logo

иҷтимоиёт

 ДАР ДЕҲАИ МО ҲАМ ЧУНИН МЕШУДА БОШАД?


Ҳар вақте хабари дар ин ё он деҳаи ҷумҳуриамон бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтани майдончаҳои хурди футболу волейболро мешунавам, пеши рӯям, беихтиёр, ҳоли наврасону ҷавонони деҳаам меояд. Бозӣ дар як қитъа замини пур аз регу хоки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳа, тӯри куҳнаю даридаи бозии волейбол, давидан дар майдони футбол, на, майдони футбол не, дашти калони канори деҳа, ки он ҳам замини ким - кадом хоҷагии деҳқонисту баробари дамидани сабза то вақти дарав бозиҳо дар он ҷо қатъ мегарданд ва ғайра. Наврасону ҷавонони деҳаи мо чунин шароити варзишӣ надоранд. Онҳо майдончаҳои зебои замонавиро танҳо дар телевизор мебинанд. Чун ман, пайваста аз он афсӯс мехӯранд, ки дар деҳаашон ягон соҳибкор надоранд.
Деҳаи Савдаи деҳоти Кангурт бо 100 хоҷагӣ яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Темурмалик ба ҳисоб меравад. Наврасону ҷавонони деҳа чун сокинони дигар шаҳру навоҳии кишвар ба варзиш, махсусан ба гӯштии миллӣ ва футболу волейбол завқи беандоза доранд. Новобаста ба шароит дар мусобиқаҳои сатҳи ҷамоат иштирок карда,  маҳорати баланд нишон медиҳанд. Агар шароити хуби машқу тамрин медоштанд, шояд, қисме аз онҳо чеҳраҳои намоёни варзиши мамлакат мешуданд.
Наврасии ман ҳам дар ин деҳа бо хотироти зиёд сипарӣ гардидааст. Ҳамроҳи ҳамсолон дар роҳу тангкӯчаҳо ва қитъаҳои замини пур аз хору хас футболбозӣ мекардем ва баробари кафидани тӯб гиря ҳам менамудем. Вале бо тӯбҳои кафидаи пур аз пахтаву латтапора бозиамонро бо шавқу завқ боз идома медодем. Он вақт вазъият дар ҳама гӯшаву канори кишвар ба мисли деҳаи мо буд ва касе ба масъалаи шароити тамрину бозиҳо таваҷҷуҳ намекард. Акнун, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва соҳибкорону саховатмандон дар деҳа, ҷамоат ва шаҳру ноҳияҳо майдончаҳои замонавии футболу волейбол ва толору қасрҳои варзиш бунёд мешаванд, завқу хоҳиш ва орзуи наврасону ҷавонон ба доштани чунин майдончаҳо зиёд мегардад. Ҳама мехоҳанд, ки чунин толору майдончаҳо дошта бошанд. Имрӯзҳо корҳои ободонию созандагӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд ва наврасону ҷавонони деҳаи Савда мехоҳанд, майдончаи замонавии варзиш ва толори машқу тамрин дошта бошанд. Вале, то ин ҷашни умумимиллӣ камтар аз як сол мондааст, ин орзуи наврасонро кӣ, кай ва чӣ гуна амалӣ мекунад? Охир, деҳаи Савда соҳибкор надорад-ку, ҳама сокинон миёнаҳоланд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Савда нақшаи сохтани майдончаву толори варзишро дорад ё не, номаълум аст.
Ҳар вақте ки ба деҳа меравам, ҳамдеҳагон доим аз ду мушкилӣ ҳарф мезананд: роҳ ва надоштани толору майдончаи варзиш. Сарфи назар аз ин, бисёр хушҳоланд, ки чанд сол пеш шахсони саховатпеша аз дигар ноҳия дар деҳа бунгоҳи тиббӣ, мактаби замонавӣ ва ҳаммом бунёд карданд. Аз дигарбора сангфарш шудани роҳҳо низ шукр мекунанд. Сокинони деҳа ташаббус нишон дода, тавассути қубурҳои пластикӣ аз масофаи 2 километр ба деҳа оби ошомиданӣ оварданд. Ҳоло деҳа сабзу хуррам  ва пур аз дарахт шудааст. Аҳолӣ дар таъмири дару девори худ низ намунаи баланди зебоипарастӣ нишон медиҳанд. 
Вале, агар дар деҳа толору майдончаи варзиш бунёд мешуд, наврасону ҷавонони зиёде ба машқу тамрин ва футболу волейбол машғул гардида, дар тарғиби тарзи ҳаёти солим нақш мегузоштанд ва аз ин деҳаи дурдаст варзишгарони хубе ба воя мерасиданд.
Мансур БОЙЗОДА,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2020    №: 245    Мутолиа карданд: 280
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед