logo

иҷтимоиёт

 НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ. ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ДАР МАДДИ НАЗАР


Фаъолияти Муассисаи давлатии «Хона - интернати беморони рӯҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов» бобати дар сатҳи зарурӣ расондани хизматҳои иҷтимоию тиббӣ ба бошандагон таҳти назорати доимии кормандони Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дошта, пайваста омӯзишу таҳлилҳои фаъолияти корӣ мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. Ҳамчунин, риояи меъёри хӯрока, техникаи бехатарӣ, сарулибоси ягона, одоби муошират, вазъи таъмини доруворӣ, нигоҳдорӣ ва назорати муҳлати истифодабарии онҳо, истифодаи оқилонаи заминҳои хоҷагии ёрирасон, ҷамъоварӣ, захира ва истифодаи гиёҳҳои шифобахш, фаъолияти мунтазами  кори «Фито - бар» - ҳо, вазъи риояи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ дар сатҳи баланд гузарондани мавсими тирамоҳу зимистон ва аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ хуб ҷараён дорад.
Бино ба гуфтаи директори муасисса Муҳибуллои Ҷалолуддин  бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба ифтихори сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмири роҳҳои дохилии муассиса ва, гулкорию кабудизоркунӣ нақша - чорабиниҳо таҳия гардида, барои расидан ба ин мақсад аз тамоми неруву захираҳо, аз ҷумла имкониятҳои бахши хусусӣ, тоҷирону соҳибкорон, фаъолону аҳли зиё, ходимони дин, васеъ истифода менамоянд.
Бинобар корношоям ва фарсуда гардидани қисме аз биноҳои шуъбаҳою анборҳо, дару тирезаҳо, айвонҳо,  рангубор гардида, аз таъмири асосӣ бароварда, барои беҳтар кардани шароити зиндагии бошандагон ду дари даромад ва 32 дари ошёнаи дуюми ҳуҷраи шуъбаи калонсолон бо дари пластикӣ иваз карда шуд. Тамоми ҳуҷраҳо қисман таъмир ва эҳтиёҷмандон бо воситаҳои техникӣ (аробаи маъюбӣ, асобағал, асоча, айнак) таъмин гардиданд.
Муассиса ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Аз 3 феврали соли равон дар муассиса карантин эълон гардида, то ҳол даромадани шахсони бегона ба муассиса қатъиян манъ шудааст.    
Мавриди зикр аст, ки Муассисаи давлатии «Хона- интернати беморони рӯҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов» соли 1956 дар заминаи хонаи бачагон ташкил шуда, аз рӯи оиннома барои қабули 325 нафар, аз ҷумла 225 нафар калонсолу 100 нафар бачагон пешбинӣ шудааст. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014 муассиса ба номгӯи муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Муассисаи давлатии «Хона - интернати пиронсолон ва маъюбон” дохил шуда буд. Аз сабаби зиёд шудани талабот ба муассисаи беморони рӯҳӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2015 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Хона - интернати пиронсолон ва маъюбон - «Деҳмой» ба Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони рӯҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов» табдил дода шуд. 
Айни замон дар муассиса 274 нафар будубош дорад, аз ҷумла дар шуъбаи калонсолон 211 ва шуъбаи бачагона 63 нафар мебошад. Дар муассиса 107 бемор бистарӣ аст, ки аз инҳо 67 – то дар шуъбаи калонсолон ва 40 нафар дар шуъбаи бачагонаанд.
Аз аввали сол бо роҳхатҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба муассиса 20 нафар барои будубоши доимӣ қабул шуд, ки аз ин шумора 6 нафар дар шуъбаи кӯдакон, 14 нафар дар шуъбаи калонсолон ҷойгир гардиданд.
Бо мақсади пешбурди фаъолияти муассиса аз 1 январи соли ҷорӣ барои хизматрасонӣ 149 корманд тибқи басти вазифавӣ фаъолият мекунад. Барои баланд бардоштани дараҷаи тахассуси кормандон аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, ҷиҳати  бозомӯзӣ  ба курсҳои  такмили ихтисос сафарбар  мешаванд.
Шаҳбоз АБРОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2020    №: 245    Мутолиа карданд: 176
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед