logo

қонунҳои ҶТ

 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Моддаи 1.  Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 12, қ. 1, мод. 989, мод. 990; с. 2009, № 5, мод. 321, № 9-10, мод. 543; с. 2010, № 1, мод. 2, мод. 5, № 3, мод. 153, № 7, мод. 547, № 12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, № 6, мод. 430, мод. 431, № 7-8, мод. 610, № 12, мод. 838; с. 2012, № 4, мод. 256, № 7, мод. 685, мод. 693, № 8, мод. 814, № 12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, № 3, мод. 181, № 7, мод. 508; с. 2014, № 3, мод. 143, мод. 144, № 7, қ. 1, мод. 389, мод. 390; с. 2015, № 3, мод. 201, № 7-9, мод. 707, мод. 708, № 11, мод. 955, № 12, қ. 1, мод. 1108; с. 2016, № 3, мод. 130, мод. 131, мод. 132, № 5, мод. 359, мод. 361, № 7, мод. 613, мод. 614, № 11, мод. 877; с. 2017, № 1-2, мод. 5, мод. 6, № 5, қ. 1, мод. 275, № 7-9, мод. 568, мод. 585; с. 2018, № 1, мод. 9, № 5, мод. 268, мод. 269; с. 2019, № 1, мод. 8, № 6, мод. 312, мод. 313, № 7, мод. 464; с. 2020, № 1, мод. 6, № 7-9, мод. 604, мод. 606, мод. 621), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1.  Дар моддаи 295:
- ба ном ва диспозитсия пас аз калимаҳои «кӯдак» ва «калон,»  калимаҳои «,бағоҷ» ва «бағоҷ» илова карда шаванд;
- аз санксия калимаҳои «нақлиёти мусофиркаши коммуналии шаҳрӣ ва» хориҷ карда шаванд.
2.  Моддаи 2951 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 2951.  Бе пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони коммуналии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ сафар кардан, бо худ бурдани кӯдак, бағоҷ ва бор, инчунин истифодабарии корти имтиёзноки шахси дигар
Барои бе пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофиркашони коммуналии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ сафар кардани мусофирон, бо худ бурдани кӯдакони аз панҷсола калон, бағоҷ ва бори аз меъёр зиёд, инчунин истифодабарии корти имтиёзноки шахси дигар, -
ба андозаи чоряки нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
3.  Моддаҳои 408, 409 ва 410 дар таҳирири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 408. Риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ ва шартҳои техникӣ ҳангоми истеҳсол, таҳвил ва нигоҳдории маҳсулоти сохтмон, конструксияҳо ва дигар маводи сохтмон
1.  Барои риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ ва шартҳои техникӣ ҳангоми истеҳсол, таҳвил ва нигоҳдории маҳсулоти сохтмон, конструксияҳо ва дигар маводи сохтмон, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.    
2.  Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи  қисми 1 ҳамин модда, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз дусад то чорсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.   
Моддаи 409.  Риоя накардани қоидаҳои фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон
1. Барои ҷойгир кардан, бунёд ва ба истифода додани объектҳо бидуни ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқшуда, хулосаи мусбати экспертиза, қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва бидуни иҷозати мақомоти назорати давлатии сохтмон иҷро намудани корҳои сохтмонию васлкунӣ, инчунин риоя накардани дигар қоидаҳои сохтмони иншоот, -
ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ба андозаи аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. 
2.  Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи  қисми 1 ҳамин модда, -
ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, ба андозаи аз сӣ то чил, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад, ба соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, ба андозаи аз яксаду панҷоҳ то дусаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 410.  Сохтан, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо бо истифодаи масолеҳу конструксияи бесифати сохтмон, ки боиси паст шудани дараҷаи зилзилатобоварии биноҳо ва иншоот мегардад
1.  Барои сохтан, таҷдид ва таъмири асосии объектҳо бо истифодаи масолеҳу конструксияи бесифати сохтмон, ки боиси паст шудани дараҷаи зилзилатобоварии биноҳо ва иншоот мегардад, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.   
2.  Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи  қисми 1 ҳамин модда,
- ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз дусад то чорсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
4.  Дар моддаи 411:
- санксияи қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то сӣ, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то яксаду шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз як саду шаст то сесаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;
- санксияи қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то шаст, ба шахсони мансабдор аз як саду шаст то сесаду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесаду бист то шашсаду чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
5.  Моддаҳои 418, 424 ва 425 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 418. Таъмин накардани дараҷаи муқарраршудаи мустаҳкамӣ, бехавфӣ, устуворӣ, зилзилатобоварии бино, иншооти навсохташуда, таҷдидкардашуда ва мизонҳои истифодашавии онҳо
1.  Барои таъмин накардани сатҳи муқарраршудаи мустаҳкамӣ, бехавфӣ, устуворӣ, зилзилатобоварии бино, иншооти навсохташуда, таҷдидкардашуда ва мизонҳои истифодашавии онҳо, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз ҳаштод то яксаду бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусаду чил то чорсаду ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2.  Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи  қисми 1 ҳамин модда, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз яксаду бист то дусаду чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсаду ҳаштод то нуҳсаду шаст нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;
«Моддаи  424. Риоя накардани қоидаҳои мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсозӣ
1.  Барои риоя накардани қоидаҳои мувофиқасозии ҳуҷҷатҳои меъморию шаҳрсозӣ, -
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2.  Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, -
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.   
Моддаи 425.  Амалӣ намудани сохтмон, таҷдид, таъмири асосии биноҳо ва иншооти ҷамъиятӣ, маъмурию маишӣ, саноатию истеҳсолӣ бе тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷот ё хулосаи дахлдори техникӣ
1.  Барои амалӣ намудани сохтмон, таҷдид, таъмири асосии биноҳо ва иншооти ҷамъиятӣ, маъмурию маишӣ, саноатию истеҳсолӣ бе тасдиқи ҳуҷҷатҳои лоиҳавию хароҷот ё хулосаи дахлдори техникӣ, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2.  Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи  қисми 1 ҳамин модда, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад. ».
6.  Санксияи моддаи 427 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз панҷоҳ то сад ва ба шахсони мансабдор аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
7.  Моддаи 429 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 429. Риоя накардани қоидаҳои корҳои сохтмону васлкунӣ ва анҷом додани корҳои бесифати сохтмон
1.  Барои риоя накардани қоидаҳои корҳои сохтмону васлкунӣ ва анҷом додани корҳои бесифати сохтмон, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2.  Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то ҳаштод, ба шахсони  мансабдор аз дусад то чорсад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз чорсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
8.  Санксияи моддаи 430 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз яксаду панҷоҳ то сесад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
9.  Санксияи моддаи 432 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
10.  Санксияи моддаи 433 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз сад то дусад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
11.  Санксияи моддаи 434 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз яксаду панҷоҳ то сесад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.».
12.  Моддаҳои 443, 446 ва 447 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«Моддаи 443. Риоя накардани технологияи объектҳои сохтмон
1. Барои риоя накардани технологияи истеҳсолот, агар ин кирдор ба пастшавии сифати истифодаи объекти биношаванда таъсир расонда бошад, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз сад то яксаду панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз яксаду панҷоҳ то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2.  Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи  қисми 1 ҳамин модда, -
ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз чил то ҳаштод, ба шахсони мансабдор аз яксаду панҷоҳ то сесад ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.»;
«Моддаи 446.  Қабул намудани қарор бе риояи нақшаи генералии тасдиқшудаи меъморию шаҳрсозӣ
1.  Барои бе риояи нақшаи генералии тасдиқшудаи меъморию шаҳрсозӣ қабул намудани қарор, -
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2.  Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, -
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
Моддаи 447.  Риоя накардани тартиби додани иҷозатнома ва сертификат дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон
1.  Барои риоя накардани тартиби додани иҷозатнома ва сертификат дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон, -
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2.  Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, -
ба шахсони мансабдор ба андозаи аз дусад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.». 
Моддаи 2.  Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон  ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ш.  Душанбе, 17 декабри соли 2020, №  1727
 
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  М.  ЗОКИРЗОДА
ш.  Душанбе, 28 октябри соли 2020, №  231
 
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 59 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон             Рустами ЭМОМАЛӢ
ш.  Душанбе, 9 декабри соли 2020, №  73


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2020    №: 242-243    Мутолиа карданд: 813
23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

15.07.2021


347 шаҳрванди Афғонистон дар Тоҷикистон паноҳ бурд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ТОКИО – 2020

Сухане чанд дар бораи СҲШ

Ҷаҳон дар як сатр

14.07.2021


Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон

Аз нишастҳои матбуотӣ

ХАТЛОН. МУБОРИЗА БО COVID-19 ПУРЗӮР МЕГАРДАД

КРИШТИАНУ РОНАЛДУ СОҲИБИ "БУТСИИ ТИЛЛОӢ" ГАРДИД

СММ: «Аз даҳ як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон нимгуруснаанд»

Ҷаҳон дар як сатр

13.07.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Суҳбати телефонии Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон

ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ АЗ БЕҲТАРИНҲО ЭЪТИРОФ ШУДАНД

«Толибон» шарти оташбасро дар Афғонистон зикр карданд

Ҷаҳон дар як сатр

12.07.2021


ВОДИИ РАШТ

12 ИЮЛ - ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲОИ ММТ

Вазири корҳои хориҷии Чин дар бораи муносибот бо Россия сухан гуфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед