logo

иҷтимоиёт

ВАРЗИШ. РУШД ВА ОММАВИЯТИ ОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ РОҲБАРИЯТИ ОЛИИ МАМЛАКАТ

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019  барои оммавияти варзиш ва солимгардонии аҳолӣ Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кардаанд, ки дар давоми даҳ соли оянда дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзиш бунёд намоянд.

Тавре ҳамагон шоҳидем, давоми соли ҷорӣ Пешвои миллат қариб дар ҳар сафари кориашон ба шаҳру навоҳии кишвар як қатор иншооти соҳаи варзишро ба истифода доданд. Дар ин росто, яке аз рӯйдодҳои фараҳбахши соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Қасри теннис ва маҷмааи обии варзиш буд, ки қариб ба маблағи як миллиард сомонӣ сохта шудааст. Инчунин, қариб ҳамарӯза аз воситаҳои ахбори омма огаҳ мегардем, ки дар гӯшаҳои гуногуни мамлакат майдонча ё толори варзиши замонавӣ ба истифода дода мешаванд.
Ин ҳама далели он аст, ки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии кишвар буда, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст.
Бояд гуфт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи варзиш барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ қабул ва амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, қабули барномаҳои «Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш» ва «Рушди футбол барои солҳои 2017 – 2021» ба пешрафти минбаъдаи соҳаи варзиш мусоидат менамоянд.
Сарвари давлат зимни суханрониашон дар Қасри теннис ва маҷмааи обии варзиш аз муҳим будани инфрасохтори соҳа ёдовар шуда, чунин иброз намуданд:  «Бо маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлат ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатманд ва мухлисони варзиш танҳо дар зарфи солҳои 2011 – 2019-ум 2550 иншооти варзиш сохта, ба истифода дода ва зиёда аз 2000 иншооти мавҷуда таъмиру таҷдид карда шуд. Танҳо соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҳисоби маблағҳои буҷет ва сарпарастон 358 иншооти варзиш бо харҷи зиёда аз 133 миллион сомонӣ ва аз аввали соли ҷорӣ 58 иншоот ба маблағи 14 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд».
Яке аз ташаббусҳои дигари Пешвои миллат таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ мебошад. Ин ҷоиза, ки аз фонди захиравии Президенти мамлакат тақдим мегардад, варзишгаронро водор намуд, ки солҳои охир шумораи медалҳои худро аз мусобиқаҳои байналмилалӣ зиёд намоянду миллату давлатамонро аз пештара бештар сазовор муаррифӣ намоянд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки давоми даҳ соли оянда дар ҳамаи гӯшаву канори кишвар майдончаҳо ва толорҳои варзиш қомат меафрозанду шумораи зиёди сокинон ба варзиш фаро гирифта мешаванд. Дар баробари иқдомҳои Роҳбари давлат мо - омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмониро зарур аст, ки насли наврасро дар роҳи варзишдӯстӣ, яъне рӯ овардан ба тарзи ҳаёти солим, тарбия намоем.

Наврӯз МИСОҚОВ,
омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии
МТМУ № 41, ноҳияи Шоҳмансур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2020    №: 248    Мутолиа карданд: 177
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед