logo

қонунҳои ҶТ

 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВЕТЕРАНҲО»


Моддаи 1.  Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» аз 7 апрели соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.  1995, № 7-8, мод.  67; с.  1996, № 3, мод.  48; с.  1998, № 22,   мод.  295; с.  2004, № 2, мод.  41; с.  2007, № 7, мод.  657; с.  2010, № 1, мод.  18) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1.  Аз матни моддаҳои 2 ва 13 калимаҳои «(Сарқонуни)» ва «(Сарқонун)» хориҷ карда шаванд.
 2.  Дар моддаҳои 11, 24, 25, 26, 27, 28, 29, 30, 31, 33, 34, 35, 36, 37, 40 ва 43 калимаи «бепул» ба калимаи «ройгон» иваз карда шавад.
3.  Дар зербанди 9) банди а) қисми якуми моддаи 25 ва сархати якуми зербанди б) моддаи 40 пеш аз калимаҳои «(ба истиснои таксӣ)» калимаҳои «бо пешниҳоди шаҳодатнома» илова карда шаванд.
4.  Дар зербанди 6) қисми якуми моддаи 26, зербанди 6) моддаи 28, зербанди 10) моддаи 29, зербанди 5) моддаи 30, зербанди 4) моддаи 31, зербанди 7) моддаи 33, зербанди 5) қисми якуми моддаи 37, зербанди 3) моддаи 38 ва зербанди 13) қисми якуми моддаи 43 калимаҳои «(ба ғайр аз таксӣ)» ба калимаҳои «бо пешниҳоди шаҳодатнома (ба истиснои таксӣ)» иваз карда шаванд.
5.  Ба моддаи 45 қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
«Хароҷоти ташкилотҳои нақлиёти мусофирбар барои ҳамлу нақли ветеранҳо ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда дар ҳудуди шаҳр, назди шаҳр ва ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ҷуброн карда мешавад.
Хароҷот барои ҳамлу нақл дар нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва дар хатсайри байнишаҳрии автомобилӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад.
Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.».
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. 
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ш.  Душанбе, 17 декабри соли 2020, № 1741
 
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М.  ЗОКИРЗОДА
ш.  Душанбе, 28 октябри соли 2020, № 225
 
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      Рустами ЭМОМАЛӢ
ш.  Душанбе, 9 декабри соли 2020, № 87


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2020    №: 242-243    Мутолиа карданд: 242
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед