logo

иҷтимоиёт

ДАРВОЗ. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ШУКУФОНТАР МЕШАВАД

Дар  анҷоми соли сипаригардида  ва оғози  Соли нави 2021 бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи  Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода суҳбати  кӯтоҳе доштем. Ӯ бо камоли майл гуфт, ки мардуми Дарвоз аз натиҷаҳои бадастомадаи истеҳсолӣ ҳарфи ширин  мезананд.  Ба дурустӣ, ки  ин сол қатъи назар аз ҳуҷуми  COVID - 19 басо ҳам  пурфайзу баракат ва хурсандибахш  дар ёдҳо боқӣ мемонад. Чунки чорабинии муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сокинони  ватандӯст, меҳнатқарин ва  ҳимматбаланди ноҳия ба ҷонибдории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона  раъйи худро доданд. Ҳамчунин, 19 - 22 августи соли 2020 Роҳбари давлат дар ноҳияи Дарвоз ва дигар шаҳру навоҳии вилоят  сафари корӣ анҷом доданд.
Соли сипаригардида бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни пурифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла   корхонаи саноатии «Карон - колсид» дар мавзеи Вишхарв, боғи инноватсионӣ, корхонаи  коркарди асал ва мева дар деҳоти Қалъаихумб, меҳмонхона дар ҳудуди истироҳатгоҳи «Чорчаман»-и деҳаи Паткуноб, ҳамчунин, майдони Парчами давлатӣ ва боз чандин иншоот ва корхонаҳо бо ширкати Сарвари давлат мавриди  истифода қарор  гирифтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  ин  сафари  кориашон ба бунёди  канали 17,5 - километра бо мақсади  обёрии  қариб 400 гектар  замини Дашти Луч  санги асос гузоштанд.
Аз ҷониби  Сарвари мамлакат солҳои 2019-2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Дар партави ин ташаббус, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар чор  деҳот корҳои муҳим ҷомаи амал пӯшиданд. Ҳоло на танҳо дар шаҳраки Қалъаихумб, балки дар деҳот низ иншоот, биноҳои нав, маҳаллаҳои ҷадид ва хонаҳои ҳозиразамони ҷавобгӯй ба талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ  бунёд гашта истодаанд. Аз ҷумла, дар деҳоти Сағирдашт, дар ағбаи Хобурубот бинои сеошёнаи  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 то 30 - солагии Истиқлолияти кишвар сохта, мавриди баҳрабардории хонандагон ва омӯзгорони водии Вахё қарор мегирад.
Аз ҳама арзандааш он аст, ки мардуми ноҳияи Дарвоз аз он басе ҳам  хушнуд ва ифтихорманданд, ки ҳамаи ин  амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагиҳои беқиёс, дар дарвозаи қисми ғарбии Бадахшон  маҳз  бо дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат, маблағгузориҳои  Ҳукумати мамлакат, шарикони хориҷии рушд ва соҳибкорони  ватандӯст ва бонангу номус татбиқ мешаванд.    
Дар мулоқот бо роҳбарон ва  сокинони  Дарвоз  Роҳбари давлат аз дастовардҳои мардуми ноҳия дар самти  кишоварзӣ, пеш аз ҳама, соҳаи чорводорӣ, занбӯриасалу ситруспарварӣ, изҳори  қаноатмандӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  баҳри рушди самтҳои афзалиятнок, алалхусус лимӯву занбӯриасалпарварӣ, дар давраи хуруҷи мавҷи дуюми коронавируси COVID -19  маслиҳат ва тавсияҳо доданд.
Дар раванди чор ҳадафи стратегӣ - аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, ба истиқлолияти энергетикӣ расидан, татбиқи барномаи  амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонӣ дар Дарвоз низ қадамҳои боз ҳам устувортар  гузошта шуданд. Ҳоло деҳаҳо бо барқи доимӣ тариқи хатҳои баландшиддати барқии Сангтӯда - Шугнов, Сангвор - Сағирдашт - Қалъаихумб - Ванҷ пурра таъминанд. Неругоҳҳои барқи обии «Ширг-1» ва «Ширг-2»  бомаром кор мекунанд. Дар Дарвоз деҳае нест, ки роҳи мошин надошта бошад. Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва шарикони хориҷии рушд дар ин рӯзҳои фарорасии Соли нави милодӣ  корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи автомобилгарди Шкев - Қалъаихумб босуръат  ва сифати баланд идома доранд.  Дар ин иншооти роҳдорӣ даҳҳо нафар ҷавонони маҳаллӣ  ҳамроҳи роҳдорони Ҷумҳурии Мардумии Чин кор мекунанд.
Кишоварзони ноҳия соли 2020  маҳсулоти фаровони картошкаву сабзавот, гӯшту шир, меваҳои ситрусӣ, аз қабили  лимӯ, анору анҷир ва аз ҳама зиёд асал  истеҳсол карданд. Як қисми маводи ғизоӣ бо навиштаҷоти «Асали Дарвоз», «Лимӯи Дарвоз» ва  «Анори Дарвоз» ба  хориҷи мамлакат низ содирот мегардад. Дар пиёдасозии ҳадафи чоруми стратегии  Ҳукумати Тоҷикистон - саноатикунонии кишвар низ амалҳои созандагӣ  оғоз гаштаанд. Аллакай, якчанд корхонаи хурд аз ҷониби соҳибкорон бо ёрии Ҳукумати кишвар ва  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар анҷоми суҳбат раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода  иброз  дошт, ки сокинони  ноҳия  соли  2020 - ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст карда, бо қадамҳои устувор, бо дили пур ва орзуву ормонҳои зиёд ва  ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва  ниятҳои неки ватанпарастона ба соли 2021 гомҳои устувор мегузоранд. Боиси хушнудист, ки дар 70 иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ, созандагӣ ва бунёдкориву ободонӣ хуб ҷараён доранд. Аҳли деҳот ба корҳои баҳорӣ низ  аз ҳоло омодагӣ мегиранд. Онҳо бо дили гарм  ва аз рӯи оини меҳандӯстӣ  тасмим  гирифтаанд, ки  дар соли Ҷашни  фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои шоиста ва арзишманди боз ҳам бештарро  ба ҷо оранд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2020    №: 248    Мутолиа карданд: 201
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед