logo

иҷтимоиёт

«МУСИҚИИ КАСБИИ МО ҶАҲОНӢ НЕСТ. ЧАРО?»

«Ҷумҳурият» аз 12.10.2020
Воқеан ҳам, муаллифи мақола, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон,  Холаҳмад Маҷидов, ки дар соҳа соҳибтаҷриба мебошад, дар нигоштаи худ масъалаҳои мубрамро мавриди андеша ва баҳс қарор додааст.
Муаллиф пур гардидани фазои иттилоотиро аз ҷониби ҳавасмандону худфаъолон ба миён гузошта, аз «беташаббусии масъулони соҳаи фарҳанг» изҳори нигаронӣ менамояд. Барои муаллифи мақола равшан аст, ки барои пешниҳоди чунин мавод на Вазорати фарҳанг, балки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳое, ки ба нашру пахши чунин маводҳои аудиоӣ – видеоӣ машғул мебошанд, масъуланд. Вазорат аз ҷониби худ ҳангоми баргузории ҳама гуна чорабиниҳои фарҳангӣ ин меъёрҳоро дар мадди назар мегирад. Албатта, дар ин самт камбудиҳо ҷой доранд ва баҳри ислоҳи онҳо саъю талоши дастҷамъона зарур мебошанд.
Нисбат ба эродҳои муаллиф оид ба мушкилоти таъмини муассисаҳо бо кадрҳои баландихтисоси соҳаи мусиқӣ ва сатҳи нокифояи тадриси саводи мусиқӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд зикр намуд, ки дар ҳақиқат ин проблема ҷой дорад ва Вазорати маориф ва илмро мебояд сари ислоҳи ин камбудиҳо чораҷӯӣ намояд. Вазорати фарҳанг омодааст ҷиҳати таъмини омӯзгорони ботаҷрибаи касбии соҳаи мусиқӣ бо ниҳодҳои марбута ҳамкориҳоро ба роҳ монад.
Тарбияи навозандагони асил ё худ виртуозҳо, воқеан ҳам, муҳим мебошад. Айни замон дар вазорат ду гурӯҳи виртуозҳо фаъолият менамоянд, ки дар барномаҳои фарҳангии сатҳи ҳукуматӣ ва байналмилалӣ истифода мегарданд. Ин гурӯҳҳо чанд маротиба тавассути Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» ба хориҷи кишвар сафарҳои ҳунарӣ доштанд.
Дар ҳақиқат, имрӯз тавре муаллифи мақола зикр менамояд бояд ба тарбияи ҳунармандони асил таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад. Зеро маҳз тарбияи композиторон, сарояндагон ва навозандагони сатҳи ҷаҳонӣ метавонад фарҳангу ҳунари моро ба оламиён муаррифӣ намояд. Вазорат дар ин ҷода бо Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, ки рисолаташ дарёфту рӯи саҳна овардани чеҳраҳои тоза мебошад,  пайваста ҳамкорӣ менамояд.
Ташкили лаборатория ё ташхисгоҳи мусиқӣ баҳри равнақу ривоҷи санъати асил созгор мебошад. Вазорат дар ин самт якҷоя бо ниҳодҳои худ чораҷӯӣ намуда истодааст ва мавриди зикр аст, ки дар амалӣ гардидани ин амали хайр набояд мутахассисони собиқадори соҳа худро дар канор гиранд.
Хушбахтона, тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи санъату ҳунари касбӣ таҳаввулоти азим ба вуқӯъ омаданд. Таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарбияи мутахассисони касбӣ такони ҷиддӣ бахшид. Айни замон дар оркестри симфонӣ беш аз 100 нафар мутриби сатҳи гуногун фаъолият намуда, ҳамзамон, аз устодон таҷриба меомӯзанд.
Соли  дуюм  аст, ки бо васояти  Пешвои муаззами миллат дар миқёси кишвар озмуни «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегардад ва ҳамагон шоҳидем, ки то чӣ андоза самараҳои нек баҳри дарёфти истеъдодҳои тоза, ҷалби онҳо ба муассисаҳои касбии мусиқӣ ва тарбияи минбаъдаи онҳо ба бор оварда истодааст.
Мусаллам аст, ки тарбияи мутахассиси касбӣ кори якрӯзаву дурӯза нест ва заҳмату талошҳои пайвастаро талаб менамояд. Вазорат дар ин ҷода якҷоя бо ниҳодҳои тобеи худ пайваста тадбирҷӯӣ мекунад. Вале мебояд хотирнишон намуд, ки ҳаллу фасли ин масъалаҳо дар аксари мавридҳо аз иштироки вазорату идораҳои марбута вобаста мебошад ва танҳо дар ин маврид мо метавонем ба дастовардҳо ноил гардем.

О. НАЗАРИЁН, муовини аввали вазири фарҳанг
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2020    №: 249    Мутолиа карданд: 258
11.06.2021


СУҒД. НАПАРДОХТАНИ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАИ ОБ МУШКИЛИ ҲАЛТАЛАБ БОҚӢ МЕМОНАД

08.06.2021


ҲИСОР. Муовини Сарвазир аз иншооти ҷашнӣ дидан кард

КИТОБХОНАҲОИ ХУРДИ САЙЁР ТАҶРИБАИ НАВ ДАР РОҲИ ДОНИШАНДӮЗӢ

САЙЁҲӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ РУШД МИЁНИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ИҶТИМОИЁТ. НИЁЗМАНДОН ҲАМЕША МАВРИДИ ТАВАҶҶУҲАНД

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. УФУҚҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД

«ҶУМҲУРИЯТ» ДАР КОБУЛ. СИПОСИ ЛАШКАРӢ БА РӮЗНОМАИ № 1- И ТОҶИКИСТОН

04.06.2021


ФУТЗАЛ

Путин бори дигар шаҳрвандонро ба эмгузаронӣ даъват намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10 ДОВТАЛАБИ БЕҲТАРИН

03.06.2021


ВКХ Чин: «Муносиботи Чин бо Россия дар сатҳи олӣ қарор дорад»

КИТОБИ КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» БА ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ НАШР ШУД

МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ НАЗДИКИ 50 ВОХӮРӢ АНҶОМ ДОД

02.06.2021


Лавров: «Россия ба иқдомҳои муғризонаи ИА аксуламал нишон медиҳад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАНҒАРА. ҲАДАФ: ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ КӮДАКОН

26.05.2021


ЁДБУДИ НАФАСБЕК РАҲМОНӢ

28 май Путин бо Лукашенко вомехӯрад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС

ШУНАВАНДАГОНИ КУРСИ “ЗАН - САРВАР” - И ВМКБ СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМА ГАРДИДАНД

25.05.2021


Р А Ш Т. ЁРӢ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

21.05.2021


"ШАБЕ ДАР ОСОРХОНА"-И МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

19.05.2021


ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ВЛАДИМИР МАКЕЙ

ДАСТРАСӢ БА ИТТИЛООТИ СУДӢ. ҚАБУЛИ ЛОИҲАИ ҚОНУНЕ, КИ МАҚОМОТИ СУДИРО БА ВАО НАЗДИК МЕСОЗАД

ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ РОССИЯ ВЛАДИМИР ПУТИН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. ҲАЙАТИ ТИМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН ШУД

18.05.2021


ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД БАРГУЗОР МЕШАВАД

ХОВАЛИНГ. ИШТИРОКИ 780 ПАҲЛАВОН ДАР ГӮШТИИ ҶУМҲУРИЯВӢ

ВАРЗИШИ САБУК

ӮЗБЕКИСТОН 10 ИФРОТГАРОРО МЕҶӮЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед