logo

иҷтимоиёт

 РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ


Дар зиндагӣ шахсе мавриди эҳтироми умум қарор мегирад, ки бо кору амали некаш ба дилҳо роҳ меёбад ва зуҳури чунин шахсиятҳо дар ҳар ҷомеае ба зиндагии мардум нуру сафои тоза мебахшад.
Мардуми сарбаланди Исфара дар симои Абдулмумин Ҳалимов, директори генералии ҶСК “Осоишгоҳи Зумрад”, чунин мартабаро дарёфтаанд. Ӯ аз ҷумлаи ҷавонони ботамкину фурӯтан ва роҳбари кордоне ба шумор меравад, ки баробари роҳбари осоишгоҳ таъйин шуданаш сатҳу сифати хизматрасонӣ ба истироҳаткунандагон боз ҳам беҳтар шуд. Ҳоло роҳбарият ва кормандони ҶСК “Осоишгоҳи Зумрад” талош доранд, ки Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро чун дигар сокинони ҷумҳурӣ бо дастовардҳои намоён пешвоз гиранд. Ба ин манзур, сохтмони бинои нуҳошёнаи истироҳатгоҳ бо тарҳи муосир идома дорад, ки қарор аст, то рӯзи ҷашн ба истифода дода шавад. Абдулмумин Ҳалимов талош дорад, ки дар баробари зербинои инфрасохторӣ, ҳамчун иқтидории кадриро дар осоишгоҳ боз ҳам баланд бардорад. Чунончи, ҳоло бо дастгирии ӯ аз ҳисоби маблағҳои дохилии осоишгоҳ 12 нафар ҷавони Исфара дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таҳсил дорад, ки оянда дар ҳамин осоишгоҳ ба кор ҷалб хоҳанд шуд.
Мавсуф дар партави сиёсати бунёдкоронаву инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, ҳамеша дасти ниёзмандонро гирифта, ба оилаҳои камбизоат ёрӣ мерасонад. Абдулмумин Ҳалимов ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят 12 оилаи эҳтиёҷмандро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намуда, ба қадри тавони хеш ҷиҳати бунёди хонаҳои истиқоматӣ ба онҳо ёрии молиявӣ расондааст. Ӯ худро ҳамеша дар канори мардум мебинад ва ҳамчун вакил муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16, деҳаи Гулистони шаҳри Исфараро бо 40 адад миз ва 80 курсӣ таъмин намудааст. Ташаббуси дигаре, ки ӯро ҳамчун вакили дардошнои халқ муаррифӣ кард, ин дастрас ва насби як адад трансформатори пуриқтидор, кашидани хати барқ ба масофаи 3 километр дар маҳаллаи боғдорӣ ва кӯчаи Саъдии Шерозии деҳаи Куканди шаҳри Исфара мебошад. Дар пайи ин амали савобҷӯёнаи Абдулмумин Ҳалимов 700 хоҷагӣ ба неруи барқ дастрасӣ пайдо намуд, ки бешубҳа ин ва дигар амалҳояш намунаи ибратанд.
Муҳаммадносири НАСРУЛЛО,
аълочии матбуоти Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2020    №: 246    Мутолиа карданд: 177
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед