logo

иҷтимоиёт

НАҚШИ БОНУВОН ДАР ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ


Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” имкон дод, ки хароҷоти оилаҳо кам ва маросиму маъракаҳо ба меъёри муайян дароварда шаванд. Дар натиҷаи амалӣ шудани ин қонун вазъи иҷтимоии оилаҳо, пеш аз ҳама, оилаҳои камбизоат хеле беҳтар гардид. Маъракаҳо ба танзим даромада, исрофкорӣ ва хароҷоти дуюмдараҷа аз байн рафт ва дар маъракаҳо тартиботи ягона ҷорӣ гардид.
Қабули қонун ба вазъи молиявии шаҳрвандон таъсири мусбат расонда, ба афзоиши пасандози мардум дар бонкҳо, харидории воситаҳои нақлиёт, асбобу ҷиҳози хона ва бунёди хонаҳои истиқоматӣ мусоидат намуд.
Мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст. Аз тарафи дигар қонун ҳамчунин, барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона шудааст.
Ҳарчанд ки то имрӯз як қатор маъракаҳои барзиёдӣ аз миён бардошта шуданд, вале дар муддати амали қонуни мазкур маводҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти судӣ ирсол  мегарданд, ки ин нишонаи фориғболии баъзе шахсон ва дидаву дониста, ба буҷети оила ва сатҳи зиндагии хонадони худ зарар расондани онҳо мебошад.
Аз ин рӯ, татбиқи сиёсати давлат дар самти танзими расму оинҳои мардумӣ дар баробари мардон низ яке аз вазифаҳои асосии занону модарон ба ҳисоб меравад.  Занону модарон дар баробари корҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, пеш аз ҳама, кадбонуи хонавода ҳастанд ва сариштаву сарфакории рӯзгор, оростани дастархонҳои идона, вале бо риояи талаботи қонун сариштакорӣ ва парҳез аз исрофкорӣ дар дасти онҳост. Сарфаи оқилонаи буҷети оила  бошад, яке аз шартҳои асосии рӯзгори бонизом мебошад, ки дар ин кори муҳим нақши занону модарон хеле калон аст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат таъкид доштанд: "Шумо - модарону хоҳарони азиз, ки дар баргузор кардани маросим ва суннатҳои мардумӣ саҳми асосӣ доред, барои одӣ, камхарҷ, хоксорона ва дар муҳити хешу ақрабою ёру дӯстон гузаштани тӯю маъракаҳо ва дигар маросимҳо кӯшиш намоед."
Масалан, маъракаҳои манъшуда, аз ҷумла гузарондани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба фарзанд вобаста бо мақсади сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ аз пастшавии сатҳи зиндагонии мардум пешбинӣ шудаанд. Аз тарафи дигар дар як вақт ба падару модарон ҳуқуқ дода мешавад, ки аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи фазандонашон суратҳисобҳо кушоянд.
Қонун бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон равона гардидааст  ва маънои маҳдуд кардани анъана ва расму оинҳои гузаштаро надорад, балки яке аз роҳҳои мусоидат намудан ба тарзи зиндагии солим, густариши фарҳанги оиладорӣ, сарфаю сариштакорӣ ва ниҳоят боло рафтани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишварамон мебошад.
Қонуни мазкур бо мақсади таъмини нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардондани пояҳои давлатдории миллӣ бо ташаббуси  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидааст, ки ин санад дар самти ба низому тартиб даровардани маросиму ҷашнҳои милливу динӣ нақши барҷаста гузошта истодааст.
Аз ин рӯ, бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки қабули қонун ҳамчун яке аз иқдомоти муҳимтарин дар самти ҳифзи анъанаҳои мардумӣ боиси ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими аҳли ҷомеа гардида, ҷашну маъракаҳо ва расму оинҳоро дар кишвар ба низом даровард ва дар татбиқи он нақши занону модарони тоҷик назаррас мебошад.
Шаъмигул НУРУЛЛОЗОДА,
судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2020    №: 247    Мутолиа карданд: 181
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед