logo

иҷтимоиёт

 «ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!» ДАР БОРАИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ, КИ АЗ НИГИНҲОИ ПУРҶИЛОИ ТОҶИКИСТОН АСТ


Аз Душанбе чун бароӣ, кӯҳсор ояд зи пеш… Кӯҳсоре, ки на танҳо мо – тоҷикон, балки оламиёнро тасхир кардаасту тараннумаш абёти шоиронро рангин. Кӯҳсоре, ки сухан мегӯяд: бо сукут, бо тамкин. Ва ин кӯҳҳо муъҷизаҳои дигар ҳам доранд: рӯди шӯху сарпечи Варзоб, ки хеш аз соҳил ба соҳил зада, талотум дорад. Дигар муъҷиза сокинон, ки ҷаҳду талош аз дарёи хурӯшон омӯхтаву баҳри ободии гулшани атрогин – Варзобдара якдилона заҳмат мекашанд. Зиёда аз 20 сол инҷониб ноҳия чун минтақаи сайёҳию истироҳатӣ эътибор пайдо карда, барои меҳмонон, хосса хориҷиён, оинаи кишварнамо гаштааст. Ҳамасола даҳҳо бинои хуштарҳу зебо чун нигинмарҷон дар қалби кӯҳ қомат афрохта, Варзоби афсоназебро шукӯҳи бештаре мебахшанд. Бо вуҷуди кӯҳсор будан, дар Варзоб соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳоли рушданд, бахши афзали иқтисоди ноҳияро сайёҳӣ ташкил менамояд.
Умед дорем, аз саҳифаи «Тоҷикистон, ба пеш!» шумо, хонандагони арҷманд, аз тараддудҳои бунёдкоронаи варзобиён ҷиҳати истиқболи арзандаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқиф гашта, дилбастагиатон ба ин гӯшаи биҳиштосои Ватан афзунтар мешавад.

ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР МАСИРИ РУШД
Муколамаи раиси ноҳияи Варзоб Муҳаммадулло Шерализода бо хабарнигори “Ҷумҳурият”
 
ОБОДИИ ВАТАН АЗ ОБОДИИ ДЕҲА ОҒОЗ МЕГИРАД
- Варзоб миёни 68 шаҳру ноҳияи кишвар ягона ноҳияе ба шумор меравад, ки соли 1999 расман минтақаи истироҳатӣ ва сайёҳӣ эълон шудааст. Шуҳрати обу ҳавои фораму рӯҳбахш, табиати зебою дилкаши ин гӯшаи нозанини диёр  берун аз марзҳо рафта ва ин ҳама кайҳост, ки дили ҷаҳонгардонро тасхир намуда. Муҳтарам раис, шояд суҳбатамонро аз ҳамин нукта оғоз бахшем.
- Бо камоли мамнуният. Сайёҳӣ аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар аст, ки солҳои охир бо ҳидоят ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон босуръат рушд мекунад. Хусусан, дар ноҳияи Варзоб, ки  обу ҳавои гуворо, манзараҳои нотакрор, кӯҳҳои сарбаафлок, ҳайвоноту набототи нодир дорад. Урфу одат, анъана ва  хӯрокҳои қадимаи миллӣ дар баъзе деҳаҳои дурдаст то ҳол нигоҳ дошта шудаанд, ки ин ҳама барои ҷалби сайёҳон мусоидат мекунад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои татбиқи саривақтии барномаҳои гуногуни давлатӣ, ки ба  рушди соҳаи сайёҳӣ нигаронда шудаанд, тадбирҳои зиёд роҳандозӣ намудааст, ки натиҷаҳои назаррас дода истодаанд. Ҳамин аст, ки барои қабули матлуби сайёҳони дохиливу хориҷӣ шароит торафт беҳтар мегардад.
- Боз як омиле, ки ба намои зебои маркази ноҳия ва деҳоти он ҳусни дигар зам намудааст, иншооти навсохту зебои гуногунтаъйинот мебошанд. Ба ибораи дигар, омодагӣ ба тантанаҳои Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Шумо низ дар авҷ аст. Ҳамин тавр не?
- Хушҳолам, ки корҳои то  имрӯз анҷомдодаи ободониву созандагии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар ҳамдастии қавӣ бо мардуми заҳматқарин аз назари Шумо пинҳон намондаанд. Воқеан, дар ин самт сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои мост. Ҳамин буд, ки имсол дар маҷмӯъ, ба маблағи қариб 4 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 дарсад  зиёд  мебошанд. Бунёди иншооти таъйиноти гуногун, пеш аз ҳама, ба хотири некуаҳволии мардум, барои бо ҷойи кор таъмин намудани онҳост. То имрӯз 140 бино ба истифода дода шуд, ки беморхонаи марказии ноҳия бо 110 ҷойи хоб, қасри фарҳанг бо 350 ҷойи нишаст аз ҷумлаи онҳоянд. Роҳи Такоб - Сафеддараро, ки наздики 19 километр мебошад, низ дар доираи иншоотҳои ҷашнӣ пурра бо ҷалби соҳибкорони саховатпеша таъмир кардем.
Бо дарки он, ки ободии Ватан аз ободии деҳа оғоз мегардад, дар ин кор соҳибкорон ва ашхоси баору номуси маҳаллӣ беш аз пеш саҳм мегиранд. Соли равон бо ҳамдастии онҳо дар маркази ноҳия ва деҳот 40 иншоот бунёд гардид, аз ҷумла муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 64 дар деҳоти Гулбоғ, толори варзиш, маркази забономӯзӣ, дорухона дар  деҳоти Чорбоғ, хоҷагии мурғпарварӣ, хати оби ошомиданӣ, майдончаи варзиш, сехи дӯзандагӣ дар деҳоти Лучоб ва ғайра. Вале ин интиҳои кор нест. Барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бояд зиёда аз 270 иншоот, аз  қабили мактаб, кӯдакистон, толору майдончаҳои варзиш, бунгоҳи тиббӣ, меҳмонхона, коргоҳи дӯзандагӣ сохта, мавриди истифода қарор гирад.
 
ҲАР ВАҶАБ ЗАМИН ҚАДРИ ЗАР ДОРАД
- Чун аз саҳми назарраси соҳибкорон дар рушди ноҳия гуфтед, ба вазъи феълии соҳибкорӣ дар Варзоб чӣ гуна баҳо медиҳед?
- Мо барои дастгирӣ ва рушди ин самти муҳими фаъолияти иқтисодӣ тадбирҳои зарурӣ меандешем ва соҳибкорӣ торафт равнақ мегирад. Масалан, давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ  филиали ноҳиявии “Амонатбонк” ба 56 соҳибкор 540 ҳазор сомонӣ  қарз додааст. Тибқи маълумоти нозироти андоз,  шумораи онҳо ба 1433 нафар расидааст. Зимнан,  соли равон бо эҳтимоми соҳибкорон дар Варзоб нахустин корхонаҳои мурғ ва моҳипарварӣ таъсис ёфтанд. Ҳоло бо дастгирии соҳибкорон 8 корхонаи саноатӣ  фаъолият менамояд, ки дар пешрафти ноҳия саҳми шоиста мегиранд.
- Варзоб, ки 97 дарсади ҳудудаш кӯҳсор аст, чун минтақаи истироҳатӣ  ва сайёҳӣ ном баровардааст. Ноҳия, бо вуҷуди як каф будани заминаш, аграрӣ маҳсуб меёбад. Лутфан бигӯед, ки заҳмати кишоварзон имсол чӣ натиҷа дод?
- Ин ҳамон маврид аст, ки камии миқдор аз ҳисоби ҳосили баланд ҷуброн мешавад. Яъне, истифодаи самарабахши ҳар ваҷаб замин. Ҳоло дар ноҳия 662 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо  нисфи зиёди  аҳолии қобили меҳнат заҳмат мекашанд. Хоҷагиҳо ба ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ, картошка, чорво, занбӯриасалпарварӣ ва моҳипарварӣ машғуланд. Дар маҷмӯъ, ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра қариб ба 78 миллион сомонӣ расид, ки нишондиҳандаи бад нест.
 
ТЕЪДОДИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ 2,5 МАРОТИБА АФЗУД
- Тибқи маълумот, имсол  саноатчиён нисбат ба соли гузашта камтар маҳсулот истеҳсол намудаанд . Сабаби инро чӣ гуна тавзеҳ медиҳед?
- Ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки саноат рӯ ба таназзул овардааст. Баръакс. Соҳа нисбат ба солҳои қаблӣ хеле рушд намуд. Бо он далел, ки то соли 2014 дар ноҳия ҳамагӣ 6 корхонаи саноатӣ фаъолият менамуд, ҳоло бошад, 14 адад. «Сангғалт», “Зидеҳ», “Сзинян Инхай”, “Тоҷикистон” аз калонтарини онҳо маҳсуб меёбанд. Шумо ишора ба он мекунед, ки корхонаҳо имсол  ба маблағи 51,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, яъне нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  қариб 5 миллион сомонӣ  кам? Ин, албатта, сабаб дорад. Соли ҷорӣ ду корхона - “Талко флюорит” ва комбинати маъдани “Тагоб”, ки аз ҷониби ширкатҳои чинӣ сохта шудаанд, фаъолият накарданд. Бовар дорам, ки бо бартараф шудани пандемияи коронавирус мушкили онҳо ҳалли худро меёбад.
 
ВАЗЪИ ЭПИДЕМӢ МУЪТАДИЛ АСТ
- Воқеан, COVID -19 қариб як сол боз хуруҷ ва маҷрои муқаррарии ҳаётро дигар кардааст. Аз 64 миллион гузаштани теъдоди сироятёфтаҳо гувоҳи хатарнокии марговараш мебошад. Хушбахтона, дар Тоҷикистони мо бо тадбирҳои саривақтӣ ва муассир пеши роҳи ҷиддан паҳншавиашро гирифта тавонистанд. Қобили зикри махсус аст, ки маҳз ноҳияи Шумо дар ҷумҳурӣ нахустин шуда аз коронавирус вораст.
- Ибтидои хуруҷи коронавирус дар ҷумҳурӣ Варзоб минтақаи карантинӣ шуд. Яъне, бисёр гирифторону гумонбарони вируси навро барои ду ҳафта ин ҷо меоварданд. Баъди бастани марзҳо тадриҷан шумораи онҳо кам шудан гирифт. Дар ин давра бо дастуру супориши ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус ситоди ноҳиявӣ таъсис дода, тадбирҳои пешгирии хуруҷи SARS-CoV-2-ро роҳандозӣ кардем. Дар доираи мубориза бо вируси марговар то имрӯз барои табибон, марказҳои саломатӣ ва оилаҳои эҳтиёҷманд ба маблағи зиёда аз 710 ҳазор сомонӣ доруворӣ, либосҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои зиддисептикӣ дастрас карда шуданд. Ин ҳама имкон дод, ки сироятёбии оммавӣ дар ноҳия пешгирӣ гардад.
 
 

САЙРИ ВАРЗОБДАРА
Оҳанги хуши рӯди Варзобу қиссаю афсонаҳои кӯҳҳои он ба ҳама ошно. Наққоши табиат ин маконро бо зеботарин рангҳо ороста, ки аз диданаш дил ба шӯр омадаву рӯҳ таскин меёбад. Аз ин рӯ, ҳамчун минтақаи  истироҳатӣ, табобатию сайёҳӣ вирди забонҳо шудани Варзобдара амри тасодуф нест.
 
«САФЕД-ДАРА» – БРЕНДИ САЙЁҲИИ ЗИМИСТОНА
Аз миёни 965 минтақаи истироҳатии ноҳия «Кохи Малика», «Варзоб – Палас», «Гулобод», Маҷмааи лижаронии «Сафед – Дара» ва осоишгоҳҳои Хоҷа Оби Гарму «Сароб», ки ба таври доимӣ фаъолият доранд, ба бренди сайёҳии ноҳия табдил ёфтаанд. Махсусан, «Сафед – Дара», ки бо ибтикори Сарвари давлат таъмиру навсозӣ шуда, соли панҷум аст, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад, бо кӯҳҳои симинтобаш дили ҳазорҳо сайёҳи дохиливу хориҷиро тасхир кардааст. Он бар замми макони истироҳатӣ будан, майдони машқу тамрини варзишгарони кишвар низ маҳсуб меёбад. Ҳоло ҷойи баргузории мусобиқот оид ба лижаронию конкитозӣ, мотосиклу квадрасиклронист. Ба ҷуз ин, дар тамуз оғӯши гарму сабзаш кӯдакону наврасонро ба истироҳатгоҳҳои тобистона меорад. 
Ба ҳамин тариқ, сол ба сол инфрасохтори маҷмаа мукаммалтару мароқангезтар мегардад. Аз ҷумла, истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакона, майдонҳои конкию хоккейбозӣ, аспсаворию лижаронӣ, парки арғамчинӣ ва роҳи танобӣ дӯстдорони табиатро сӯи дараи сафед мекашанд. Мавриди истифода қарор гирифтани аввалин майдони бозиҳои рӯи ях имкони хубест баҳри равнақ пайдо кардани ин намуди варзиш дар кишвар. Баробари эҳё шудани «Сафед – Дара» роҳҳои мавзеъ низ таъмиру таҷдид гардида, омадурафти сайёҳонро маротибҳо осон карданд, ки навсозии роҳи Пугус – Такоб – «Сафед – Дара»-ву дигар роҳҳои қаблан ҳолати ногувордоштаи мавзеъ аз ин шумуланд.
 
МУЪҶИЗАИ ДОМОНИ КӮҲ
Дарвоқеъ, солҳои охир вазъи роҳҳо ба мавзеъҳои сайёҳии ноҳия хеле беҳтар шудааст. Агар солҳои қабл бардорузани роҳи вайронаи осоишгоҳи Хоҷа Оби Гарм баданро «навозиш» мекарда бошад, ҳоло роҳи асфалтпӯш ин азобро рафъ кардаасту чашм аз садафи табиат барнамедорӣ. Ин роҳ моро дар фурсати кӯтоҳ ба муъҷизаи ҳаштуми олам – Хоҷа Оби Гарм расонд. Маъмурони осоишгоҳ тавонистанд, ки бо назардошти вазъи мушкили феълӣ – пандемияи коронавирус барои истироҳату табобати сайёҳон шароити созгорро фароҳам оранд.
Бо вуҷуди он ки ноҳияи Ишкошим худ макони маъруфи чашмаҳои гарм аст, сокинони он низ барои истироҳату табобат Хоҷа Оби Гармро ихтиёр мекунанд. «Буғу оби радонии осоишгоҳ малҳами ҷон аст. Хизматрасонӣ ҳам хуб. Ноҳияи мо – Ишкошим чашмаҳои шифобахши зиёд дорад, аз ҷумла Гармчашма, Ҷелондеҳ, Авҷ, Фотимаи Заҳро ва Ширгин. Аммо барои табобат гирифтан шароит нест. Дар Хоҷа Оби Гарм бошад, бо ҷалби табибони таҷрибадор муолиҷаро ба роҳ мондаанд, ки мо барин ниёзмандон аз ҳамин қадар роҳи дур меоем», - гуфт ҳамсуҳбатамон Шанбе Шанбеев.
Сардухтур Миралӣ Рӯзиев аз ин муъҷизаи домани кӯҳ чунин гуфт:
- Наздики як аср мешавад, ки фусуни Хоҷа Оби Гарм ниёзмандонро ба қалби кӯҳ меорад. Бо об ва буғи радонии табиияш. Дар таркиби об 27 элементи системаи даврии Менделеев мавҷуд аст. Ҳарорати буғе, ки аз қаъри замин мебарояд, 97 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳангоми буғ тиллогӯгирд (олтингӯгирд) ба воситаи нафасу пӯст ба организм ворид мегардад, ки давои дарди қанд аст. Бар замми ин, фишорро паст карда, намаки баданро меронад. Дар умум, дар осоишгоҳ муолиҷаи бемориҳои такягоҳу ҳаракат, роҳи нафас, системаи асаб, дилу раг, пӯст ва безурётии занонаю мардона роҳандозӣ гардидааст. Табобат аслан бо обу буғ сурат гирад ҳам, физиотерапия, маҳси дастию барқӣ, сӯзандармонию гиёҳдармонӣ, парафин ва ҳатто сандалии барқӣ истифода мешаванд.
Гарчанде дар давраи авҷи бемории коронавирус Хоҷа Оби Гарм муваққатан дари худро баста буд, имрӯз бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ боз дар хизмати сайёҳон аст. Ба гуфтаи роҳбарияти осоишгоҳ, ҳар сол дар ин ҷо садҳо сайёҳони хориҷӣ, ки аксаран аз Ӯзбекистону Россия, ҳамчунин аз Олмонанд, истироҳат мекунанду табобат мегиранд.
Ин ду иншоот намунае аз наздики ҳазор мавзеи сайёҳии ноҳия аст, ки ҳар яке ба таври худ ҷолибу назаррабост.
 
COVID - 19 «САДДИ СИКАНДАРӢ» НАШУД
Тавре аз суҳбат бо муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи сайёҳӣ Файзулло Исматзода маълум гашт, гарчанде пандемия ба рушди туризм бетаъсир намонд, дар нуҳ моҳи соли равон наздики 65 ҳазор сайёҳи дохилӣ ба мавзеъҳои туристӣ ташриф овард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 32 ҳазор кам аст. Шумораи сайёҳони хориҷӣ низ коҳиш ёфта, теъдодашон ҳамагӣ каме беш аз ду ҳазорро ташкил дод, яъне сеяк кам шуд.
- Бемории коронавирус ҳам ташрифи сайёҳонро коҳиш доду ҳам масъулиятҳои навро бар дӯши мо гузошт, - иброз дошт Файзулло Исматзода. – Табиист, ки дар ин давра талаботи сайёҳон ба таъмини бехатарӣ дар минтақаҳои истироҳатӣ ҷиддитар шуд. Мониторинги гузарондаамон нишон дод, ки фаъолияти минтақаҳои сайёҳии қад – қади шоҳроҳ хуб аст,  вале мавзеъҳое низ буданд, ки ба талаботи вазъи буҳронӣ ҷавоб намедоданд. Бо ин сабаб фаъолияти 10 минтақаи истироҳатиро, ки хилофи қоидаҳои санитарӣ  буданд,  муваққатан қатъ намудем. Вале, сарфи назар аз ин, то ҳол ягон ҳолати сироятёбиро дар нуқтаҳои туристӣ ба қайд нагирифтаем.
 
ГАСТРОТУРИЗМ: ҲАДИР, БУЛАМОҚ, ДАЛДА…
Таври маълум, ноҳияи Варзоб барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили экологию кӯҳӣ, табобатию рустоӣ ва пиёдагардию рафтинг имконияти васеъ дорад. Аксари сайёҳон туризми экологию пиёдагардиро меписанданду хатсайрҳоеро интихоб мекунанд, ки дар доманакӯҳ ҷойгиранд. Масалан, табиати муъҷизаосои деҳоти Зиддеҳ барои рушди сайёҳии рустоӣ созгор аст. Баҳораш дертару зимистон тезтар меояд. Дар деҳоти он тамоми урфу одат, анъанаҳои миллӣ то ҳол ҳифз шуда, аз тарзи либоспӯшии мардум то хӯрокпазӣ назар ба дигар минтақаҳои ноҳия вижагиҳои худро дорад. Кадбонуҳо таомҳое мепухтаанд, ки ростӣ, шахсан ман бори аввал мешунидам: ҳадир, буламоқ, далда бо  бодоми талхак. Оши буридаро ҳам бо иловаи гиёҳҳои шифобахш чунон болаззат мепазанд, ки мондан гиред! Ин ғизоҳо барои сайёҳон воқеан «экзотикиянд». Яъне, дар Варзоб гастротуризм низ ташаккул меёбад.
Воқеан, ин маҳал, ки аз гиёҳҳои табиӣ бой аст ва дар кӯҳсори он қариб 100 намуд гиёҳ мерӯяд, имкони хубе дорад барои оммавигардонии гастротуризм. Сокинон дар хонаҳояшон барои меҳмонон шароити будубош муҳайё сохтаанд, ки омили равнақ пайдо кардани рустосайёҳист. Ба ин васила ҳам сайёҳон бо тарзи зиндагии мардум ошно мешаванду ҳам даромади аҳолӣ меафзояд.
 
БАҲОРУ ТОБИСТОНИ… ФАРОМӮШШУДА
Гарчанде барои омӯхтани зарфияти сайёҳии ноҳия дар зарфи 20 сол корҳои зиёде анҷом пазируфтаанд, ба ақидаи мутахассисон, то ҳол он ба дараҷаи кофӣ мавриди истифода қарор нагирифтааст. Бо назардошти он ки намудҳои нодири ҳайвонот дар баландкӯҳҳои Варзоб зиёданд, пиёда сохтани шикорсайёҳӣ ба манфиати кор арзёбӣ мешавад. Ё дигар паҳлуи масъала: то ҳол мавзеъҳои сайёҳӣ мавсимианд. Барои мисол, «Сафед – Дара» ҳамчун минтақаи сайёҳии зимистона машҳур асту зарфияти туристиаш дар фаслҳои дигар муаррифӣ нагаштааст. Яъне, дар фаҳмиши масъулон ва мардум «Сафед – Дара» танҳо барои фасли зимистон созгор аст, дар ҳоле ки он баҳору тобистон беҳтарин минтақаи рушди туризми экологию пиёдагардӣ шуда метавонад. Гузашта аз ин, минтақаҳои зиёди сайёҳие ҳастанд, ки ба таври бояду шояд муаррифӣ нашудаанд ва таблиғи фаъолонаи онҳо тавассути шабакаҳои интернетӣ ба ҷалби бештари сайёҳон мусоидат мекунад.
 


МАКТАБИ НАВ МЕСОЗАНД
Дар ноҳияи Варзоб низ тренди ҷумҳуриявии бунёди мактабҳои нави замонавӣ ва синфҳои иловагӣ бармало эҳсос мешавад. Дар натиҷа, мушкили норасоии ҷойи нишасти хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қариб пурра ҳал шудааст. Вақтҳои охир муассисаҳои таълимии деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ, Варзобқалъа, Чорбоғ низ соҳиби синфҳои иловагӣ гаштанд.
Баробари ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 64 дар Ҷамоати деҳоти Гулбоғ - 2  на танҳо мушкили хонандагон, балки ташвиши волидон низ пурра бартараф шуд. Сокинони ин деҳаи навбунёд мактаб надоштанд. Чун деҳа ба пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе наздик аст, онҳо фарзандонашонро барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр мефиристоданд ва то баргаштани онҳо ба қавле “дилашонро гург мехӯрд”. Аз роҳи калони мошингард гузаштани хонандаҳо ҳангоми мактабравӣ ва омадан волидонро хавотир месохт. Баробари фаро расидани фасли зимистон ташвишашон дучанд мешуд. Ҳавои сарду рӯзҳои кӯтоҳи зимистон дар бисёр маврид боиси ба мактаб нарафтан ва аз таълим дур мондани хонандагон  мегардид. Хушбахтона, ин мушкил  соли равон бартараф шуд ва акнун  хонандагон дар мактаби наву замонавӣ таҳсил доранд.
Директори муассиса Хушбахт Алиев ҳини суҳбат бо мо аз шароити хуби он изҳори қаноатмандӣ намуд: “Мактаб барои 500 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст. Шароити таълиму таҳсил ниҳоят хуб. Синфҳои фаннӣ бо васоити аёнӣ муҷаҳҳазанд. Ба миқдори зарурӣ компютер дорем, бо шабакаи интернет. Дар ҷавоби чунин ғамхорӣ мо бояд сифати таълимро беҳтар кунем”.
Шароити муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41 дер боз ба талаботи муосири таълим созгор набуд. Бинобар ҳамин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо дархости шуъбаи маориф барои сохтмони бинои нави замонавӣ барои 240 хонанда маблағ ҷудо кард.
- Корҳои сохтмонӣ ва рангубори бино кайҳо ба охир расиданд. Барои синфхонаҳои компютерӣ, физика, химия, билогия компютер ва дигар таҷҳизоти зарурӣ харид шудааст. Танҳо корҳои насбкунӣ мондаанд, ки вақти зиёдро намегиранд, - гуфт сардори раёсати маорифи ноҳия Валӣ Наҷмиддинов.
Бино ба иттилои ӯ, ин муассисаи таълимӣ соли оянда дар ба рӯи хонандагон боз мекунад.
Мавриди зикр аст, ки дар ояндаи наздик дар деҳаҳои Косатароши Боло, Дурманбулоқ, Даҳана, Даштириндон ва Даштихорзор мактабҳои нав бунёд мешаванд. Ҳоло дар ноҳия   сохтмони  5 муассисаи  таълимӣ барои  936  хонанда  идома дорад. Ва лаҳзае шодмонии хонандагонро тасаввур кунед, ки бо хурсандию ифтихор “Ба мо мактаби нав месозанд!” мегӯянд.
 
 

КАСЕ ҲАСТ, КИ МАФТУН НАШАВАД?
Тӯли як ҳафтае, ки тобистони соли гузашта дар диёри шумо будам, маро рӯди Варзоб шефтаву шайдо кард. Агар Волгаи орому сокити мо пири хирадмандеро монад, ки таҳ ба таҳаш асрор аст, рӯди Варзоб ҷавони шӯху саркашест бо дили лабрез аз эҳсосот. Мағрурона сар ба соҳил заданаш, кафккунон ҳусн аз шир рабуданаш рӯҳу ҷисмро ончунон ба ваҷд меорад, ки беихтиёр хоҳиши дар ҳавои ин навои воло рақсидан пайдо мешавад. Аз тамошои ҳамин як гӯшаи табиати сеҳрангези кишваратон бовар кардам, ки Тоҷикистонро беҳуда «Швейтсарияи дуюм» намегуфтаанд. Ва ҳар нафаре, ки ояд, волааш шуда, бори дигар худро дар оғӯши ин биҳишт дидан мехоҳад.
Алексей МИХАЙЛОВ, Россия
 
Писари муҳандисамон солҳои дар ҷумҳурии шумо роҳ сохтан, ҳамеша  тавсифи Тоҷикистону зебоиҳои он мекарду шавқи дидани онро дар дили мо меангехт. Ахиран дар 40 – солагии хонадоршавиамон ба Тоҷикистон роҳхат туҳфа намуд. Пас аз сайри боғшаҳри нозанинатон – Душанбе, озими дараи афсонавии Варзоб шудем. Воқеан, дараи ниҳоят зебо будааст. Шифооби радонии истироҳатгоҳи Хоҷа Оби Гарм ману шавҳарамро гумон мекунам, даҳ сол ҷавон сохт. Меҳрубонию меҳмоннавозии мардуматон ҳайратовар аст. Насиб карда бошад, боз ҳатман меоем, то ки Боми ҷаҳонро ҳам бубинем.
Чун ЛИ, Чин
 

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТИИ ГАНҶИНА БОБОЕВА

Дар ноҳияи Варзоб солҳои охир мувозӣ бо рушди сайёҳӣ ҳунарҳои мардумӣ фарогиртар мешаванд. Дар ин миён таваҷҷуҳи ашхоси соҳибистеъдод ба армуғонсозӣ, ҳайкалчатарошӣ ва сабадбофӣ бо усули маҳаллӣ бештар мегардад. Зеро, хориҷиёне, ки ба ин дараи биҳиштосо барои тамошо ё табобат меоянд, офаридаҳои марғуби онҳоро бо хоҳиши том харид мекунанд.
 
АРМУҒОН БА ЁДГОР МЕБАРАНД 
Омили асосие, ки боиси ҷиддан рӯ ба ҳунарҳои мардумӣ овардани аҳолӣ гашт, бешубҳа, ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки рушд додани сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварданд ва он аз соли 2018 ҳадафмандона пиёда мегардад. Аз ҷумла, дар Варзоб. Дар доираи он дар шаҳраку деҳоти ноҳия шаш  коргоҳу дуконҳои ҳунарҳои миллӣ таъсис ёфта, ки ба ин васила 165 бону соҳиби кори доимӣ гашт.
Тавре мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Нодира Исломзода гуфт,  ҳунарҳои зардӯзӣ,  дӯзандагӣ, попурӣ,  адрасу сабадбофӣ миёни занону духтарон маҳбубият пайдо кардаанд. Устоҳои моҳир оҳангарӣ, ҳайкалу табақтарошӣ, армуғонсозиро равнақ медиҳанд.
- Ин раванд шаҳодати он аст, ки мардуми мо ҳам талаботи бозорро то қадри имкон ба инобат мегиранд ва маҳсулоте истеҳсол мекунанд, ки хуб ба савдо меравад, - баёни мушоҳида намуд Исломзода.
Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ занҳои хонанишинро ҳам ба кори муфиди ҷамъиятӣ торафт бештар мекашад ва онҳо даромади иловагӣ ба даст оварда, рӯзгорашонро ободтар мекунанд.
Мавриди зикр аст, ки дар нуҳ моҳи соли равон дар ноҳия беш аз 160 нафар бо кори доимӣ таъмин шуд, ки асосан ба соҳаи хизматрасонӣ дар минтақаҳои  истироҳатӣ рост меояд. Барои касбомӯзии занону духтарон бо марказҳои ҳунаромӯзии ҶДММ “Се ахтарон”, “Умедбахш”, филиали муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе” ва филиали КВД “Маркази касбомӯзии шаҳри Душанбе” ҳамкории доимӣ ба роҳ монда шудааст.
 
ДАҲ АНГУШТ ҲУНАР ...
Соли ҷорӣ  соҳибкор Ганҷина Бобоева, аз Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа, бо таъсиси корхонаи “Ясмина - 2011” соҳиби  40 ҳазор сомонӣ гранти президентӣ гардида, ба фаъолият шурӯъ намуд. Ҳамчунин, чор корхонаи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд,  ки 30 нафар занону духтаронро соҳиби ҷои кор намуд. Дар марказҳои ҳунармандӣ ба хоҳишмандон касбҳои қаннодӣ, дӯзандагӣ, қуроқу чакану гулдӯзӣ, атласу адрасбофӣ омӯзонда мешаванд.
Ба гуфтаи мудири бахш, барои ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудани занону духтарон ва шаҳрвандони бешуғл дар деҳоти ноҳия курсҳои касбомӯзӣ таъсис ёфта, мактаби классикии устоду шогирд эҳё шуд, ки дар он 75 ҳунарманди собиқадор ба шогирдон сабақ медиҳад. Ҳамзамон, дар муассисаи таҳсилоти иловагии назди раёсати маорифи ноҳия 23 маҳфил амал мекунад, ки ҳадафи он эҳёи ҳунарҳои сабадбофӣ, дӯзандагӣ, қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, коркарди чӯб, гулдӯзӣ, муҳрабофӣ ва ғайра  мебошад. То ба имрӯз  беш аз 100 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд, ки 80 нафараш занҳою духтаронанд.
Агар ба инобат гирем, ки дар ҷараёни омодагӣ ба истиқболи сазовори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 11 корхонаи нави дӯзандагӣ дар назар аст, сафи чеварони гулдаст ба маротиб меафзояд. То имрӯз 6 корхонаи дӯзандагӣ ва 2 нуқтаи фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ  ба фаъолият шурӯъ кардаанд.
- Рушди соҳибкории хурду миёна, бештар ҷалбу ҳавасманд сохтани бонувони хушсалиқа, ташкили ҷойҳои нави кор аз самти авлавиятноки фаъолияти мо мебошанд. Ва то ҷое ба ин муваффақ ҳам шудаем, - гуфт дар хотимаи суҳбат Нодира Исломзода.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, Меҳрангез ҚОДИРОВА, Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2020    №: 246    Мутолиа карданд: 243
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед