logo

иҷтимоиёт

РӮШОН. СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ, ФАЙЗБОР БУД

Бо вусъат ёфтани корҳои ободонию созандагӣ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон симои ноҳияи Рӯшон ҳам сол ба сол тағйир меёбад. Авҷи бунёдкориву ободонӣ дар маркази ноҳия бармало ба мушоҳида расида, қомат афрохтани иншооти тарҳи муосир ҳусни шаҳраки Вомарро торафт зеботар мегардонад.
Гулмаст Дӯстализода, муовини якуми раиси ноҳияи Рӯшон, иброз дошт, ки аз давраи Паёми гузаштаи Президенти ҷумҳурӣ ба  Маҷлиси Олӣ то Паёми қарибулвуқӯъ дар деҳоти ноҳия як қатор пешравиҳои назаррас рӯи кор омаданд. Бахусус, дар самти сохтмони инфрасохтори наву замонавӣ, таъмини зиндагии шоиста барои сокинони ноҳия, рушди деҳот ва афзалият бахшидани бахши хусусӣ натиҷаҳои умедворкунанда ба даст омаданд.   
Сафари навбатии Пешвои миллат ба ноҳияи Рӯшон рӯйдоди муҳими сол ба ҳисоб меравад, ки дар ҷараёни он дар ин ҷо чанд иншооти аҳамияти иқтисодиву иҷтимоидошта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Пешвои миллат дар вазъияти тантанавӣ майдони Парчами давлатӣ, биноҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ба номи Отамбек Илчибеков барои 640 ҷойи нишаст, филиали рақами 71-и Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк”, маркази логистикии Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва майдончаи муосири варзиш дар деҳаи Барзудро ба истифода доданд.
Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорон, ки дар Паём махсус таъкид гардид, чанд иншооти муосири хизматрасонӣ бо шароити хуб  ва ҷойҳои нави кор ифтитоҳ ёфт. Ҳоло аз тарафи соҳибкорон сохтмони 36 иншоот ба нақша гирифта шуда, чанде аз он имрӯзҳо ба аҳолии ноҳия хизмат мерасонад.
Соли равон бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ дар Ҷамоати деҳоти Баррӯшон коргоҳи коркарди тут бо арзиши 90 ҳазор сомонӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар як моҳ то 300 қуттӣ маҳсулоти тару тоза истеҳсол мекунад. Ҳамчунин, дар ин деҳот мағозаи сеошёнаи маҳсулоти омехта,  дар шаҳраки Вомар ду маркази савдо, мағоза, меҳмонхона барои 20 ҷой, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва дар деҳаи Баррӯшон бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ маркази хизматрасонӣ дари худро ба рӯи мизоҷон боз намуданд. 
Ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо шарикони рушд тавсеа ёфта, дар ин замина барномаҳои зиёд, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғдорӣ нигаронда шудаанд, амалӣ гардиданд. Дар доираи ин ҳамкорӣ бо Барномаи ҷонибдории инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистон корҳои сохтмонӣ дар канали обгузари деҳаи Рошорв ва ҷӯйбори деҳаи Ғудара анҷом ёфтанд. Бо кумаки барномаи  мазкур айни ҳол сохтмони хатҳои оби нӯшоии деҳаҳои Басид  ба  масофаи 2  километр бо 25 нуқтаи обгузар,  Дашт ва  Баҷув 1,5 километр бо арзиши  399,6 ҳазор сомонӣ идома дорад.
Бо дастгирии ташкилоти ЮСАИД ва ташаббуси ҷавонони маҳаллаи Индарҷази деҳаи Дерзуд хати оби нӯшоии Лангар – Дерзуд ба масофаи 7,5 километр бо насби 50 нуқтаи обгузар ба маблағи 520 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, дар деҳаҳои Шуҷанд ва Барзуд майдончаҳои замонавии варзишӣ сохта шуда, дар деҳаи Дерзуд ҷангалзори нав бунёд гардид.
Инчунин, дар ин давра дар деҳаи Баррӯшон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7, ки барои 640 хонанда  пешбинӣ шудааст ва бинои шуъбаи маориф дар маркази ноҳия ифтитоҳ гардиданд. 
Бо мақсади иҷрои банди 24-и Паём ҷиҳати бунёди иқтидорҳо ва шабакаҳои нави барқӣ дар деҳаи Рошорви Ҷамоати деҳоти Бартанг бо маблағгузории ширкати “Помирэнерҷи” НБО “Хатфат” бо тавоноии 450 киловатт - соат мавриди истифода қарор гирифт.
Баҳри амалӣ намудани супориши Роҳбари давлат дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ ва тавсеа бахшидани майдони киштзор корҳои муайян анҷом ёфтанд. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 43404 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс бо соли  гузашта 2255 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 37 дарсад ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. Деҳқонони ноҳия самаранок кор карда, 7379 сентнер ғалла, 25890  сентнер картошка, 11680  сентнер сабзавот, 3773 сентнер мева ва 75060  сентнер хӯроки чорворо ба даст оварданд. Алҳол дар деҳаи Спонҷ азхудкунии заминҳои нав дар масоҳати 26 гектар ва Рошорв 30 гектар идома дорад.
Гулмаст Дӯстализода бо хушнудӣ аз авҷи корҳои созандагиву бунёдкорӣ зикр намуд, ки ба хотири сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сохтмони биноҳои идораи комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи ҳифзи муҳити зист, нотариус, муассисаи таълимии рақами 25, озмоишгоҳ барои санҷиши масолеҳи сохтмонӣ дар ҳудуди муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия, варзишгоҳ барои 8 ҳазор нафар тамошобин, роҳи мошингарди Рамадон-Равшарв ва пули деҳаи Баррӯшон идома дорад.      
Дар доираи эълони солҳои 2019-2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия эҳёи ҳунарҳои халқӣ ривоҷ ёфта, сокинони лаёқатманд ба палосбофӣ, ҷуроббофӣ, муҳрабофӣ, созтарошӣ, омодакунии олоти киштукор, маҳсулоти оҳангарӣ шуғл варзида, дар ғанигардонии буҷети оилавиашон саҳмгузорӣ мекунанд. Ҳоло дар деҳаи Нисур палосбофӣ рушд карда, дар деҳаи Басид коргоҳи ҷуроббофӣ ва коркарди пашм фаъолият мекунад. Дар деҳаҳои Пастхуф, Хуф, Дерзуд, Барзуд, Баррӯшон косибон ба тайёркунии асбобу олоти оҳангарӣ шуғл доранд. Муҳрабофӣ ва тоқидӯзӣ низ қариб дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот мисли пештара мавқеи хосса доранд. Айни замон дар ноҳия 3 коргоҳ ва 5 нуқтаи дӯзандагӣ фаъоланд, ки бештари маҳсулоти онҳо либоси миллӣ мебошад.
Дар ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат ёфта, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо неруи созанда ва андешаи ватанпарварона кор карда, дар ободии деҳоти худ ва кишвари маҳбубамон саҳми арзандаи худро мегузорем, - изҳор дошт Гулмаст Дӯстализода.

Раҳмони  ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2020    №: 249    Мутолиа карданд: 254
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед