logo

ҳуқуқ

 СУХАН , К – ОН АЗ САРИ АНДЕША Н – ОЯД...


Дар ҳошияи эътирози видеоии Абдусаттор Пирмуҳаммадзода – ронандаи таксии шахсии мусофирбар
Ташкилоту гурӯҳҳои иртиҷоие, ба гунаи ТЭТ ҲНИ, ки алҳол ба унвони Паймони миллӣ фаъолият дорад, ҳаматарафа кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бо ҳамон шеваи пешин дубора рӯзҳои вазнинро ба сари миллати мо бозоранд. Барои онҳо теъдоди хуни рехта, кушта шудани ҳазорон бегуноҳон, бесаробон мондани занону модарон, хоҳарону бародарон ва кӯдакони маъсум, ба даҳсолаҳо қафо партофтани кишвар аз лиҳози иқтисодӣ ҳанӯз басанда нест.
Бо назардошти вазъияти ҳассоси ҷаҳон беҳтар мебуд, ки аз ин ҳама ба хулосае меомадем ва ба иғвою эҳсосот дода нашуда, дар ҳалли дилхоҳ мушкилоти пешомада аз дурандешию хирадмандӣ кор мегирифтем. Вақте имконияти кушодани гиреҳ бо даст  мавҷуд ҳаст, ҳоҷат ба дандон намемонад. Гуфтанӣ нестем, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо камбудию норасоӣ, мушкилот мавҷуд нестанд ва мо аз онҳо сирф тавассути пойгоҳҳои хабарии мухолифини давлат огоҳ ҳастем. Лозим аст, ки дар рӯзҳои мушкил аҳлу тифоқ ва муттаҳид бошем ва илҳомбахши душманону бадхоҳони миллат нагардему бо иродаи қавӣ, таҳаммулпазирӣ, дурандешӣ роҳҳои безиёни ҳалли камбудию мушкилиҳоро ҷустуҷӯ намоем.
Боварии комил дорам, ки ҳамчун собиқ рӯзноманигори ботаҷриба Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, ҳарчанд ки имрӯз бо тақозои зиндагӣ ба кирокашӣ бо мошини шахсиаш машғул аст, замоне мардуми кишварро ба суботу оромӣ даъват менамуд. Яъне, ба қадри сулҳу ваҳдат хуб сарфаҳм меравад. Аз баромадаш дарёфтем, ки аз пешаи дӯстдошта дур гардида, ба мусофирбарӣ гузаштаю ба мушкилот дучор омадааст. Бар сари эҳсосот бо эътирози худ аз тариқи интернет кори хуберо анҷом надодааст. Имрӯзҳо кам нестанд рӯзноманигороне, ки бо мақсади таъмини рӯзгори худ тарки касб кардаю ба корҳои дигари даромадашон бештар машғул ҳастанд. Таксиҳои мусофирбари давлатӣ ҳам дар шаҳру навоҳии кишвар зиёд ба назар мерасанд, ки аз лиҳози сифати зоҳирию техникӣ ва хизматрасонӣ аз ягон кишваре камӣ надоранд. Дар ҷаримабандии А. Пирмуҳаммадзода аз тарафи нозири БДА, пеш аз ҳама, худи ӯ гунаҳкор мебошад, ки мебоист фаъолияти соҳибкории худро қонунӣ мегардонд.  Аз нигоҳи қонун нозири БДА барои ду маротиба дар ҳаҷми калон ҷаримабандӣ намудани А. Пирмуҳаммадзода гунаҳкор маҳсуб намеёбад, чунки дар доираи қонун ва дастури шаҳрдорӣ амал намудааст. Он чи ҳаҷми ҷаримаро ронандагон баланд меҳисобанд, масъалаи дигар аст, ки дар сурати зарурӣ бо назардошти муроҷиати хаттии шаҳрвандон  аз тарафи мақомоти қонунбарори ҷумҳурӣ шояд таҷдиди назар карда шавад.
Аммо осону беҳтар он аст, ки қоидаҳову қонунҳоро риоя бикунӣ ва корро то ба ҷаримабандӣ набарӣ. Магар дигарон аз ӯ дида дар зинаи поёнтар қарор доранд, ки қоидаҳову қонунҳои роҳро риоя мекунанд? Агар  ҳам чандин ҳазор ронанда ғайриқонунӣ фаъолият намудаанду ҷаримабандӣ шудаанд, худро гунаҳгор донистаанд, на намояндагони мақомоти болоиро. Инчунин, мисли А. Пирмуҳаммадзода доду вовайло накардаанду дигаронро нахостаанд ба иштибоҳ рӯ ба рӯ бисозанд. Айнан, дар ҳолатҳои зайл вобаста ба ҳаллу фасли дигар мушкилоти пешомада дар доираи тартиби қонунгузории муайяншуда амал кардан салоҳи кор мебошад, на бо роҳҳое, ки ба бесуботӣ мебаранд. Ба қавли шоир:
Сухан к, – он аз сари андеша н – ояд,
Навиштанрову гуфтанро нашояд.
Насиба НАЗАРЗОДА,
рассом, корманди
маҷаллаи “Хорпуштак”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2020    №: 245    Мутолиа карданд: 540
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед