logo

маориф

 МОҲИЯТИ ФАНҲОИ ДАҚИҚРО ДАРК НАМОЕМ


Таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф аст, ки имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии кишвар ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Акнун соатҳои дарсӣ аз ин фанҳо бештар, такмили ихтисоси омӯзгорон беҳтар ва тарзи гузарондани дарсҳо шаффофу ҷолиб ба роҳ монда шудааст. Бо вуҷуди ин, сифати таълими ин фанҳо, махсусан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳануз қонеъкунанда нест.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар раванди таълим бо санҷидани донишҳои назариявӣ метавон ба натиҷаҳои хуб ноил гашт. Кори таҷрибавӣ на танҳо маърифати техникӣ ва дониши хонандагонро боло мебардорад, балки имкон фароҳам меорад, ки онҳо мақсад ва моҳияти фанҳои дақиқро комилан дарк намоянд. Агар фанни химияро гирем, маҳз дар амалия чӣ гуна ҳосил шудани моддаҳои химиявӣ омӯхта шуда, пасон дар истеҳсолот кор фармуда мешаванд. Аз ин рӯ, бисёр муҳим аст, агар хонандагон аз давраи таҳсил дар мактаб чунин таҷриба гузаронанд. Барои ин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  озмоишгоҳҳои фаннӣ заруранд. Мутаассифона, дар бештари муассисаҳо озмоишгоҳҳо фаъол набуда, асбобу лавозимоти озмоишӣ аз замони шӯравӣ боқӣ монда, корношоям гардидаанд. Ин ҷо, албатта нодида гирифтани озмоишгоҳҳои замонавӣ дар муассисаҳои навбунёд, ки солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сохта ба истифода дода шудаанд, нодуруст аст. Тавре дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз гардид, соли гузашта ба маблағи 500 миллион сомонӣ 130 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо зиёда аз 32 ҳазор ҷойи нишаст ба истифода супорида шуд. Аз ин ҳисоб теъдоди хонандагони фаъолу боистеъдод зиёд гардида, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ натиҷаи хуб дод. Аммо ба ин нигоҳ накарда, ба монанди татбиқи методҳои гуногуни хониши бошуурона барои синфҳои 1-4, ки дар оянда барои тақвияти қобилияти эҷодии хонандагон замина мегузорад, фаъол кардани озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ барои синфҳои болоӣ низ аз манфиат холӣ нест. Дар ин хусус Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш аз роҳбарону кормандони соҳаи маориф даъват ба амал оварданд, ки дар муассисаҳои таълимӣ назорати азхудкунии донишҳои замонавӣ пурзӯр карда шавад, наврасону ҷавонон ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ гардида, ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Пешниҳоду супориши Сарвари давлат дар раванди пешрафти илму техника саривақтӣ буда, аз мо - омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҳисси баланди масъулиятро тақозо менамояд, бо сайқал додани донишу маҳорати касбӣ ҷиҳати омода сохтани мутахассисони баландихтисос кӯшиш менамоем.
Моҳбегим НОЁФТОВА,
омӯзгори МТМУ №5,
шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2020    №: 244    Мутолиа карданд: 1238
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед