logo

иҷтимоиёт

ВАЗЪИ НОГУВОРИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ. РОҲИ ҲАЛЛЕ, КИ БОЯД АНДЕШЕМ

Пандемияи коронавирус соҳаи сайёҳиро, ки яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ба буҳрони шадид гирифтор намуд. Бо баста  шудани сарҳадҳо ва карантини сартосарӣ, вуруди сайёҳон пурра қатъ шуд, ки боиси аз фаъолият боз мондани ширкатҳои сайёҳӣ гардид.

Дар Тоҷикистон 224 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, паҳншавии вируси оламгир ба онҳо бетаъсир намонд.
- Барои муқовимат бо оқибатҳои пандемияи коронавирус ва рафъи онҳо дар назди кумита гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Таҳлилҳои гурӯҳ нишон доданд, ки ширкатҳои сайёҳӣ бинобар пандемияи COVID – 19 таназзулро аз сар мегузаронанд. Аксари ширкатҳои сайёҳӣ бо сабаби буҳрон ва басташавии сарҳадҳо муштариёнро аз даст доданд. Аз рӯи натиҷаҳои ин беморӣ ба ҳамаи самтҳои соҳаи сайёҳӣ дар кишвар таъсири манфӣ расонд, - иброз дошт Абдукарим Қурбонов, сардори котиботи Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Қайд кардан ба маврид аст, ки пеш аз пандемияи коронавирус вуруди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ чанд баробар афзуда, аз ҷумла ба Тоҷикистон аз Ӯзбекистон 853 ҳазору 634, Россия 212 ҳазору 62, Қирғизистон 116 ҳазору 277 сайёҳ омад.    
Ба фикри коршинос Фаридун Ҳамроев, пандемияи коронавирус, пеш аз ҳама, ба соҳаи сайёҳӣ зарари бештар расонда, барои расидан ба дараҷаи пеш аз COVID – 19 ду-се соли дигар лозим меояд. Ширкатҳои ватанӣ низ аз ин раванд истисно нестанд, зеро аксари онҳо дар вартаи муфлисшавӣ қарор доранд.
Боиси тазаккур аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин вазъи баамаломада ширкатҳои сайёҳиро аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ менамояд. Аз ҷумла, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии COVID – 19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои корхонаву ширкатҳои сайёҳӣ аз 1 апрел то 1 сентябри соли 2020 таътили андозӣ муайян шуд.
- Албатта, ҳоло ширкатҳои сайёҳӣ дар Тоҷикистон бар асари паҳншавии коронавирус дар вазъи ногувор қарор доранд, аммо дастгириҳои Ҳукумати кишвар, бахусус таътили андозӣ ва тамдид намудани муҳлати пардохти қарз, барои аз фаъолият боз намондани ин ширкатҳо мусоидат намуд, - мегӯяд Суҳроб Қурбонов, директори иҷроияи ширкати сайёҳии Бунёд - Тур.
Дар баробари ин, ба ақидаи коршинос Фаридун Ҳамроев дар давраи пандемияи  COVID–19 ва баста будани сарҳадҳо ширкатҳои сайёҳӣ барои муфлис нашудан метавонанд бо нархҳои дастрас сайёҳони дохилиро ҷалб намоянд, зеро ин барои аз буҳрони иқтисодӣ баровардани ширкатҳо каме бошад ҳам, кумак хоҳад расонд. 

Руқия ҚУРБОНОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2020    №: 249    Мутолиа карданд: 98
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед