logo

иҷтимоиёт

АЛОҚАИ МОБИЛӢ. МАВҶИ АНТЕННА БА САЛОМАТӢ ЗАРАР ДОРАД?

Агар аз баландӣ ба шаҳру навоҳӣ ва, ҳатто, деҳаҳои дурдаст назар афканем, дар боми баъзе биною иншоот, ҳавлии хонаҳои истиқоматӣ, теппаю кӯҳсор антеннаи ширкатҳои алоқаи мобилиро мебинем. Телефонҳои мобилӣ ва интернетро, ки имрӯз бе онҳо буданро тасаввур карда наметавонем, мавҷафкании ҳамин антеннаҳо фаъол медоранд. Шумораи онҳо торафт меафзояд.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар зиёда аз 25 ҳазор истгоҳҳои базавии ширкатҳои мобилӣ мебошанд. Оё ин «ҷангали осмонӣ» бо мавҷафкании худ ба саломатии одам зарар дорад? Мо барои дарёфти посух ба ин савол таҳқиқоти вижае анҷом додем, ки хонандаро дар ҷараёни пурраи масъала мегузорад.

МЕЪЁРҲОИ СТАНДАРТӢ БОЯД РИОЯ ШАВАНД
Фарҳод Шокир, директори Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, зимни баррасии ин масъала чунин баён дошт: - Антеннаҳои ширкатҳои мобилӣ имрӯзҳо қариб дар ҳамаи маҳаллаҳои аҳолинишин мавҷуданд. Онҳо, аксаран, дар боми иншооти баландошёнаи маъмурӣ, таълимӣ, истиқоматӣ ва ғайра насб шудаанд. Дар сурати риояи стандартҳои муқарраршуда ба саломатии инсон хатар ё зарар надоранд. Аз ҷумла, агар шахс муддати тӯлонӣ бевосита дар назди онҳо ё чанд метр (1 метр) дуртар қарор надошта бошад.
Тавре мусоҳибам тавзеҳ дод, бо назардошти он ки иқтидори афканишоти антеннаҳои пойгоҳҳои базавӣ маъмулан аз 10 Вт зиёд нест, шиддатнокии афканишот аз ҳадди ниҳоии ҷоизӣ нуфуз намекунад. Бо вуҷуди ин, ҷиҳати пешгирии хатари эҳтимолӣ антеннаҳои алоқаи мобилиро дар шафати муассисаи таълимӣ, беморхона, кӯдакистон ва ғайр ҷой намедиҳанд.
Пӯшида нест, ки дар ин пойгоҳҳо ҳангоми мавҷафканӣ майдони электромагнитӣ ба вуҷуд меояд, ки вусъати доираи таъсираш аз дараҷаи иқтидори пойгоҳ вобаста аст. Ба ақидаи иддае аз намояндагони ҷомеа, маҳз ҳамин майдони электромагнитӣ метавонад ба организми одам таъсири номатлуб расонад. Хонандагони «Ҷумҳурият» низ магар ҳамин тахмину фарзияро шунида, изҳори нигаронӣ намудаанд, ки гӯё аз таъсири манфии он дарди сар, эҳсоси парешонӣ ё хастагӣ,  депрессия, дилбеҳузурӣ пайдо мешавад. Коршиносони тоҷик низ инро рад месозанд, зеро то ҳол дар ягон тадқиқоти илмӣ вобастагии чунин ҳолати организм ба мавҷафкании антеннаҳо собит нашудааст.  

ҚУВВАТИ МАВҶ 250 МАРОТИБА КОҲИШ МЕЁБАД
Мутахассиси рус Андрей Якиметс зикр кард, ки феълан рушди алоқаи мобилӣ ба самти афзунсозии имконияти гузарониши каналҳо равон аст. Аз ин хотир, 4G фаъолона корбаст мешавад, технологияи 5G дар мекӯбад. Дур нест он рӯзе, ки даст ба дари мо ҳам мезанад. Бо пайдоиши чунин имконияти нави технологӣ паҳнсозии ахбор дар бораи зарари мавҷафканӣ зиёд шуд. Оё воқеан хавфнок аст? Худ қазоват кунед. Пойгоҳи базавӣ иқтидори ниҳоии 40 Вт дорад. Ҳар қадар аз антенна дур бошед, сигнал ҳамон андоза суст мешавад. Масалан, агар пойгоҳ аз манзили шумо дар масофаи 100 метр бошад,  ба ҳуҷраатон афканиш 0,007 мВт/см2 зиёд намешавад. Агар пойгоҳи базавӣ дар боми манзили истиқоматиатон гузошта шудааст, мавҷафкании антенна на рост, балки, асосан, ба паҳлу сурат мегирад ва ҳадди ақал ба поёну боло. Ҳамчунин, девори оҳану бетониро фаромӯш насозед, ки он афканиши мавҷро 32 маротиба суст мекунад. Ҳамин тавр, то шумо мавҷ 250 маротиба сусттар шуда мерасад. Ба ибораи дигар 0,008 мВт/см2. Ин миқдор ба саломатӣ ягон зарар расонда наметавонад.

АЗ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ БОЯД ТАРСИД, НА АЗ АНТЕННА
Бино ба хулосаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, аз мавҷи антеннаҳои алоқаи мобилӣ дида, таъсири афканише, ки аз телевизор, гармкунаки микромавҷӣ, компютер, телефони мобилӣ ва дигар технологияи рақамӣ паҳн мешаванд, бештар аст. Ниҳоди ҷаҳонӣ пиндорҳо оид бо сабаби паҳншавии радиомавҷҳои алоқаи мобилӣ ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла саратон, мубтало шудани одамонро комилан бебунёд хондааст. Зеро тадқиқоти чандинсола пайвандеро миёни онҳо тасдиқ накард.
Ҷамъияти саратоншиносии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки собиқаи беш аз садсолаи мубориза алайҳи ин маризии қаттол дорад, моҳи июни соли равон дар сомонааш навишт, ки «то имрӯз ягон таҳқиқоте нест, ки таъсири манфии радиомавҷҳоро ба организми одам исбот карда бошад».
Дар дигар кишвари мутараққӣ – Канада низ, ки бо сатҳи баланди рушди иҷтимоӣ ва тиб ном баровардааст, ба хулосаи айнӣ расидаанд. Гузашта аз ин, дар ин ҷо диққатро хавфи воқеӣ ҷалб месозад. «Таъсири радиомавҷҳои антеннаҳои ширкатҳои алоқаи мобилӣ аз таъсири мавҷҳои телефони мобилӣ, ки одамон доим бо худ мегиранд, камтар аст», - ҳушдор додааст сомонаи расмии Ҳукумати ин мамлакат.

АГАР МАВҶҲОИ ЭЛЕКТРОМАГНИТӢ АЗ МЕЪЁР ЗИЁД БОШАНД
Ба андешаи сардори шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидусмон Судуров, зимни насби антеннаҳо талабот ва хулосаҳои Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ ба эътибор гирифта мешавад. Кормандони хадамот онҳоро аз санҷишҳои махсус гузаронда, дараҷаи иқтидори майдони магнитиро муайян месозанд. Агар он аз меъёр зиёд бошад, ба саломатии мардуми гирду атроф таъсири манфӣ мерасонад. Дар ҳоли риоя нагардидани меъёр ба саломатии «ҳамсоя»-ҳои антенна чунин таъсир мерасонад: мутатсияи генҳои организми инсонҳо, ки ба бемориҳои онкологӣ ё саратон оварда мерасонад; дарди сар, бехобӣ ва тез кор кардани дил; маризиҳои гуногуни чашм то андозае, ки метавонад аз биноӣ маҳрум созад; афзоиш наёфтани устухони кӯдак. Инчунин, аз таъсири мавҷҳои электромагнитӣ занҳои ҳомила ва кӯдакони то 18-сола ба табақаи осебпазир шомил мешаванд.

САФАРИ ХУҶАНД БО ЧӢ АНҶОМ ЁФТ?
Сайнуриддин Сатторов, мудири озмоишгоҳи садо, ларзиш ва майдонҳои электромагнитии Муассисаи давлатии «Маркази экспертизаи маркази санитарию эпидемиологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадот»-и Хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ, Муҳммадқул Каримов, озмоишгари озмоишгоҳ ва Файзиддин Чиниев, сармутахассиси хадамот, иброз доштанд, ки сатҳи ҳадди имконпазир барои зичии мавҷҳои энергияи майдонҳои магнитӣ ба 10 мкВт/см2  баробар аст. Агар майдони магнитӣ аз ин зиёд бошад, он гоҳ ба саломатӣ зарар мерасонад. Санҷишҳое, ки онҳо оид ба зичии мавҷҳо дар ҳудуди иншооти таъминкунандаи алоқаи мобилии кишвар дар масофаҳои аз 1 то 50 метр дар атрофи сутун ва манораҳо насбгардида анҷом доданд нишон медиҳад, ки онҳо ҳамагӣ аз 0,0 – 0,1 то 0,5 – 0,8 мкВт/см2-ро ташкил медиҳанд. Яъне, аз меъёр ниҳоят кам.
- Аз ин рӯ, бо дилпурӣ метавонам гӯям, ки антеннаҳои ширкатҳои мобилӣ дар кишвар комилан безараранд, - таъкид намуд М. Каримов. – Чанде пеш гурӯҳи сокинони шаҳри Хуҷанд ба мо муроҷиат карданд, ки антеннаҳо ба саломатияшон зарар овардааст. Ба маҳали зисташон рафта санҷиш гузарондем. Таъсири манфии антеннаҳо тасдиқ нашуд. Аммо бовар накарданд. Ба маҳаллаи дигари шаҳр ҳамроҳ рафта озмоиш гузарондем. Боз ҳамон хулоса баромад. Баъди ин телефони мобилии як нафарашонро санҷидем, маълум гашт, ки дараҷаи афканиши мавҷаш аз меъёр зиёд, яъне зарарнок аст.
Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбатонамон, дастгоҳе, ки онҳо барои санҷиши зичии мавҷҳои энергияи майдонҳои электромагнитӣ истифода мебаранд, дорои шаҳодатномаи санҷиш аз Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии санҷишҳои физикию техникӣ ва радиотехникии Федератсияи Россия мебошад.

БА АНТЕННАШИНОНӢ КӢ ИҶОЗАТ МЕДИҲАД?
Тибқи моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ бояд дорои иҷозатномаи махсус бошад.
Дар моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» чунин омадааст: «Операторон ва хизмати алоқаи барқӣ метавонанд дар замин, дар биноҳо, дар симчӯбҳо, дар кӯпрукҳо, дар трубопроводҳо, дар роҳҳо ва коллекторҳо, туннелҳои роҳи оҳан ва дигар ҷойҳо, бо огоҳонии пешакӣ ва агар талаб карда шавад, бо бастани шартнома бо мулкдорон ё шахсони дигаре, ки ба чунин участкаҳои замин ё иншоот ҳуқуқ доранд, такягоҳҳо, хати алоқа ва дигар иншоотҳо созанд, насб кунанд ва истифода баранд.
Корҳои сохтмон, насб ва истифодабарии шабакаи алоқаи барқӣ бояд бо баҳисобгирии талаботи амнияти экологӣ ва безарар ба сифатҳои эстетикии маҳале, ки чунин корҳо бурда мешаванд, анҷом мегиранд».
Ҷойгирсозии пойгоҳҳои базавӣ ва манораҳои антеннаи алоқаи мобилии ширкатҳо бо  Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, комиссияи экспертии давлатии экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Хадамоти алоқа мувофиқа мешавад. Агар он на дар болои ягон бинои маъмурӣ ё иншооти дигар, балки ҳавлии шахсӣ сурат гирад, талаботи меъёрҳои гигиенӣ “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва муҳити табиии зист аз таъсири мавҷҳои барқу магнитии аз таҷҳизотҳои алоқаи мобилӣ ҳосилшаванда” ба инобат гирифта мешавад.
Ҳамзамон, дар ҷумҳурӣ қоида ва меъёрҳои санитарӣ «Муҳофизати аҳолӣ аз таъсири майдонҳои электромагнитӣ, ки аз объектҳои  радиотехникӣ ба вуҷуд меоянд» амал мекунад, ки масъалаи амнияти экологӣ ва ҳифзи саломатии шаҳрвандонро танзим месозанд.

МАВҶ ХАВФ НЕ, НАФЪ МЕОРАД
Дар ниҳоят як далели аҷиб ва судманд. Агар дар шафати хонаатон манораи алоқаи мобилӣ ҷойгир бошад, ҷои тарс надорад. Баръакс, аз ин «ҳамсоягӣ» шод шавед. Чунки бинобар наздикӣ таъсири он ба телефони мобилиятон зиёдтар мешавад. Дар натиҷа телефонатон метавонад бо сарфи ками неру мавҷро гирад. Яъне, зараре, ки аз телефони мобилӣ ҳангоми бо иқтидори пурра кор карданаш ба шумо мерасад, хеле кам мешавад.

Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2020    №: 248    Мутолиа карданд: 846
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед