logo

иҷтимоиёт

 НОҲИЯИ СПИТАМЕН ДАР МАСИРИ РУШД


Баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои бунёдкориву ободонӣ бомаром ҷараён доранд. Роҷеъ ба ин ва дигар дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Спитамен дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ Темурҷон Нӯмонзода, раиси ноҳия, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» чунин изҳор намуд:
 
ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ МИЛЛӢ ВА ТАШРИФИ САМАРОВАР
Ҷиҳати татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен корҳои бунёдкориву ободонӣ бомаром идома доранд. Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ин ҷашни миллӣ ҳайати гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти гурӯҳи корӣ бо ҷалби муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохторӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва фаъолон ҳайати гурӯҳи кории ноҳиявӣ аз нав тасдиқ гардид.
Мавриди зикр аст, ки 25 марти соли равон Сарвари давлат ба ноҳияи Спитамен ташриф оварда, бо вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия шинос шуданд ва дар маросими ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Т. Ӯлҷабоев, боғи нави суперинтенсивӣ ба масоҳати 5,4 гектар ва гармхонаи замонавии инноватсионӣ дар майдони як гектар дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод - 2», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Тағояк, ширкат варзиданд.
 
СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ
Сохтмончиёни ноҳия дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ба маблағи 42 миллиону 896 ҳазор сомонӣ корҳоро иҷро намуданд, аз ҷумла маблағи корҳои сохтмонӣ - васлкунӣ 31 миллиону 812,5 ҳазор сомониро, ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 29 миллиону 933,1 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шудаанд. Хонаҳои истиқоматӣ бошад, 11735 метри мураббаъро дар бар гирифт.
Баҳри боз ҳам ободу зебо гардондани Тоҷикистони азиз ва ба истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншооти хизматрасонию маъмурӣ низ сохта, ба истифода дода шуданд.
Ба муносибати Ҷашни Наврӯзи Аҷам дар деҳоти Т. Ӯлҷабоев сохтмони тӯйхонаи замонавии «Шаҳзод», истгоҳ дар кӯчаи Б. Ғафуров, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33, чароғонкунӣ,  бунёди ҷӯйборҳои бетонӣ дар кӯчаи Дӯстии деҳаи Навандарсой, сохтмони дарвозаи деҳаи мазкур, мумфаршкунии роҳи автомобилгарди Спитамен - Янгиобод - Андарсой, Спитамен - Озариён, сохтмони майдончаи варзиш дар деҳаи Навандарсой иҷро гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, дар Ҷамоати деҳоти Куруш нуқтаи фурӯши сӯзишвории гази моеъ ва маҳсулоти нафтӣ, насби истгоҳи барқӣ роҳандозӣ гардиданд.
Зикр бояд кард, ки то соли 2021 дар ноҳия сохтмон, таъмир ва таҷдиди 410 иншоот аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва бо дастгирии соҳибкорон ба нақша гирифта, давоми солҳои 2018, 2019 ва нуҳ моҳи соли равон 327 адад ё 79,7 дарсади нақша иҷро шудааст.
Соли ҷорӣ сохтмон, таъмир ва навсозии 110 иншоот пешбинӣ шудааст, ки дар нуҳ моҳи соли равон 95 - тои он ё 86 дарсад ба анҷом расидааст.
 
ТАНЗИМ - ОИНИ ЗИНДАГӢ
Риояи қатъии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шароити имрӯза аҳамияти ҳаётӣ пайдо кардааст. Дар давраи ҳисоботӣ 129 маротиба вохӯрию суҳбатҳо оид ба танзими баргузории тӯю маъракаҳо, пешгирии ифротгароии динӣ, терроризм, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», зарари никоҳи хешутаборӣ, пешгирии шомилшавии мардум ба ҷараёнҳои ифротӣ гузаронда шуд.
Дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар нуҳ моҳи соли равон 676 тӯю маросим, аз ҷумла 531 тӯйи домодию арӯсӣ, 137 маросими чил ва 77 маросими сол баргузор гардид. Барои гузарондани ин маъракаҳо 235 чорвои хурд забҳ карда шудааст. Масрафи умумӣ 2 миллиону 911,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки харҷи миёнаи як маъракаи тӯй 5500 сомониро ташкил дод.  
Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 15 тӯйхонаву тарабхона ба мардум хизмат мекунад.
 
ТАЪМИНИ БЕҲБУДИИ ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ
ВА МУСОИДАТ БА РУШДИ СОҲИБКОРӢ
Бо мақсади амалӣ намудани «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ дар беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо нозироти андози ноҳия чораҳои зарурӣ амалӣ мегарданд. Ба ҳолати 1 октябри соли равон дар ҳудуди ноҳия 4011 соҳибкор ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 1834 бо патент, 443 бо шаҳодатнома, 1199 хоҷагии деҳқонӣ, 511 шахси ҳуқуқӣ ва 24 роҳбари корхонаҳои саноатӣ фаъолият мекунанд.
Дар ин давра ба иқтисодиёти ноҳия аз тарафи ташкилотҳои байналхалқӣ наздики 100 ҳазор доллари ИМА, сармояҳои мустақим  1,1 миллион, сармоягузориҳои ватанӣ 337 ҳазор ва сармоягузориҳои маҳаллӣ маблағи 2,5 миллион, дар маҷмӯъ, дар ин самт беш аз 4 миллион доллари ИМА сармоя ҷалб шудааст.
 
САНОАТИ РӮ БА РУШД
Бо мақсади рушди соҳаи саноат аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ эълон гардид.
Барои ба ин ҳадаф расидан давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ тадбирҳое андешида шуданд, ки рушди соҳаи саноати ноҳияро таъмин намуд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмӯъ, 448 миллиону 374,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 баробар зиёд аст.
Айни ҳол дар ноҳия 22 корхонаи саноатӣ фаъолияти бомаром дорад.
 
МАОРИФ
Ноҳия 33 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқат, 10 муассисаи томактабӣ, литсей, муассисаи томактабии хусусӣ, интернати назди муассисаи таълимӣ, маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва маркази таҳсилоти иловагӣ дорад. Соли таҳсили 2020 - 2021 – ум теъдоди хонандагони муассисаҳои таълимӣ 30 ҳазору 793 нафарро ташкил дод, ки ба онҳо 1853 омӯзгор таълим медиҳад.
Иҷрои Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ бомаром идома дошта, айни ҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 42 синфхонаи компютерӣ бо 914 компютер, 137 принтер, 34 проектор, 31 тахтаи электронӣ мавҷуд аст. Ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия ба шабакаи интернет тариқи 3G пайваст гардида, бештари муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи интернет тавассути Wi - Fi фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 6, 10, 22, 27, 28 ва литсейи № 1 китобхонаи электронӣ мавҷуд мебошад.
Айни ҳол сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 5, 16 ва 30 бомаром идома дорад.
 
ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ
Хизматрасонии тиббию санитариро ба аҳолии ноҳия беморхонаи марказии ноҳия (дорои 380 кат), беморхонаи минтақавии Куруш (35 кат), беморхонаи минтақавии Хуррамзамин (20 кат), марказҳои саломатии № 1 ва 2, ҳамчунин, 9 бунгоҳи тиббӣ, 8 хонаи саломатӣ ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ хизмат мерасонанд.
Дар муассисаҳои тиббии бистарикунонӣ 371, аз ҷумла 61 духтур ва 310 корманди тибби миёна, фаъолият менамояд. Дар муассисаи кумаки аввалияи тиббии санитарии ноҳия бошад, 302, аз ҷумла 100 духтур ва 202 ҳамшира кору фаъолият дорад.
Бо мақсади сари вақт ва ба муолиҷа фаро гирифтани касалиҳои сироятӣ шуъбаи бемориҳои дарунии беморхонаи марказии ноҳия бо 35 кати махсус барои табобати беморон бо тамоми лавозимоти тиббӣ омода аст. Дар муассисаҳои тиббии ноҳия захираи маводи муҳофизатӣ ва безараргардонӣ, ба монанди ниқобҳои муҳофизатӣ, респиратор, корҷомаҳои яккарата ва бисёркарата, маҳлулҳои безараргардонии антисептикӣ, гиппохлориди калсий ва натрий, доруҳои зиддивирусӣ кофӣ мебошанд.
 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2020    №: 244    Мутолиа карданд: 207
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед