аз зердастонаш низ пешравиро талаб намояд.
Хизматҳои  Маъруфҷон Хаитов  дар рушди соҳаи маориф бо  нишони  фахрии  «Аълочии  маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қадр гардидааст.
Сайёраи  АВАЗ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2020    №: 242-243    Мутолиа карданд: 198
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед