logo

иҷтимоиёт

ҶАВОНОН ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲИ ҲАМЕШАГИАНД

Дар тамоми давру замонҳо ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа эътироф мегарданд, зеро оянда ва шукуфоии ҳар миллату давлат аз онҳо вобаста аст. Аз ин рӯст, ки дастгирии ҷавонон дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати кишвар қарор дорад. Бо дар назар гирифтани ин маънӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд: “Роҳбарияти давлате, ки бештар аз ҳафтод дарсади аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳад, танҳо дар сурате соҳибнуфуз мешавад ва кораш пеш хоҳад рафт, ки ин неруи бузургу солим аз сиёсати он пуштибонӣ кунад”.
Чуноне ҳамагон шоҳидем, аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ҷавонон аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдоранд  ва ба шарофати иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат барои донишандӯзӣ ва фаъолияти насли ояндасоз тамоми шароитҳои мусоид фароҳам омадаанд. Бавижа, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои боло рафтани сатҳи дониши ҷавонон ва соҳибкасб шудани онҳо тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.  Туфайли ин ташаббусҳои маорифпарварона, имрӯзҳо ҷавонон на танҳо дар муассисаҳои таълимии олии кишвар, балки  хориҷӣ низ таҳсил намуда, илмҳои ҳозиразамонро аз бар менамоянд. 
Қобили зикр аст, ки барои боз ҳам боло бурдани обрӯву нуфузи ин қишри ҷомеа, бо пешниҳоди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 - Соли ҷавонон эълон гардид ва чуноне таъкид шуд, ин ҳанӯз аввали кор аст. Ба ин манзур, Пешвои муаззами миллат зимни ироаи  Паём ба Маҷлиси Олӣ (22 декабри соли 2017) изҳор намуданд: “Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд”. 
Пас, дар ҷавоб ба ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти олии мамлакат мо – ҷавонон бояд барои аз худ кардани донишҳои муосир, дастовардҳои илм ва техникаю технологияи ҳозиразамон, инчунин, касбу ҳунар саъю талош намоем. Зеро фақат шахси соҳибмаърифат қодир аст, ки бо неру ва ташаббусҳои бунёдкорона дар рушду нумӯ ва пешрафту гулгулшукуфӣ, ҳамзамон, беш аз пеш боло рафтани нуфузи Ватани азизаш   дар арсаи байналмилалӣ саҳми боризу арзанда гузошта, парчамбардори сарзамини хеш бошад.

Ёқуб НОСИРОВ, ёвари ректори Донишгоҳи давлатии Данғара


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2020    №: 249    Мутолиа карданд: 96
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед